Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Дар рейтинги мток донишгоҳи давлатии кӯлоб 5 зина боло рафт


Дар рейтинги мток донишгоҳи давлатии кӯлоб 5 зина боло рафт



Дар нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек оид ба фаъолияти муассиса дар шашмоҳаи аввали соли 2022 маълумот дод.

Яке аз фараҳбахштарин дастоварди илмии донишгоҳ дар соли равон ин ворид шудани маҷаллаи илмии «Паёми Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ» ба Феҳристи маҷаллаҳои (нашрияҳои) илмии тақризшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки Раёсати Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бора аз 26 майи соли 2022, таҳти №5 қарор қабул намудааст.

Ҳамчунин, боиси хушҳолии аҳли коллектив аст, ки Шӯрои диссертатсионии донишгоҳ (6DКОА.002) аз рӯйи 2 равия (педагогика ва психология) ва 3 ихтисос ба фаъолият оғоз намуда, аллакай рисолаҳои илмии 4 нафар довталабони дараҷаҳои илмӣ (3 нафар омӯзгорони донишгоҳ ва 1 нафар беруна)-ро муҳокима ва барои ҳимоя иҷозат додааст. Ректори донишгоҳ бо таъкид ба захираҳои кадрӣ, чун сарвати арзишманди донишгоҳ қайд намуд, ки дар ин муассисаи олии таълимӣ иқтидори бузурги кадрии соҳаи маорифи кишвар кору фаъолият менамояд.

Дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм баҳогузорӣ карда мешавад, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ нисбат ба солҳои гузашта 5 зина боло, аз мақоми 17-ум ба мақоми 12 –ум гузаронида шуд.

Ҷ. РУСТАМШОҲ, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода