Москва, Машка, Читай - ҳар як ном таърихе дорад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 11 июн, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 1 019
Номи зебо ними ҳусн аст. Зеро ном ҳамқадами якумраи инсон мебошад. Аз ин рӯ, волидон кӯшиш мекунанд ба ҷигарбандон номҳое гузоранд, ки ҳам зебо бошаду ҳам такрорнашавандаю нодир ва фарзандон вақти ба камол pacидан аз номи худ шарм надоранд. Дар баробари ин, қисме аз номҳо боз таърихе дорад. Яъне, он ба ягон муносибат ва ё шаҳрҳои калони бародарӣ, ба хотири одамони машҳуру таърихӣ низ гузошта мешавад. Масалан дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ ба фарзандон гузоштани номҳои Мэлс (тарзи кутоҳшудаи Маркс, Энгeлc, Ленин, Сталин), Сталина, Индира, Марадона ва ғайра анъанае шуда буд. Чунин номгузориҳо дар мо низ вуҷуд дошт. Ашхоси номҳои "нодирдошта” бо он аз дигарон фарқ мекарданд. Дар замони ҳозира бoшад, ба фарзандон додани номҳои ноҳияҳои шаҳру алоҳидаи ҷумҳурӣ, низ ҷой дорад. Аз қабили Кулобӣ, Ҳисорӣ, Бадахшону Зарафшон.
Хонандаи азиз! Таърихи чанд номи нотакрору нодирро ба қалам медиҳем, ки донистани онҳо аҷибу гуворост.
Москваака
Солҳои ҳафтодум дар соҳаи пахтакорӣ ташкили бригадаҳои зарбдори комсомолӣ ба ҳукми анъана даромада буд. Чунин бригада дар хоҷагии «Гулистон»-и ноҳияи Колхозобод (Балхии ҳозира) низ таъсис ёфт. Дар бригада ҳосили пахта ба пуррагӣ бо мошинҳои пахтағундорӣ ҷамъ оварда мешуд. Сарварии онро ҷавоне ба уҳда дошт.
Ӯ ҳамзамон паси чамбараки «киштии кабуд» нишаста, худ пахта меғундошт. Ҳамон сол сарвари бригада бо мошини чорқатораи «Узбекистон» 300 тонна «тиллои сафед» ҷамъ оварда, дар саросари ҷумҳурӣ шуҳратёр гардид. Корнамоии қаҳрамони нави арсаи меҳнат диққати рӯзноманигоронро ба худ ҷалб намуд. Банда низ ҳангоми шиносоӣ бо сарвари бригадаи комсомолӣ ба тааҷҷуб мондам.
-Москва-ака! - сарварро ба ман муаррифӣ намуд инструктори ҷавони райкомкомсомол ва тааҷҷубамpo дида, дубора гуфтаи худро тасдиқ кард.
-Ҳайрон нашавед, Маскав номи аслиашон!
-Ҳамдеҳагонам маро Маскав-ака мегӯянд, хуҷҷатиаш бошад, Москва аст,-ҳамсуҳбатамро ислоҳ намуд сарвар.
Тааҷҷубам боз бештар шуд. Москва бо хоҳиши ман таърихи гирифтани номи қаҳрамоншаҳрро ба тафсил нақл кард.
...Ин воқеаи хотирмон солҳои сию чорум рух додааст. Дар маркази давлати абарқудрати СССР - шаҳри Москва слёт (анҷуман)-и аввалини умумииттифоқии фаъолазанони сохти колхозӣ доир гардид. Дар кори он аз ҷумҳурии мо низ чанд тан фаъолзанҳо вакил интихоб гардиданд. Дар байни вакилон аз водии навбунёди Вахш низ як нафар фаъолзан ширкат меварзад. Зани ҷавон, ки ҳомила будааст, номзадиашро рад менамояд.
Вале рӯйхати вакилон аллакай ба марказ фиристода шудаву иштироки вакилон ҳатмӣ буд.
-Дар толори маҷлисгоҳ таваллуд кунӣ ҳам, ба анҷуман меравӣ! - илоҷи дигареро надида, гуфтанд кормандони кумитаи комсомол. Ҳамин тавр зани ҳомила ба Москва меравад, вале дар кори слёт иштирок карда наметавонад. Вайро рӯзи аввали кории анҷуман дар зал дарди кӯдак мегирад... Ҳатто фурсати ба таваллудхона бурдани зан нашуда, дар утоқи истироҳатии вакилон таваллуд мекунад.
-Писарча муборак шавад! -занро табрик намуданд духтурони ба ёрӣ омада.
-Писарчаро чӣ ном мемонед,- бо ҳазл мепурсад дояи меҳрубон.
-Москва! -бе дудилагӣ ҷавоб медиҳад зан.
-Чаро Москва? -тааҷҷуб карданд духтурҳо.
-Охир ӯ дар Москва таваллуд шудааст - ку?!
-Орзу менамудам, ки пойтахти Ватани паҳноварро бинам. Насибpo бинед, ки ҳатто дар дили он таваллуд кардам,- бо ҳаяҷон мегӯяд зан...
Баъди анҷоми Анҷуман вакилони точикистонӣ ба диëр баргаштанд. Зан боз чанд рӯз дар беморхона шифо мегирад. Ӯ аз Москва барои оилааш Москваи хурдакаку зеборо туҳфа овард...
Москва - ака бо номи нодири худ ифтихор дошту дар маҳалли зисташ бо он шуҳрат ёфт.
(Идома дорад)
С. АТТОР, “Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...