SOS: Дод аз дасти қаллобони интернетӣ!
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 14 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 843
Асри XXI асри илму техника аст ва онро бе технология наметавон тасаввур кард. Имрӯз ҷаҳони муосир ҳар лаҳза дар ҳоли тараққиёт аст ва илм бо суръати кайҳонӣ пеш меравад. Он чизеро, ки инсон садсолаҳо орзу менамуд, имрӯз ба дасти ӯ расид ва метавонад аз рӯйдодҳои ҷаҳон огаҳӣ ёбад ва ё ба гӯшаҳои дури ҷаҳон паём фиристад ва қабул кунад. Барои иҷрои ин ҳама корҳо фақат як телефони мобилӣ кофӣ аст.
Барои мо кофӣ аст, то ба шабакаи интернет, ки он ҳам навгонии бузург дар асри имрӯза аст, пайваст шавем ва аз кулли ҳаводис бохабар гардем. Тавассути телефонҳои ҳушманд ва истифода аз интернет мо метавонем, бо дӯстону шиносҳои дурамон тамосҳои аудиоӣ ва видеоӣ барқарор намоем ва ҳатто барои мустаҳкам намудани дониши худ онҳоро васеъ истифода барем.
Мутаассифона, ин навгонии замони муосир, бо вуҷуди он ҳама манфиату фоидаовариаш, чандин нафаронро паси панҷара ва чандин касони ғаразноки дигарро дур аз ахлоқи инсонӣ намудааст. Пӯшида нест, ки аз истифодаи телефон ва сомонаҳои интернетӣ ҳатто чандин оила аз ҳам ҷудо шудаанд ва даҳҳо нафарони дигар, ки худ аз илму маърифат дуранд, ба роҳҳои нодуруст рафта, бо ин васила зиндагии орому осудаи худ ва наздиконашонро дар хатар гузоштаанд.
Боиси ташвиш ва нигаронӣ аст, ки имрӯз баъзе аз ашхоси номаълум тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ мехоҳанд одамонро ба доми фиреб андохта, аз онҳо мабалағи бедардимиён ба даст оваранд ва ҳатто дар ин роҳ муваффақ ҳам шудаанд.
Зимни мушоҳида ва маълумотҳои дастрасгардида, мо чанд нафарро пайгирӣ намудем ва фаҳмидем, ки онҳо тавассути истифодаи телефонҳои мобилӣ ва сомонаҳои интернетӣ фирефтаи ин гурӯҳҳои “тарғибгар” шуда, зарари моддӣ ва маънавӣ дидаанд. Ҳатто яке аз онҳо ба фиреби ин шахсон гирифтор шуда, маблағи калон - 800 доллари амрикоиро ба номи ин шахсони номаълум гузаронида, ба умеди фоида зарар дидаанд.
Барои тасдиқи гуфтаҳои боло бо яке аз ин ҷабрдидаҳо ҳамсуҳбат шуда, андешаҳояшро ба қалам додем. Ӯ донишҷӯ буда, забонҳои русӣ ва англисиро хуб медонад ва бо ин забонҳо озод муошират менамояд. Ҳамсуҳбати мо иброз намуд, ки маҳз донистани забони англисӣ ӯро ба доми фиреби ин шахсон овардааст.
Ҳамсуҳбати мо ҳодисаи гузаштаро ба тариқи зайл қисса намуд: “Ман аз интернет барои тақвият додани забономӯзиам дарс меомӯхтам ва пайваста ин корро анҷом медодам. Албатта, интернетро на ҳамчун воситаи вақтгузаронӣ, балки барои ҷиҳатҳои мусбаташ истифода мекардам. Аммо гумон надоштам, ки рӯзе ба доми фиреби гурӯҳи қаллобон меафтам. Тавре ки дар боло ишора рафт, ба хотири бурро намудани нутқи забондонӣ муоширатамро дар сомонаи иҷтимоии Инстаграм бо якчанд донишҷӯи дигар кишварҳо ҳамсуҳбат мешудам.
Рӯзе ҳангоми ворид шудан ба сомонаи Инстаграм бароям паёме бо мазмуни “салом” ворид шуд. Ман ҳам ҷавоби саломашро гардонида, ба саҳифааш дохил шудам ва хостам кӣ буданашро донам. Ӯ аз рӯйи ному саҳифааш як зани хориҷӣ буд. Албатта, ман фикр кардам, шояд ин шахс ҳам барои дӯст шудан бо ман бароям паём фиристодааст. Ҳатто таваҷҷуҳе зоҳир накарда, суҳбатро бо ӯ идома додам. Ӯ бо ҳар роҳу восита кӯшиш мекард, то ман бо ӯ суҳбат намоям. Ҳамин тавр, суҳбати мо чанд рӯз идома кард ва дар ин муддат ӯ аз аҳвол ва рӯзгори худаш қисса намуд.
