Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Рӯзи Падар дар Тоҷикист он қайд карда мешавад?


Рӯзи Падар дар Тоҷикист он қайд карда мешавад?



23 феврал ҳамчун Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ дар миёни собиқ давлатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ танҳо дар Россия ва Тоҷикистон таҷлил мешавад. Азбаски дар Россия ва кишвари мо мансуб ба мардон дигар ҷашне вуҷуд надорад, 23 февралро иди мардон-ҳомиёни Ватан медонанд. Вале, аҷиб ин аст, ки дар бисёре аз кишварҳои олам Рӯзи мардон расман таҷлил мегардад.

Ба унвони мисол: Рӯзи байналмилалии мардон 19 ноябр дар ИМА, Британияи Кабир, Австралия, Ҳиндустон, Маҷористон, Ирландия, Малта, Тринидад ва Тобаго, Гана, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, Сингапур ва Ямайка ҷашн гирифта мешавад. Ҳамчунин, дар Канада, ИМА, Аргентина ва Фаронса Рӯзи падарро, ки аллакай бисёриҳо онро дӯст медоранд, якшанбеи сеюми моҳи июн таҷлил мекунанд. Ин рӯз дар кишварҳои Куба, Туркия ва Ҷопон низ чун рӯзи муҳиму шоиста дониста шудааст, вале ҷашнгирии он сеюми март сурат мегирад.


http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода