Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » 1,5 миллиард доллар ба вилоят ворид шудааст


1,5 миллиард доллар ба вилоят ворид шудааст




Сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар нишасти хабарӣ ба намояндагони ВАО иттилоъ дод, ки дар шаш моҳи сипаришуда 41 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ бо маблағи 703,6 миллион доллари ИМА барои рушди соҳибкорӣ татбиқ карда шудааст.

То ба имрӯз аз 30 давлати хориҷа ба вилоят 1,5 миллиард доллари ИМА сармояи хориҷӣ ворид гардидааст. Дар 6 моҳи сипаришуда 4 маротиба форуму вохӯриҳо бо соҳибкорон баргузор гардида, 17 созишномаи корӣ бо маблағи 13,2 миллион доллар ба имзо расонида шудааст. Дар давоми шашмоҳа 267 иншоот сохта, 1575 ҷойи корӣ ташкил карда шудааст.

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоқикистон аз 2 ноябри соли 2011 таҳти № 537 “Дар бораи тасдиқи тартиби ба иҷора супоридани амволи давлатӣ” дар вилоят 365 шартномаи иҷрои амволи давлатӣ ба маблағи 1200,4 ҳазор сомонӣ баста, аз ин ҳисоб ба буҷаи мақомотҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят 500,9 ҳазор сомонӣ ворид шудааст.

Н. САИДАБРОР, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода