Барномаи вилоятии рушди ғизои мактабӣ барои то соли 2027 қабул шуд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 16 июн, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 869
Бо мақсади амалигардонии механизмҳои самараноки таъмини амнияти озуқаворӣ, муҳайё намудани шароити мусоид барои нигоҳдорӣ ва беҳтар намудани саломатии аҳолӣ, такмили натиҷаҳои таълимии хонандагон бо роҳи рушди устувори ғизои мактабӣ дар вилояти Хатлон, ҳифзи иҷтимоӣ ва беҳтар намудани иштироки хонандагон дар раванди таҳсилот Барномаи вилоятии рушди ғизои мактабӣ барои солҳои 2022-2027 таҳия ва дар асоси он нақшаи чорабиниҳои амалисозии он тасдиқ карда шудааст.
Гуфта мешавад, ки амалисозии лоиҳаи рушди ғизои мактабӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд имкон медиҳад, ки барои таҳлили равандҳои ташкили ғизои мактабӣ, аз ҷумла барқарорсозии инфрасохтор ва аз нав таҷҳизонидани қисмҳои ғизоии муассисаҳои таълимӣ, муҳайё кардани нонпазхонаҳои байнимактабӣ, сохтмони гармхонаҳои наздимактабӣ, ташкили курсҳои такмили ихтисоси ошпазҳо ва директорони муассисаҳои таълимӣ замина гузошта шавад.
http://khatlon-ruznoma.tj/