Нонро камтар истеъмол кунем
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 16 июн, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳунарҳои мардумӣ / Хабарҳо, Боздид 1 587
Нон муҳимтарин ғизо барои инсон маҳсуб мешавад. Мо мардуми тоҷик ҳаётамонро бидуни нон тасаввур карда наметавонем. Аз ин рӯ, нон бебаҳотарин сарвати ҳаёти моддии инсон аст ва қадру манзалати он дар радифи сарватҳои муқаддаси маънавӣ қарор дорад.
Фаровонии нон ба қобилияти кордонӣ ва талошҳои мунтазами деҳқон вобаста аст. Маҳз бо фидокорӣ ва меҳнатқаринии он аз замин гандум мерӯяд. Одамон гандумро орд карда, нонҳои гарму лазиз мепазанд. Вале истеъмоли зиёди нон ба организми инсон зарар дорад.
Дар ҳақиқат, ҳар ғизо ё таом ҷиҳати хубу бад, мусбату манфӣ дорад. Ҳастанд кишварҳое мисли Чин, Куриё, Ҳиндустон, ки мардумашон нонро умуман истеъмол намекунанд. Дар ин кишварҳо аз орд дигар намуди ғизоҳои безарар ва ба организми инсон фоидабахш тайёр мекунанд. Онҳо бисёри хӯрокҳои аз орд бударо бирён накарда, балки ба об ҷӯшонида истеъмол мекунанд. Хӯрокхӯриашон низ аз меъёр зиёд нест ва аз ҳамин хотир ҳам бештар умр мебинанду камтар бемор мешаванд.
Орд дар кишвари мо яке аз маҳсулоти серистеъмол маҳсуб меёбад. Мардуми мо аз қадимулайём мутмаинанд, ки нон организмро қувват мебахшад. Мардуми мо ба ҷои дигар маводи ғизоӣ бештар орд мехаранд. Чун оилаҳои серфарзанд дорем, аз ҳама роҳи осони сер кардани шиками онҳоро меҷӯем, яъне нон. Ҳатто кӯдакони худро аз хурдсолӣ ба «нонхӯракҳо» табдил медиҳем. Вақте кӯдак чизи хӯрдание хоҳиш кунад, ба дасташ як пора нон медиҳем ва ба кӯча мефиристем, ки зиёд «дарди сар» нашавад.
Мардуми мо нонро зиёд истеъмол мекунанд ва бар ин одат кардаанд. Як нафар дар як вақт 100, 200 грамм, балки аз ним кило зиёд ва агар таом шакароб бошад, то ду кило нон мехӯрад. Ин ба саломатӣ зарари калон дорад. Ҳоло дар миқёси ҷумҳурӣ кам одамонро пайдо кардан мумкин аст, ки бемории панкреатит ва гастрит надошта бошанд. Ҳамчунин, кам нафаронеро метавон дарёфт, ки дар организмаш миқдори қанд баланд набошад ва ё маризии қанд надошта бошад. Ин ҳама аз хӯрдани зиёди нон мешавад. Дар таркиби нон витамин ва минералҳои фоиданок кам, крахмал зиёд аст. Ҳамзамон қанднокӣ ва каллорияи баланди нон, бахусус ноне, ки бо технологияи ҳозиразамони саноатӣ истеҳсол гардида, дар таркибаш дрожжи (хамиртуруш) истифода шудааст, одамро ба фарбеҳшавӣ ва дигар бемориҳо, гастрит, диабет ва ғайра мубтало мекунад.
Нони сафед
Диетологҳо нони сафедро гунаҳгори фарбеҳӣ мешуморанд: он аз орди маҳин тайёр карда мешавад, ки истеҳсоли он дараҷаи баланди тозакуниро аз пӯсти берунии дона дар назар дорад. Ин орд дорои глютен ва нахи андак аст, калорияаш баланд аст ва барои афроде, ки вазни изофӣ доранд, тавсия дода намешавад.
Диетолог Элвира Тер-Оганесянтс истифодаи нони сафедро барои одамони дорои фаъолияти ҷисмонӣ, варзишгарон, кормандони соҳаҳои вазнин тавсия медиҳад. Нони сафед барои онҳое, ки ба ҳар гуна бемориҳои рӯдаю меъда гирифторанд, ивазнашаванда аст, зеро он ба осонӣ ҳазм ва зуд ҷазб мешавад. Онро шабона хӯрдан мумкин нест, вагарна, афзоиши вазн кафолат дода мешавад. Шумо нони сафедро бо картошка нахӯред, диетологҳо ин омезишро хеле душвор меҳисобанд.
Табиби тоҷик Абуалӣ ибни Сино дар ҷое ба ҳайрат гуфтааст: «Ман намефаҳмам, инсоне, ки шир ва маҳсулоти ширӣ истеъмол мекунад, чаро мефавтад?». Яъне, агар одам ширу маҳсулоти ширӣ истеъмол кунад, ӯ бояд зиёда аз 150 сол умр бинад. Чунки бо хӯрдани ин маҳсулот ягон моддаи зарарнок ба организми инсон роҳ намеёбад. Аз ҳамин хотир, мо метавонем ба ҷои нон аз маҳсулотҳои ширӣ, ба мисоли панир, творог, фалла, меваю сабзавот бештар истеъмол кунем. Албатта, дар таркиби нон ҳам сафедаҳо ҳастанд, вале ангиштобҳо (углеводҳо) зиёданд ва метавон гуфт, ки инҳо худашон қанданд.
Сафедаи нон дар муқоиса бо шир чандон ба организми инсон мутобиқ нест. Панир, ки маҳсулоти ширист, дар организми инсон зуд ҳазм мешавад. На ба меъда, на ба рӯда душворие пеш намеорад. Бубинед, ки мо агар аз меъёр зиёд нон хӯрем, як рӯзи дароз нороҳат мешавем. Панир бошад, маҳсулоти парҳезӣ ҳисоб меёбад. Истеъмоли ҳаррӯзаи 150-200 грамми он одамро аз бисёр бемориҳо, ба монанди диабет, сил, фарбеҳшавӣ эмин нигоҳ медорад.
Таҳияи ГЕСУ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...