Азиза бо як даст сӯзан ва бо дасти дигар мушт мезанад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 20 май, Бахш: Матлабҳои охирин / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо / Мусоҳибаи мо, Боздид 1 492
Ҷасорату матонат нишон додан дар муҳорибаҳои варзишии зӯрозмоии универсалӣ, маҳорати пухтупази таомҳои миллӣ ва шириниҳои гуногуну лазиз, офаридану дӯхтани нақшу нигор ва ороишоти милливу муосир дар дӯхти либосҳои тоҷикона ва илмомӯзиву фаъолӣ дар донишгоҳ Азизаро миёни ҳамсолону ҳамсабақон ва сокинони шаҳри Левакант соҳибэҳтиром гардонидааст. Азиза Файзова ҳанӯз ҷавон аст, вале дар мусобиқаҳои варзишӣ маҳорати баланд нишон медиҳад. Дар озмуну олимпиадаҳо иштироки фаъолона менамояд ва даҳҳо медалу диплому ифтихорномаҳо ба даст овардааст.
Ба қавли мақоли халқӣ - панҷ панҷаи Азиза ҳунар аст. Ӯ ҳанӯз дар синни 14-солагӣ ба унвони Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба зӯрозмоии универсалӣ мушарраф гардид. Азиза, феълан донишҷӯи соли сеюми ДДБ ба номи Носири Хусрав мебошад.
Азизаро дар шаҳри Левакант, тавре дар боло ишора рафт, хурду бузург мешиносанд. Агар бархе ӯро ҳамчун варзишгари муваффақ, муштзани чолок шиносанду эътироф кунанд, иддаи дигар, махсусан бонувон, ҳамчун чевари моҳири куртаҳои милливу замонавӣ мешиносанд. Зеро вақтҳои холигӣ дар хона ба дӯхтани либосҳои тоҷикона дар мӯди нав машғул мешавад. Азиза бо як ифтихори баланд мегӯяд: -Аз хурдӣ ба варзиш завқи беандоза доштам, аз ҳамин сабаб дар чорабинҳои варзишии мактабӣ, махсусан дар риштаи волейбол ва футбол бевосита ширкат мекардам. Бо гузашти вақт шавқу завқ ва меҳрам ба варзиш афзун гардид. Тасмим гирифтам, ки ба риштаи кикбоксинг бипайвандам. Ҳамин буд, ки дар марҳилаи тамринҳоям аз нозукиҳои кикбоксинг огоҳ шудам. Дар чандин мусобиқаи варзишӣ дар сатҳи вилояту ҷумҳурӣ сазовори ҷойҳои намоён гаштам. Баъди гузашти муддате ба варзиши намуди “Ушу-санда” (санъати ҳарбии чинӣ ва ҳам варзишҳои муосири дар заминаи онҳо сохташуда), гӯштин, футбол ва дигар намуди варзиш, майл пайдо кардам. Малакаи худро дар ин намудҳои варзиш, низ сайқал додам.
Бо такя ба чунин ҷавонони умедбахш ва номбардори Ватан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: “Мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ менамоем ва нақши арзишмандашонро дар ҳама ҷабҳаҳо дастгириву пуштибонӣ менамоем.” Ин ғамхориву таъкиди Роҳбари давлат ба ҷавонони лаёқатманде чун Азиза имкониятҳои нав ба навро фароҳам овард.
- Дар омади гап вақти суҳбат бо Азиза аз касби чеварӣ ёдрас шудем, ӯ афзуд: Бо дархост барои дӯхти либосҳои замонавию миллӣ асосан ҷавондухтарон ба наздам меоянд. Инчунин, чанде аз ҳамсояву наздиконамро ба сифати шогирд дар кори дӯзандагӣ қабул карда, нозукиҳои ин ҳунарро ба онҳо меомӯзонам.
Дар вақтҳои холигӣ бошад, аз ҳар гуна муҳраҳо гарданбанд, дастпона ва дигар ороишоти занона омода месозам. Ин ҳунарро аз модарам омӯхтаам. Аксаран маҳсули дастранҷамро бо дархости донишгоҳ дар намоишҳои ҳунарҳои миллӣ ба маърази тамошо мегузорам. Ин ҳунарам низ маротибаи чанд мавриди қадрдонӣ қарор гирифтааст.
Бале, ҳоло Азиза Файзова ҷавондухтари муваффақи замон аст. Меомӯзад, меофарад ва меомӯзонад. Чунин хислатҳои нек ба ӯ зебанда аст ва миёни ҳамсолону ҳамдиёрон пешсафу номдор мебошад. Баҳри муваффақ шудан дар ҷодаи журналистика ва бохабар гардидан аз тамоми паҳлуҳои соҳаи матбуот низ имрӯз ба омӯзиши ин ихтисос пардохта, дар самти такмили донишу маҳорат аз тавсияву маслиҳат ва дониши устодону рӯзноманигорони касбӣ васеъ истифода мебарад.
Ба Азиза дар баҳри расидан ба қуллаи мақсуд ва амалӣ гардидани омоли некаш муваффақиятҳои беназирро таманно мекунем.
Фарида Баротова , “Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...