Аз буҷети ҷумҳурӣ ба вилоят чӣ қадар маблағ равона гардид?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 14 апрел, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Хабарҳо, Боздид 671
Рӯзи 12 апрели соли равон дар толори маҷлисгоҳи Сарраёсати молияи вилояти Хатлон, ҷаласаи натиҷагирӣ аз фаъолияти семоҳаи соҳа баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидӣ Юсуф Хайрулло, сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон Ҳабибулло Иззатуллозода ва сардорони раёсатҳои молияи 25 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон ширкат намуданд.
Сардори Сарраёсати молияи вилоят Ҳабибулло Иззатуллозода дар ҷаласа иброз дошт, ки иҷрои нақшаи андозҳо ва пардохтҳои буҷети маҳаллӣ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз рӯйи контингенти умумӣ ба андозаи 102% ва аз ҳисоби даромадҳои худӣ низ ба андозаи 102 фоиз таъмин шуда, ба буҷет 398,3 миллион сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 7,8 миллион сомонӣ ва дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 39,9 миллион сомонӣ зиёд аст.
Ба ҳолати 1-уми апрели соли ҷорӣ бақияпулии қарзи андози иҷтимоии ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ бо назардошти қарзҳои пешин 50,5 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Дар давраи ҳисоботӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилоят 138,6 миллион сомонӣ (100 фоиз) маблағҳои мақсаднок ва аз буҷети вилоятӣ 39,8 миллион сомонӣ (100 фоиз) маблағҳои ҳисоббаробаркунӣ ба шаҳру ноҳияҳо равона гардидааст.
Муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидӣ Юсуф Хайрулло дар баромади худ дастоварду камбудиҳо ва паҳлуҳои гуногуни соҳаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, ба масъулони раёсатҳои молияи шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ҷиҳати рафъи камбудиҳои ҷойдошта ва саъю кӯшиши бештар баҳри ғанӣ намудани буҷети маҳаллӣ дастуру супоришҳо дод.
Фирдавс УМАРОВ,
«Хатлон»