Ҳолати ғарқшавӣ афзудааст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 28 июл, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 935
Ҷамшед Маҳмадзода, сардори Раёсати ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон дар нишасти матбуотии хеш ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки ҳолати ғарқшавии сокинон ба таври фоҷиавӣ афзудааст.
Дар шаш моҳи соли равон дар ҳудуди вилоят 34 ҳолати ғарқшавии сокинон ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 ҳолат зиёд мебошад.
-Сабаби асосии ғарқшавии сокинон набудани ҳавзҳои шиноварӣ дар ҳудуди шаҳру навоҳии вилоят ба ҳисоб меравад. Имрӯз гармии бесобиқаи ҳаво дар вилояти Хатлон дида мешавад. Дар ҳолати набудани ҳавзҳои шиноварӣ, ин бевосита метавонад ба ғарқшавии сокинон оварда расонад, - иброз дошт Ҷ. Маҳмадзода.
Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки то имрӯз аз 34 нафаре, ки дар дарёҳои шаҳру навоҳии вилоят ғарқ шуданд, ҷасади 4 нафари онҳо то ҳол пайдо нагардидааст.
Дастаи зудамали Раёсати ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон бо ҳамбастагӣ бо неруҳои ғайриҳарбии ҷамоати деҳоту шаҳрак дар кофтукови ҷасадҳо ҳастанд.
Ҷ. ҚИЁМИДДИН, “Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00