Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Тадриси ғайрирасмии динӣ манъ аст


Тадриси ғайрирасмии динӣ манъ аст



Таҳти сарварӣ ва ғамхориҳои падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои наврасону ҷавонон садҳо муассисаҳои таълимии умумии ҳозиразамон сохта шудаанд, ки дар онҳо насли наврас таҳсили илм мекунанд.

Донишгоҳу донишкадаҳо фаъолият доранд, ки ҷавонон баъди хатми онҳо ҳамчун муҳосибу муҳандис, омӯзгору табиб дар соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ фаъолият мекунанд. Ҳамчунин, донишкадаи исломӣ низ дари кушода дорад, ки ҷавонон бо хоҳиши худ дар он таҳсили илм доранд ва ба онҳо олимони исломшинос таълим медиҳанд. Вале дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тадриси ғайрирасмии динӣ манъ аст.

Нисбати ашхосе, ки беиҷозат ба таълими илми динӣ машғул мешаванд, мувофиқи қонун ҷазои маъмурӣ таъин карда мешавад. Сокини Ҷамоати деҳоти “Қадриддин Ғиёсов”-и ноҳияи А. Ҷомӣ Муродов Насимхон, соли таваллудаш 1984 дар манзили истиқоматиаш ба 7 нафар толибилмони муассисаи таълимии миёнаи умумӣ давоми 2 сол ба таълими илми динӣ беиҷозат машғул будааст. Кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия ин ҳолатро ошкор намуданд.

Аз тарафи ҳамин мақомот муайян карда шуд, ки шаҳрванд Азимова Дилором, соли таваллудаш соли 1983 дар манзили истиқоматиаш - деҳаи Бадриддини Ҳилолӣ, Ҷамоати “Дӯстӣ” беиҷозат ба толибилмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ таълими илми динӣ медиҳад. Маълум шуд, ки ин шахсон ҳамагӣ таҳсилоти миёнаи умумӣ доранду халос. Ҳарду ба кори ҷамъиятӣ машғул нестанд ва умуман дар ягон ҷой кору фаъолият намекунанд.

Гуфта мешавад, дар муддате, ки онҳо ғайриқонунӣ ба таълимоти толибилмон машғул шудаанд, магар кормандони ҷамоатҳо, омӯзгорон ва сокинони деҳа ин ҳолатро надидаанд, ки пеши роҳи онҳоро гиранд? Шояд дида бошанд, вале чашм пӯшидаанд.

Суди ноҳия парвандаҳои ҳуқуқвайронкунӣ нисбати Н. Муродов ва Д. Азимоваро баррасӣ намуда, бо моддаи 274 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тадриси илми динӣ бе иҷозат ба ҳар кадомаш ба андозаи ҳафт нишондиҳанда барои ҳисоботҳо ҷарима таъин намуд, ки 448 сомониро ташкил медиҳад. Ҷавонон агар хоҳиши гирифтани илми динӣ дошта бошанд, баъди хатми муассисаи таълимӣ метавонанд дар донишкадаи исломӣ таҳсил кунанд. Ба ашхосе, ки саводи кофии динӣ надоранду наврасону ҷавононро бе иҷозат таълим медиҳанд, фаҳмонида мешавад, ки аз ин роҳ даст кашанд.

Дар сурати такрори ин ҷиноят, қонун нисбати онҳо ҷазои вазнинтарро низ пешбинӣ кардааст. Масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ҳифзи ҳуқуқ, ҷамоатҳо, омӯзгорон, собиқадорон ва аҳли ҷомеа бояд дар якҷоягӣ пеши тадриси илми динии бе иҷозатро гиранд.

Далер Зуҳурзода, раиси Суди ноҳияи А. Ҷомӣ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода