Акнун ба шӯхиҳоят мегирйем
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 24 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо / Чеҳранигорӣ, Боздид 864
Бо «амин қадар» ханда, моро гирёндӣ, додар...
Ёд доред, дар як спектаклаш, ки марди бадахшонӣ буд, ба наберааш мегӯяд: «Бо амин қадар баои ду, боз суруд ам мехонӣ?»
Чи ҳунари нотакроре дошт ӯ.
Намояндаи кадом маҳалле мешуд, мегуфтӣ зодаи ҳамон маҳал аст. Зеро ҳама лаҳҷаҳоро беиштибоҳ медонист.
«Боз нагӯ, ки амин бузро ба балнис мебарӣ»...
Кӣ дигар чунин ширин гуфта метонад?
«Урусира ай аввалш набошӣ, намефаҳмӣ», ҳамарӯза дар гуфтори мост.
Кӣ дигар чун ӯ кӯдаконашро дар суд «тақсимоти одилона» карда метавонад?
«Барои зани генерал шудан, бояд аввал младший лейтенанта бгирӣ»- ро, кӣ дигар мефаҳмонад?...
«Ба ҳами чхтим, намешава, ки брам қаври т вори келина, қатӣ очаи тарбиятгарат бар ба барак бканм»-и хушдоману келина магар метавонад дигаре чун ӯ бигӯяд?
«Арӯси ҷуне, инами ду касе (хар ва худаш), ки дар сурат мебинӣ, болонгиш, мнм.»
«Акаи раис, мн ки ҳар рӯз дар и майлс бшинм, ай куҷо кӯдак мекнм»...
«Фарзандонам, муттаҳид шавитон. Ҳамдигаротона пушту паноҳ шавитон, пеш а мудданам мехос-там як нияти нек қатӣ равам, лекин ту бетутуруқ...» Чи мӯйсафеди хушлаҳҷаи хуҷандӣ шуда буд...
«Дар аптоду аптсолагӣ сулфа накунӣ, дига кай месулфӣ?»
«Чоя брез маълим, чоя!»
«Худуш медона, ки мембурум, неки намедонум, ки кай мемурум? Ана ҳамин аст, пилосопияи зиндагӣ»- мегуфт файласуфи лақай шуда...
Аммо дар ин қадар ҷавонӣ мурдани худаш, барои мо боварнокарданист ...
Эҳҳҳ, Аловиддин, бародар, гумон мекунам, имрӯз ханда ва шодиҳо ҳама мурданд...
«Хдо ҷуни мна бгира»-и Аловиддин, ки сидқан ба он механдидем, аммо имрӯз Офаридгор ин симои шодӣ ва хандаҳои моро гирифт ва хандаҳои телевизионии моро бо худ бурд...
Ҳуринисо АЛИЗОДА,
раиси Шӯрои ВАО