ТАЪСИСИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 02 июн, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Хабарҳо, Боздид 1 117
Шаби 1 июн пас аз сӯхтор дар шаҳри Бохтар бо амри раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ситоди фаврӣ оид ба бартарафсозии оқибатҳои сӯхтор дар бозори "Фаровон" бо роҳбарии муовини раиси вилоят Акрам Сулаймонзода таъсис дода шуд. Дар ситоди мазкур муовини раиси вилояти Хатлон А.Қурбозода, раиси шаҳри Бохтар С.Саломзода, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аъзо мебошанд.
Қайд бояд кард, ки аз вақти сар задани сӯхтор дар бозори "Фаровон"-и шаҳри Бохтар Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода, масъулон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, наҷотдиҳандаҳои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилоят дар маҳалли рӯйдод қарор доштанд.
Алҳол комиссияи босалоҳият сабаби сар задани сӯхтор ва арзёбии ҳаҷми зарарро таҳқиқ доранд.
Аз шаҳрвандон даъват карда мешавад, ки ба хотири паҳн нагаштани маълумоти носаҳеҳ, иттилоъи санҷидашударо аз Хадамоти оташнишонии вилоят дастрас кунанд.
http://khatlon-ruznoma.tj/