Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Имсол ддб-ро 3589 нафар хатм карданд


Имсол ддб-ро 3589 нафар хатм карданд



Дар нишасти хабарӣ Сайфиддин Давлатзода, ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав, оид ба фаъолияти таълимӣ, илмӣ, тарбиявӣ, байналмилалӣ ва хоҷагидории донишгоҳ дар шаш моҳи соли 2022 маълумот дод.

Ба рӯзноманигорон иттилоъ дод шуд, ки имсол донишгоҳро 3589 нафар, аз ҷумла 39 нафар бо дипломи аъло хатм карданд. Ба гуфтаи Сайфиддин Давлатзода, сифати таълим имсол назар ба солҳои қаблӣ беҳтар гаштааст. Ҳамин аст, ки донишгоҳ дар қатори 10-гонаи беҳтарин муассисаҳои олии кишвар дар ҷойи 9-ум қарор дорад. Аз гуфтаи ректор бармеояд, ки имсол назар ба соли гузашта шумораи магистрантҳову аспирантҳо ва доктор PhD кам мебошад.

Агар дар соли хониши 2020-2021 шумораи магистрантҳо ба 739 нафар, аспирант 14 нафар, ихтисоси доктор PhD 52 нафар буд, имсол ин шумора поён рафтааст. Яъне соли 2021-2022-юм 524 нафар магистр, 6 нафар аспирант, 46 нафар аз рӯйи ихтисоси доктор PhD ба таълиму тадрис ҷалб гардиданд.

Қобили зикр аст, ки 479 нафар донишҷӯён дар донишгоҳ тариқи квотаи президентӣ таҳсил мекунанд, ки аз ин шумора 316 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Яке аз имтиёзҳои наҷибе, ки садорати донишгоҳ дар соли таҳсили 2022-2023 ба нақша гирифтааст, ин 10% баланд бардоштани маоши омӯзгорон мебошад.


С. Давлатзода ба рӯзноманигорон гуфт, ки дар оянда дар назар аст, ки бинои нави хобгоҳи 7-ошёна барои донишҷӯён, бинои 9-ошёнаи хонаи истиқоматӣ барои кормандон сохта ба истифода дода мешавад. Айни замон сохтмони китобхона ва маркази компютерӣ барои беш аз 300 ҷой барои қироат, 250 компютер, маркази тестӣ, технопарк, китобхонаи электронӣ ва анъанавӣ бо 500 000 нусха идома дорад. Тибқи ваъдаи ректор, бино бояд то соли хониши имсола мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад.

Н. Саидаброр, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода