ПАРВАРИШИ ГӮСФАНДИ ЗОТИ ТОҶИКӢ ДАР ХУРОСОН
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 16 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Иқтисоду тиҷорат, Боздид 2 267Бо мақсади рушди самтҳои афзалиятноки соҳаи чорводорӣ ва ба ин васила паст фаровардани нарху навои маҳсулоти гӯшту ширӣ ва таъмини аҳолии мамлакат бо равғани хушсифат, хоҷагиҳои чорводории ноҳияи Хуросон ба парвариши чорвои хурди хушзот таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Баъди гузаштан ба шаклҳои нави хоҷагидорӣ дар заминаи имкониятҳои фаровони табиӣ ва дашту пуштаҳои паҳновари қаламрави ноҳия даҳҳо хоҷагиҳои хурду бузурги чорвопарварӣ таъсис ёфтаанд.
Тибқи маълумоти масъулони шуъбаи кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон, айни замон дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ноҳия саршумори чорвои хурд ба 87 ҳазору 925 сар мерасад. Аз ҷумла, дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ зиёда аз 9 ҳазору 620 сар ва дар хоҷагиҳои алоҳида ва аҳолӣ бошад, 78 ҳазору 305 сар гӯсфанди хушзот парвариш меёбанд.
Абдулмаҷид Набиев, сартмутахассиси шуъбаи кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон, иброз медорад, ки дар ҳудуди ноҳия якчанд хоҷагиҳои чорводорӣ ба парвариши гӯсфандони зоти тоҷикӣ машғуланд. Аз ҷумла, дар Муассисаи давлатии минтақавии ҳайвоноти зотии ноҳияи Хуросон 480 сар гӯсфанди зоти тоҷикӣ парвариш карда мешавад. Мутахассисон бо назардошти афзалиятноки парвариши гӯсфанди зоти тоҷикӣ мақсад гузоштаанд, ки дар заминаи муассисаи мазкур саршумори ин навъи чорвои хурдро дучанд зиёд намоянд.
Ба гуфтаи манбаъ, дар баробари таваҷҷуҳи зотпарварон ба рушди соҳа, бозоргузар будани пашми гӯсфанд аз масъалаҳои мубрами соҳа боқӣ мемонад. Ин дар ҳолест, ки танҳо дар ноҳияи Хуросон соле аз ҳар сар чорвои хурд то 3,5 кг пашми нимдурушт истеҳсол мешавад. Аммо аз сабаби мавҷуд набудани корхонаҳои коркарди пашм садҳо тонна аз ин масулоти хом несту нобуд карда мешавад. Дар ҳоле, ки дар дигар кишварҳои олам пашми гӯсфанд ҳамчун маҳсулоти хом дар саноати қолинбофӣ арзиши баланд дорад. Мутаассифона, то ҳоло соҳибкорони ватанӣ ҷиҳати бунёди саноати қолинбофӣ ва ё содироти пашм ба хориҷи кишвар иқдом накардаанд.
Ҷамолиддин Сайфиддин,
«Хатлон»
ПРЕЗИДЕНТ
-
-
Мактаби бузурги сулҳофарии Пешвои миллат
-
Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон