Ташаккур барои кумак, “Хатлон”!
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 17 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 939
Имрӯз ҷомеаи шаҳрвандии мо пеш рафтааст. Мардум серу пуранд ва ҳаёти хуш доранд. Вале ҳастанд оилаҳое, ки вазъи нохуби молиявӣ доранд. Ҳамчунин, кӯдакони ин оилаҳо, бо сабаби хуб набудани шароити зиндагӣ, таҳсили хуб намекунанд. Қаҳрамонони матлаби мо модару духтареанд, ки мушкилоти вазнини иқтисодӣ доранд. Модар бемор асту фарзанд бо сабаби паст будани сатҳи молиявии хонаводагӣ аз таҳсил дур мондааст ва дар кӯчаҳо талбандагӣ мекунад.
Тасодуфан, рӯзе бо ин духтарча пешорӯ омадем, ӯ даст сӯи мо дароз карда гуфт: -Акаҷон, попӯшӣ надорам, ягон сомонӣ медодед... боз модарам бемор аст, бояд ягон чиз барои хӯрдан харида барам... Маҳзун 10-сола (сокини шаҳри Бохтар) аст. Ҳангоми суҳбат дарёфтем, ки ӯ истеъдоди баланд дорад, аммо афсӯс, ки зиндагӣ озораш медиҳад. Бо як нигоҳ кас пай мебарад, ки ӯ духтараки шӯхтабиати хандонрӯ ва чеҳракушода аст, вале ботинаш алам дорад.
Ба ҳар як саволи мо андешамандона ва саҳеҳ ҷавоб мегардонад. Вақте ки ӯ аз мо пул талаб кард, ҳисси кунҷкобии касбии мо боло гирифту бо ӯ суҳбати сарироҳӣ кардем. Маълум шуд, ки дар хона бо модари бемораш мезистааст. Маҳзуни хурдакак ҳар рӯз бо мақсади ба хона овардани маводи ғизоӣ, ба кӯча баромада, назди меҳмонхонаҳо интизори хайри мардум мешавад. Аз пули хайрнамудаи мардум ба хона ба қадре картошка, пиёз, сабзӣ, равған ва дигар маҳсулоти ғизоиро меорад. Маҳзун мегӯяд, ки ба талбандагӣ пайваста машғул нест, вале имрӯз вазъи ногувори зиндагӣ ба ин маҷбураш кардааст. Аз суханони Маҳзун хулосабарорӣ карда, мо ба дидори модари Маҳзун рафтем. Воқеан ҳам духтару модар дар як хонаи хурдакак танҳо зиндагӣ мекунанд ва шароити хуби зиндагӣ надоранд.
Модар – Истадхон Расулова аз сабаби беморӣ наметавонад аз ҷой бархезад. Истадхон Расулова қариб ду моҳ мешавад, ки ҷогаҳӣ аст ва фишорбаландӣ азияташ медиҳад. Ӯ мегӯяд: “Дар рӯзҳои аввали бемор шуданам, ёрии таъҷилӣ омад, сӯзандору гузаронд ва гуфтанд, ки мо ёрии аввалияи тиббиро расонидем. Боз чанд маротибаи дигар онҳоро даъват кардем, омада сӯзандору гузарониданд. Фикр мекунам, он доруҳо ба дилам зарар расонидааст. Барои ба духтур муроҷиат кардан ва табобат гирифтан пул надорам”. Аз суҳбат бо ӯ маълум гардид, ки ба аёдаташ хешу табор ва шиносҳояш намеоянд ва ба ӯ кумак намекунанд. Ин оила дар кӯчаи Баҳори шаҳри Бохтар дар як хонаи хурдакаке иҷора мешинад ва иҷорапулиаш 300 сомонӣ аст. Баъди як соли зиндагии якҷоя бо шавҳар аз ӯ ҷудо шудааст.
“Аз сабабе ки шавҳарамро дӯст дошта, оила бунёд кардам, дигар атрофиён аз ман рӯ гардониданд”, – илова кард Истадхон. То имрӯз собиқ шавҳараш – падари Маҳзун ҳамагӣ як маротиба барои фарзандаш 100 сомонӣ маблағ додаасту халос. Аз сабабе ки никоҳи расмӣ надоштаанд, то имрӯз наметавонад барои гирифтани алимент ба шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ муроҷиат кунад.
Аммо модари Маҳзун гуфт: “Агар танам солим бошад, на ба алименти шавҳарам муҳтоҷ ҳастаму на ба кумаки наздиконам. Худам кор карда, фарзандамро калон мекунам”. Солҳои қаблӣ зиндагии Истадхон хеле хуб будааст. Се сол пеш, вақте хонаи иҷорааш оташ мегирад, тамоми амволаш месӯзад. Баъди ин фалокат бо мақсади дарёфти як бурда нон ва лавозимоти хона барои талбандагӣ ба шаҳри Душанбе меравад. Назди масҷидҳо ба талбандагӣ машғул мешавад, то мардум барояш кумаке кунанд.
“Мардум бароям кӯрпаву кӯрпача, дегу коса ва пул доданд. Аммо дар ин миён, холаам, модарам ва бародарам аз ман рӯ гардонида, гуфтанд, ки гӯё ман ба ин амали худ онҳоро шарманда мекарда бошам”,-афзуд модар. Модар бо фарзанди ягонаи худ дар хонаи иҷора танҳо зиндагӣ мекунад. Табаров (омӯзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав), ки хешованди дури ин зан ба ҳисоб меравад, якчанд маротиба ба ин оила кумаки молиявӣ намудааст. Маҳзун барои модар хӯрок мепазад ва тамоми кори хонаро низ ба дӯш дорад.
Духтарча дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и шаҳри Бохтар дар синфи 2 таҳсил мекунад. Аз сабабе ки либоси гарми зимистона надорад, рӯзҳои барфу боронӣ ва сардӣ ба дарс намеравад... Бо ҳамин мақсад, ҳайати эҷодии идораи рӯзномаи “Хатлон” аз аҳволи ин хонавода хабардор шуда, ба онҳо кумаки якдафъаинаи ғизоӣ намуд. Истадхон Расулова миннатдории худро ба рӯзномаи “Хатлон” расонида, иброз дошт: “Ман аз кумаки шумо бисёр шод ҳастам ва миннатдории худро ба маъмурият ва ҳайати эҷодии рӯзномаи “Хатлон” мерасонам.
Бигзор ҳамеша дар фаъолияти корӣ муваффақу пешрафта бошед”. Хонандаи гиромӣ! Мо зиндагии ин модари ранҷур ва духтарчаи ӯро, ки барои пеш бурдани рӯзгор дар кӯчаҳо талбандагӣ мекунад, ба қалам додем. Боқӣ, қазоват аз шумост. Агар барои ин оилаи ниёзманд кумаке карда метавонед, пас бо идораи рӯзномаи “Хатлон” тамос гиред, то мо шуморо ба онҳо бипайвандем.
Ҷасури ҚИЁМИДДИН, “Хатлон”