Ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ дар Кӯлоб
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 16 июн, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 739
«Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини амнияти миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шароити тағйирпазирии ҷаҳон» - таҳти чунин унвон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ доир гардид, ки дар он олимон, коршиносони масоили сиёсӣ ва устодону донишҷӯён иштирок намуданд.
Дар ҳамоиш зикр шуд, ки яке аз дастовардҳои бузурги Пешвои миллат дар радифи барқарорсозии сулҳу субот ва ваҳдат дар кишвар, таҳкими равобити байналмилалӣ ва муносибатҳои дӯстона ва ҳамкорӣ бо ҳамсояҳои наздик - кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчунин, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Осиёи Ҷанубӣ, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Шарқи Наздик, Амрико, Аврупо ва Африқо мебошад.
Дар ҳамоиш профессорон Абдураҳмон Муҳаммад ва Махфират Хидирзода дар мавзуъҳои «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини амнияти миллӣ», «Моделҳои муосири идоракунии сиёсӣ ва истифодаи онҳо дар таҷрибаи давлатдории Пешвои миллат» ва дигар иштирокдорони конфронс доир ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, самтгирии геополитикии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шароити тағйирпазирии ҷаҳон ва дигар мавзуоти мавриди назар маърӯза намуданд.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...