Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Салоҳиддин Гадоев - қаҳрамонписари шуҷои Ватан


Салоҳиддин Гадоев - қаҳрамонписари шуҷои Ватан



Ҳифзи модар-ватан қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди тоҷик буда, дар ин роҳ шаҳид шудан худ қаҳрамонист. Салоҳиддин Гадоев майори хизмати ҳарбӣ, ҷавони 29-сола, зодаи деҳаи Ҷомбахти ноҳияи Ховалинг, аз ҷумлаи чунин ватандоронест, ки дар роҳи дифои марзу буми Ватан ҷони худро фидо кардааст.

Салоҳиддин дар мактаб бо баҳои хубу аъло ва интизоми намунавӣ таҳсил мекард. Мехост ҳуқуқшинос шуда, ба халқу Ватан хизмат кунад. Аммо, доираи илму дониш ва хоҳишаш ба самти дигар- ҳифзу ҳимояи марзу буми кишвар равона шуд.

Соли 2009 мактаби асосии (9-солаи) №23-и зодгоҳаш-деҳаи Ҷомбахтро бо муваффақият тамом карда, таҳсилро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 ба номи Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Амиралӣ Саидбеков (воқеъ дар деҳаи Шехмизон) идома дод. 

Рӯзе дар ҷамъомади мактабӣ сухан дар бораи корнамоиҳои бемисли собиқ омӯзгори ҳамин таълимгоҳ, Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Амиралӣ Саидбеков рафт. Муаллими қаҳрамон дар ҶБВ-и солҳои 1941-1945 дар ҳақиқат баҳри ҳифзу ҳимояи Ватан ҷасорату шуҷоати бемисл нишон дода буд. Аз ҳамон замон дар қалби Салоҳиддин иштиёқи хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ бедор шуд.

Аз сӯи дигар, донишу маҳорату ҷасорати ин ҷавони ғайратманд водораш намуданд, ки аз омӯзгори маъруфу машҳури соҳибмактаб, устоди садҳо ҷавонону шогирдони соҳибистеъдод, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Воҳид Тешаев (ҳоло директори МТМУ №3) дарси маҳорату матонат ва ҷасорат гирадқ Салоҳиддин Гадоев 17 январи соли 1993 дар деҳаи Ҷомбахти ноҳияи Ховалинг дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст.

Падараш Раҳмоналӣ Гадоев 54 сол инҷониб омӯзгор, солҳои дароз раиси кумитаи деҳаи Ҷомбахти ноҳияи Ховалинг буд. Бобояш Гадо Каримов (1905-1990) собиқ раиси Ҷамоати деҳоти “Ҷомбахт”, соҳиби 120 набера ва чандин абера…

Модараш Сабзамоҳ Хайриддинова зодаи деҳаи Дараи Мухтор, соҳиби 11 фарзанду 56 набера, фарзанди маҷрӯҳи гурӯҳи 2-и ҶБВ-и солҳои 1941-1945 Хайриддин Набиев (1923-1993).

Салоҳиддин роҳи ҳифзу ҳимояи Ватанро чун устодону гузаштагон ва бародаронаш, пеш гирифта, бо ҳидояти устодонаш ҳуҷҷатҳояшро ба Академияи олии КАМ-и шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон супорида, онро соли 2015 бо баҳои хубу аъло ва интизоми намунавӣ хатм кард. Баъди таҳсил дар мактаби олии касбии болозикр ду сол дар дидбонгоҳи сарҳадии ноҳияи Ишкошими ВМКБ, як сол дар Академияи ҳарбии сарҳадии Мастчоҳи Нав ҳамчун қумондон хизмат кард. Сардори дидбонгоҳи сарҳадии ноҳияи Бӯстони вилояти Суғд буд. Аз унвони ҳарбии лейтенантӣ то ба рутбаи майори хизмати ҳарбӣ расид. Дар арафаи дарёфти рутбаи ҳарбии подполковникӣ буд…

Марзи кишварро хонаи асосӣ ва ҳимояи онро қарзи шаҳрвандии худ медонист.

Соҳиби се фарзанд: як духтар - Қадрия ва ду писар - Абдукарим ва Иброҳим буд. Писаронаш Абдукарим ва Иброҳим дар сарҳад, ҳангоми хизмати падар дар марзу буми кишвар ба дунё омадаанд.

...Рӯзҳои охири моҳи апрели соли 2021 дар курси махсуси ҳарбии такмили ихтисос дар Суғд дар хизмат буд. Чун муноқишаву даргириҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон аланга гирифт, ӯ бо ҳамроҳии чанд нафар ҳамсафонаш ба сарҳади ноҳияи Исфара рафта, дар ҳифзи сарҳаду марзу бум қарор гирифтанд.

Тақрибан соатҳои 10-11-и рӯзи 29 апрели соли 2021 ҳадафи тири мухолифини наздисарҳадӣ қарор гирифта, дар фоҷиаи қирғиз дар наздикии деҳаи Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфара ба шаҳодат расид. Рӯзи ҷумъаи 30 апрел ҷасади ӯро ба зодгоҳаш-деҳаи Ҷомбахти ноҳияи Ховалинг оварда, ба хок супориданд.

Дар рӯзи дафни Салоҳиддин хурду бузург ашк мерехт. Ҳама-падару модар, бародару хоҳар, хешу табор, дӯсту ёру рафиқ, худиву бегона ашк мерехтанд.

Ӯ қаҳрамони абадзинда аст. Имрӯз ба гиромидошти ӯ дар Ховалинг мактабе номгузорӣ шудааст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг барои фарзандони ин қаҳрамони шаҳид дар шаҳри Душанбе бо маблағи 215 ҳазор сомонӣ хонаи дуҳуҷрагӣ харида дода, аз ҳолу аҳволи оилаи ӯ мунтазам дастгирӣ карда мешавад.

Фарзандони каҳрамони далеру шуҷоъ-Абдукарим ва Иброҳим дар оянда муҳофизи асили ҳифзи Модар-Ватан хоҳанд шуд. «Мо генерал мешавем!»- мегӯянд бо лаҳни кӯдакии худ.

Руҳат шоду хонаи охиратат обод бод, қаҳрамонписари шуҷои Ватан Салоҳиддин Гадоев!

Амир Сайиди Мункӣ ,
махсус барои “Хатлон”
аз ноҳияи Ховалинг

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода