Ман хештан аз ишқи ватан гум кардам!
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 09 ноябр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 816
Тараннуми Ватан ва Истиқлолият дар осори шоира Гулрухсор
Ҳастӣ Меҳан,
Ҳастии ҳастӣ Меҳан.
Боло зи ҳама баланду пастӣ,
Меҳан!
Тасвиру ташреҳи зеботареро дар мавриди қадру манзалати истиқлоли Ватан ҳанӯз нахондаам. Гулрухсори Сафӣ, шоири тавонои тоҷик аст, ки бо садоқату муҳаббати чашмгире ин шеъри баландро гуфта.
Аслан Гулрухсор, Шоири халқии Тоҷикистон, дар васфи Меҳан, Тоҷикистон, миллату ҳувияти миллӣ ва кору зиндагии мардуми меҳнатқарини кишвар шеърҳои зиёд ва зебою нотакрор сурудааст. Агар ба осори ватанпарастонаи Гулрухсор назар андозем, эҳсос хоҳем кард, ки вай бо сурудани шеъри Ватан, пеш аз ҳама, ба хонанда моҳияти аслии Ватан, ватандорӣ ва худшиносии миллиро талқин мекунад. Гулрухсор ҳарфи матонатро мегӯяд, то барои саодати Ватан ҳамеша ҷонфидо бошем. Гулрухсор маҳз бо ҳамин эҳсосоти баланди ватандорӣ ва хештаншиносиаш маъруфу маҳбуби дилҳо шудаааст. Шоир дар як шеъре, ки тараннуми Ватан мекунад, дар китоби «Дунёи дил» чунин гуфта:
Оташам, ишқам, умедам, ҳарчӣ дорам моли туст, эй Ватан,
Ҳастӣ, ки ҳастӣ бароям хуррам аст.
Бо диёре мисли ту ободу хушрӯю бузург
Аз барои зиндагӣ сад умри инсонӣ кам аст.
Гулрухсор Ватанро аз ҳама чиз боло мегузорад. Зеро шоир аст ва шоир бояд эҳсосоти ватандориро аз ҳама чиз бартару болотар бигзорад ва Гулрухсор шояд аз зумраи пешоҳангоне бошад, ки эҳсосоти ватандориро аз ҳар чизи дигар муқаддам донистааст.
Дар китоби «Рӯзномаи берӯз» таронае бо номи «Бе худ будан, бо худ будан» дорад, ки он ҷо низ аз сахтии рӯзи беватанӣ мегӯяд: «Бе Ватан будан, бе худ будан, бо Ватан будан, бо худ будан аст! Онҳое, ки аз Ватан мегурезанд, аз худ мегурезанд. Онҳое, ки сӯйи Ватан мешитобанд, сӯйи худ мешитобанд…»
Ҷойи дигар дар ҳамин китобаш Гулрухсор аз ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми Тоҷикистон ёдовар шуда, боз ҳам таъкид ба меҳри Ватан мекунад: «Дар фоҷеаи ҳастисӯзи мо, дар оташи ҷанги нанговари шаҳрвандии тоҷикон ҳар кас ба тариқи худ, ба қимати худ, чени худу қисмати худ сӯхта, - Гумкардаи ҳар кас ҳаст дар ҳиммати ӯ, Ман хештан аз ишқи Ватан гум кардам!»
Шоир Салими Хатлонӣ мегӯяд, ки Гулрухсор танҳо як ҳарф дорад, чунон ки якрӯву матин аст. «Гулрухсор мегӯяд, ки Ватани мо бояд Ватани обод ва пешрафта бошад. Маҷмӯаи шеъри Гулрухсор «Зан ва ҷанг» маҳсули хотироти овони бесарусомониҳоикишвари мо буд. Шукри Худованд, ки мо имрӯз ба як сулҳи комил расидаем ва Гулрухсор дар ин маҷмӯа аз истиқлолу камоли маънавии мардуми кишварамон истиқбол менамояд. ӯ чӣ дар насру чӣ дар назми ин маҷмӯа рӯзгори гузаштаи мардуми моро, рӯзгори нобасомониҳои аз сар гузаронидаи мардуми моро васф кардааст ва аз он рӯзгор хостааст хотироте ба ёдгор дар мисраъҳои шеърии худ гузорад ва чуноне ки мебинем, номи ин маҷмӯа «Зан ва ҷанг» аст. Гулрухсор ҳамчу шоир дар танҳоии хеш аслан аз номи инсон ва таҷаммуъ нидо мекунад. Аз номи модар нидо мекунад.
Аз номи як зане, ки ҷигарбандашро аз даст медиҳад, нидо мекунад. Асоси орзуҳои Гулрухсор дар фоҷиаи қаҳрамони номии миллати тоҷик, қаҳрамони ору номус ва номбардори миллати мо, ки бори таърихи моро бар дӯш мекашад, Рустам ва Суҳроб нақш бастааст, вале басанда аст, ки садои Таҳминаро ба хотир биёрем. ӯ ин моҷароро на бар ҳоли фарзандаш, ки қурбонии дасти падар мешавад, балки бар ҳоли тамоми ҷигарбандони одам, ки дар ин ҷанг қурбон мешаванд, сару садо баланд мекунад, ки Эй таҳамтан, Рустами фарзандбезор, Дар набарди зиндадории фарри ту, модари ту, дилбари ту, хунбаҳои сангари хунофари ту, Ман дигар Суҳроби қурбонӣ надорам», - афзудааст Салими Хатлонӣ. Девони Гулрухсор низ саросартмазмуни ба ваҳдат ҷалб кардани мардумро дорад ва дар ин миён боз ҳам тараннумгари ишқи Гулрухсор аст.
Ишқи Гулрухсор чуноне, ки гуфтем, дар оғоз аз Ватан, аз мардуми бофарҳангу тамаддунофари мо сарчашма меҷӯяд ва як появу як рукни эҷодиёти ӯ дар тамоми осораш васфи диёру зебоии он аст.
Гулрухсор дар солҳои шастуми асри гузашта бо дӯстонаш Бозор Собиру Лоиқ Шералӣ яке аз аввалин зиёиёне буданд, ки вожаи миллатро дар шеърҳои худ истифода бурданд. Вай дар мулоқоте изҳор доштааст:
«Мо ба воситаи ҳамин вожа ҳамчун як ормону орзуи худ, умеди худ хостем бигӯем, ки мо кадухӯрак нестем, ширчойхӯрак нестем. Мо ҳам шоҳ будему ва ҳам доштем. Мо ба воситаи ҳамин вожаи миллат, ки бисёриҳо намедонистанд, чӣ ҳаст, хостем арзу ниёз кунем ва кардем.
Хуб мушт ҳам хӯрдем…»
Гулрухсор нуқтаи назарашро оид ба миллат дар ин шеъраш гуфтааст:
Миллати ман, миллати борон,
Чашми ҳузни сарнавиштат он қадар аз гиря саршор аст,
Ки дар олам чанд анҳори дигар тӯфонӣ хоҳад шуд.
Миллати ман, миллати хокӣ, меҳрабони дард,
Ҳамзабони дард, боғбони дард.
Мазраи андӯҳи худро кишт манмо, кишт манмо,
Ки дар олам тухми ғам арзонӣ хоҳад шуд.
Миллати ман, миллати андарз,
Устоди ношиноси ҳикматистони ҷаҳон,
Ҳар қадар ҷоҳу ҷалолатро ба хоки раҳ кашиданд,
Он қадар дар шишаи нилобии ашкам
Фазлу фарҳанги туро рахшанда мебинам.
Гарчи дирӯзи туро бо насли худсӯзи ту куштанд,
Нури эҳёи туро дар дидаи оянда мебинам.
Миллати ман, миллати оинадори сирати худро надида,
Аз дилу аз дидаву хунат сели ҷаҳлу фитна бигзашт.
Навбати рахшидани нуру сафои чашмасорон аст.
Миллати ман, миллати хуршед.
Қисмати ту аз азал худсӯзиву зулматфурӯзист.
Разми ту бо деви зулмат амри Яздон аст.
Миллати ман, миллати борон,
Миллати ман, миллати андуҳ,
Миллати ман, миллати андарз.
Гулрухсор аз қадамҳои аввалини кори эҷодӣ ба дунёи шинохти Ватан ва арзу тӯли он бо шевои махсус ворид шудааст. Ашъори ватанхоҳии Гулрухсор аз самимияти гуфтор ва баён саршор аст. Дар онҳо дарки нозуки зебоии диёр ва муҳаббати ширин ба волидайн нуҳуфтаанд. Дар сурудаҳои Гулрухсор ҳарфи гуворои Ватан, оҳанги ситоиш ва тарзи тасвири нишонаву манозири дилангези он дида мешаванд. «Ватан» (1970), «Суруди чашма» (1973), «Ба Ватан» (1973), «Яхч» (1976), «Таронаи Ватан» (1979) ва ғ. аз намунаҳои барҷастаи он мебошанд:
Ҳамон деҳа,
Ҳамон чашма,
Ҳамон боғ…
Ҳавои боғи гул дар дил бишуд пир.
Кунун дар хонаи бобоии худ,
Шавам дар ёди ту беёду дилгир…
(«Суруди чашма»)
Сари девору рӯйи бом мерӯяд гули лола, Гули мардумписанди деҳи ман, аммо гули хор аст.
(«Яхч»)
Ду чашми дурбини ман,
Суруди аввалини ман,
Нидои вопасини ман,
Худои дар замини ман, Ватан!
Ватан!
Ватан!
(«Таронаи Ватан»)
Дар ҳақиқат, осори Гулрухсори Сафӣ намунаи беҳтарини дарси ватандорию меҳанпарастӣ ва худшиносии миллӣ барои ҳар фарди Тоҷикистон аст. Ибораи машҳури шоир, ки гуфта: «Бе забони модарӣ бе миллатам, бе забони модарӣ бе модарам!» месазад, ки шиори рӯзгори мо бошад.
Ҳангомаи ИСМАТ
"Хатлон"
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
24-08-2021, 07:26
Тарануми Ватан ва Истиқлолият дар осори шоира Гулрухсор...