Зан худро Мария муаррифӣ кард. Ӯ бо шавҳараш дар Лондон зиндагӣ мекардааст. Мария нахуст аз бефарзандӣ шикоят намуда, сипас саргузашти худро ба ин мазмун идома дод: “Ман чанд сол аст, ки оиладорам, аммо то ҳол соҳиби фарзанд нашудаам. Бефарзандӣ азиятам медиҳад. Ҳамарӯза тавассути воситаҳои ахбори омма аз авзои ноороми кишварҳои ҷангзада ва аҳволи сокинони онҳо воқиф мегардам. Оилаҳои қашшоқу кӯдакони бараҳнаву гурусна қалбамро реш-реш мекунад. Ба хотири ёрӣ расондан ба муҳтоҷон бо шавҳарам қарор додем, маблағи як миллион доллари дар суратҳисобамон бударо ба ягон кишвари ҷангзадаю камбағал хайр кунем. Акнун ин маблағ насиби шумо будааст».
Албатта, як миллион доллар маблағи ночиз нест. Ҳатто баробари шуниданаш ҳушу хаёли инсон, бешубҳа, ба он вобаста мешавад. Қаҳрамони мо низ бо шунидани ин пешниҳод, ки бори аввал дар умраш шунидаву дида буданд, дарҳол чунин таклифро қабул мекунад ва чӣ гуна дастрас кардани онро пурсон мешавад.
Мария ҷавонро бо адвокати худ шинос мекунад ва минбаъд қаҳрамони мо суҳбатро дар сомонаи иҷтимоии ватсап ба адвокати Мария идома медиҳад. “Ӯ рақамҳои корти бонкиеро ба ман пешниҳод кард ва фаҳмонд, ки ман бояд барои дастрас кардани як миллион доллар ба ин корти бонкӣ дар ҳаҷми 800 доллар маблағ ворид намоям. Ман ин қадар маблағ надоштам ва ба ӯ пешниҳод намудам, ки аз ҳамон як миллион доллар маблағи лозимаро дастрас кунад. Аммо ӯ дар ҷавоб ба ман гуфт, ки он маблағ дар бонк бастабандӣ шудааст ва барои дастрас кардани он маблағ лозим аст. Ман ба ин суханони онҳо бовар карда, аз як шиносам, ки дар он рӯзҳо аз Ҷумҳурии Қазоқистон ба меҳмонӣ омада буд, ин маблағро ба тариқи қарз дастрас кардам ва ваъдаи “як ҳафта баъд бармегардонам”-ро ба ӯ додам. Сипас, ба бонк рафта, онро ба корти равонкардаи он шахси номаълум интиқол додам ва баъди ду рӯз пай бурдам, ки ман ба доми фиреб гирифтор шудаам», - мегӯяд бо ҳасрат қаҳрамони мо.
Ба умеди дастрас кардани ин маблағ ҳамсуҳбати мо чанд маротиба тариқи сомонаи Инстаграм бо Мария ҳамсуҳбат мешавад, аммо дар ҷавоб фақат ваъдаҳои дурӯғу номаълумро мегирад. Пас аз ин, ӯ аз баҳри он маблағи калон гузашта, чанд маротиба маблағи фиристодаро талаб мекунад. Аммо ин ҳам бефоида буд ва дар охир худро дар рӯйхати сиёҳи онҳо дида, алоқа низ бо онҳо барояш номуяссар гашт.
Ин ҳодиса ба рӯҳияи ӯ таъсири зиёд расонда бошад ҳам, дигар фоида надошт. Ин ҳодиса мақоли халқӣ “Бо даст деҳу бо пой дав”-ро мемонад. Ҳушдор медиҳем, онҳое, ки пайваста аз телефонҳои мобилӣ ва сомонаҳои интернетӣ истифода мекунанд, бояд маданияти дурусти онро риоя кунанд ва монанди қаҳрамони мо ба доми фиреби қаллобон гирифтор нашаванд.
Аз ин хотир, тамоми шаҳрвандоне, ки аз телефонҳои мобилӣ ва сомонаҳои иҷтимоӣ истифода мекунанд, бояд маданияти дурусти истифодабарии онро риоя намуда, интернетро мақсаднок ба кор баранд.
Аҳадуллои МИРЗОАЛӢ ,
коромӯзи «Хатлон»