Пирӯзӣ аз ваҳдат аст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 06 июн, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 772
Сокинони кишвар аз иттиҳоду ваҳдат, истиқлолият, ватандӯстӣ ва худшиносию худогоҳии миллӣ бо ифтихору сари баланд ва дили пурфараҳ сухан мегӯянд. Ҳамагон аз ҳаводиси гузашта ва вазъи имрӯзаи ҷаҳон огаҳӣ доранду панд гирифтаанд ва хуб медонанд, ки сулҳу амният, рӯзгори обод, хушбахтиву саодат ва пирӯзӣ аз ваҳдат аст.
Баъди музокироти тӯлонӣ, 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо шуд, ки имсол 25–умин солгарди онро сазовор ҷашн мегирем.
Боиси қайд аст, ки дар ин роҳ хидмати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки сулҳи тоҷикон ба вуқӯъ пайваст. Имрӯз ин намунаи беназири сулҳу ваҳдат ибрати ҷаҳониён аст. Баъди истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ бо мақсади расидан ба сатҳи баланди рушди иқтисодиёт ва таҳкими Ваҳдати миллӣ дар солҳои истиқлолият чандин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расиданд. Аз ҷумла, Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда буд, барои ба эътидол овардани вазъи иқтисодию иҷтимоӣ заминаи боэътимод гузошт. Дар солҳои баъдӣ дар тамоми соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ҳуқуқию сиёсӣ дастовардҳои назаррасро ноил шудем.
Иқдоми вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакатро вобаста ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат», ки аз иродаи мардуми шарафманди тоҷик ва дар заминаи арҷгузорӣ ба хидматҳои Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба миён омадааст, саҳифаи тозае дар таърихи давлатдории навини мо дар роҳи боз ҳам абадӣ гардонидани ғояи миллӣ-истиқлолхоҳӣ ва ваҳдати миллӣ маҳсуб меёбад. Қабули қонуни мазкур моҳиятан маънои эътироф ва арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихии фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани тамаддуни моддӣ ва маънавии миллати тоҷик, дар эъмори давлати миллии муосири ҳуқуқбунёди тоҷикон маънидод кардан мумкин аст.
Бояд зикр намуд, ки ҷиҳати тақвият бахшидани ислоҳоти судию ҳуқуқӣ тайи чанд соли охир дар низоми судҳои иқтисодии кишвар низ дигаргуниҳои зиёд ба вуқӯъ пайвастаанд. Мо-судяҳои суди иқтисодӣ ҷавобан ба таваҷҷуҳи давлат ва Пешвои миллат дар кори ҳаррӯзаамон кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки баҳри рушду устувории ҷомеа ва таҳкими давлатдориамон ҳиссагузор бошем.
Хусрав ҶАЛИЛЗОДА,
муовини раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...