Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Қадрдонии бесобиқаи омӯзгорон дар Ҷайҳун


Қадрдонии бесобиқаи омӯзгорон дар Ҷайҳун



Дар ноҳияи Ҷайҳун дар рӯзи таҷлил аз 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ омӯзгорони фаъоли муассисаҳои таълимӣ қадрдонӣ шуданд. 

Алишер Каримов, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Ҷайҳун, зимни тасдиқи ин хабар ба рӯзномаи “Хатлон” гуфт, аз рӯйи чор номинатсия - “Роҳбари синфи беҳтарин”, “Директори беҳтарин”, “Беҳтарин омӯзгори омодагии дифои ҳарбӣ” ва “Беҳтарин омӯзгори фанҳои дақиқ” омӯзгорон қадрдонӣ шудаанд. Омӯзгорони фаъол бо Ифтихорнома ва мукофотпулӣ қадр карда шудаанд. Чор омӯзгор сазовори ҷойи аввал ва ҳар яке ба қадри 7 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ, чор омӯзгори ҷойи дувум бо мукофотпулӣ ба андозаи 5 ҳазор сомонӣ ва 4 омӯзгор сазовори ҷойи сеюм ва ҳар яке бо мукофотпулӣ ба андозаи 3 ҳазор сомонӣ қадршиносӣ гардиданд. Дар чунин сатҳ қадрдонии омӯзгорон то ҳанӯз дар ноҳияи Ҷайҳун собиқа надошт.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода