Сахтгир (Ҳаҷвия)
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 01 апрел, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 830
Рӯзи пурташвиши корӣ оғоз ёфту сардор коғазеро ба котибааш дода, фармуд, ки одамони дар рӯйхат бударо фаврӣ ба наздаш ҷеғ занад.
- Фаҳмонед, ки кори ниҳоят муҳим, - котибаашро аз роҳ боздошта, таъкид намуд вай. Дари ғафсу чармини сардор кушода шуду ба кабинет даъватшудагон пайи ҳам даромаданд. Сардор ба онҳо як назар карда, лаб кушоданӣ буд, ки “мумкин?” гӯён шахси дигаре вориди кабинет шуд. Сардор теғ кашида ба ӯ нигоҳ карду ба аспи ҷаҳлу ғазаб пошна зад.
- Бетартибӣ аз ин зиёд намешавад, - ба сарзаниш даромад сардор. – Боз сарҳанг сардори сех будаанд! Чӣ, гаҳвораи Шумо аз осмони ҳафтум фаромадааст, ки тартибу интизомро тӯби футбол барин пушти по мезанед?!
Боз айбро надониста, “як дақиқа дер мондам”, гӯён баҳонаҷӯӣ ҳам мекунед. Узри бадтар аз гуноҳ! Медонед, як дақиқа вақти корӣ чӣ гуфтанӣ гап?
Тонна, тонна метал, семент, шиферу тахта...
- Корам нима намонад, - гӯён Шоҳкарими бечора фанери пушти ҷевонро часпонда ба қабули сардор дер карда омаду зери борони таънаю маломат монд.
- Аз рафтори имрӯзаатон маълум, ки дар кор даҳони амакед, - гулӯ афшонда, боз ба рандакунии вай даромад сардор. - Ҳозира барин агар тобеонатон як дақиқагӣ ба кор дер монда оянд, мумкин мижаатон хам нахӯрад.
Лекин, ҳамаро мисли худатон нисбат ба кор бепарво хаёл накунед. Дунё бедарвоза нест, ҷилавкашҳо ёфт мешаванд!
Яке аз нишастагон забон хоида, “рафиқ сардор” - гӯён овоз баровард. Мехост гӯяд, ки аҳли бригадааш ӯро мунтазиранду дастгоҳи нави дирӯз овардаро васл карда, ба кор даровардан лозим, лекин сардор миёни гапи ӯро шикаст:
- Себ аз себ дур намеафтад. Ҳамаатон аз як палак! Аз кору сахтгирӣ сухан равад, ба пӯстинатон кайк медарояд.
- Сардор дид, ки ҳозирон чашмак назада ба даҳонш дида дӯхтаанд, файласуфона барои исботи қиматии як дақиқаи вақти корӣ ба факту далелҳо часпид.
- Дар сехатон 30 нафар коргар гуфтед-а?
Агар онҳо бо ҳар баҳона ақаллан рӯзе якдақиқагӣ ба кор дер биоянд, медонед чӣ мешавад? Хонаи истеҳсолот месӯзад! Охир ним соат... Ин дар як рӯз. Солонаашро ҳисоб кунем...
Сардор қаламу коғаз гирифта, маблағи якдақиқагии 30 нафар коргарро баҳисобкунӣ даромад.
- Бигзор, ин ландаҳур фаҳмад, ки хунукназариаш ба давлату ҷамъият дар як сол чӣ қадар зиён меоварад.
Ақрабаки соат агар рақами якро нишон намедод, сардори сахтгиру серталаб даҳсолаҳои як дақиқа вақти кории 30 нафар коргарро бо маблағаш ҳисоб карда мебарорад.
- Ба касофатии як беинсоф вақти чун тилло қимататон барбод рафту гапи асосӣ ногуфта монд, - ба тарафи Шоҳкарим, ки гунаҳкорона сар хам карда ҳанӯз ҳам дар як пой рост меистод, ишора намуд сардор. – Хайр, ҳоло рафта хӯрок хӯрда биёед, баъд гапзанон мекунем. Масъала хеле ҷиддӣ, рафиқон. Лекин саҳарина барин қафо намонед. Онҳоеро, ки вақти пурқимати кориро мегиранд, чашми дидан надорам!
Саидҷаъфар Баёзӣ