Афзалият ва дурнамо дар соҳаи саноат
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 16 июн, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 962
Саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ бо мақсади ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ эълон гардид. Вобаста ба ҳамин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми худ қайд намуд, ки то соли 2030 ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 22 фоиз расонида шавад.
Ҳалли ин масъаларо дар тақвият додани фаъолияти сармоягузории корхонаҳои саноатӣ, бо дарназардошти идоракунии хавфу хатарҳои он дидан мумкин аст. Чунки сатҳи рушди саноат инъикоси камолоти низоми иҷтимоию иқтисодии кишвар мебошад. Аз нигоҳи иқтисодӣ, кишваре, ки соҳаи рушдёфтаи саноатӣ надорад ё сатҳи пасти тараққиёти саноатӣ аст, истеъмолкунандаи ашёи хоми бештари кишварҳои саноатӣ мебошад. Аз нуқтаи назари иҷтимоӣ бошад, ин кишвар бо бартарии камбизоатӣ ва сатҳи пасти рушди сармояи инсонӣ, ақибмондагии бисёр бахшҳои соҳаи иҷтимоӣ: маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ғайра бо сабаби камчинии буҷет мебошад.
Кам шудани сатҳи бекорӣ дар вилоят яке аз омилҳои ҳавасмандӣ ва ҷалби сармоягузорӣ дар тамоми соҳаҳои хаҷагии халқи вилоят, аз ҷумла соҳаи саноат мебошад. Дар шароити муосири инкишофи муносибатҳои иҷтимоӣиқтисодӣ ва ҷаҳонишавӣ фаъолияти корхонаҳои саноатӣ бо номуайянии вазъи бозор, ноустувории тақозо ба моли истеҳсолшаванда, рақобати шадиди миёни истеҳсолкунандагон, норасоии захираҳои молиявӣ ва ғайраҳо алоқаманд мебошад.
Машғул шудани аҳолӣ дар соҳаи саноат нисбат ба дигар соҳаҳо, аз ҷумла кишоварзӣ, нақлиёт, маориф ва тандурустӣ самарноктар буда, даромади аҳолӣ дар он хубтар мебошад. Дар иртибот ба ҳамин омилҳо пешниҳод менамоем, ки барои таъмин намудани аҳолӣ ба ҷойи кори доимӣ ва фоидаовар, инчунин баланд бардоштани маҳсулнокии меҳнат зарур аст, ба ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳаҷми сармоягузориҳо, ки боиси инкишофи маҳсулоти саноатӣ ва кам шудани хавфу хатарҳои иҷтимоӣ дар корхонаҳои саноатӣ хоҳад шуд, зиёд карда шавад. Ҳамин тариқ метавон гуфт, ки баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ маҳз ба рушди соҳаи саноат вобастагӣ муҳим ва калон дорад.
Ганҷина Зубайдуллоева,
номзади илмҳои иқтисодӣ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...