“Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ...”
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 25 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо / Чеҳранигорӣ, Боздид 905
Чунин ном дорад китоби ба тозагӣ таълифнамудаи журналист, муаррих ва фарҳангшинос Ҷалолиддин Сафарзод, ки ба Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90-солагии ташкилшавии ноҳияи Темурмалик бахшида шудааст.
Маҷмӯаи фарҳангии мазкур воқеан ҳам рисолаи таърихӣ, илмӣ ва тадқиқотиест, ки аз ҷониби Ҷалолиддин Сафарзод оид ба соҳаи фарҳанги ноҳияи Темурмалик иншо шуда, раҳоварди фарҳангии хубе мебошад.
Ноҳияи Темурмалик бо санъаткорони номии худ дар тамоми ҷумҳурӣ маълуму машҳур ва боиси хушнудӣ ва ифтихори ин мардум гардидааст. Фарзандони барӯманди ноҳия мусаввири нотакрор Сабзалӣ Шарифов, оҳангсоз Фаттоҳ Одинаев, ҳунармандони боистеъдод Убайдулло Раҷабову Миралӣ Достиев ва дигар ҳунармандони шинохтаи тоҷик оҳангсозон Хайрулло Абдуллоев, Миратулло Атоев ва Қудратулло Ҳикматов, актёрон Тӯрахон Аҳмадхонов, Лутфулло Давлатов, Маҳмадсаид Пиров, ҳофизон Чиллахон Холов, Саломат Қобилова, Идимоҳ Ҳалимова, Азизулло Шарифов, Хуршед Шокирзод, Бегиҷон Ашӯров, Маҳмадалӣ ва Раҷабалӣ Уваловҳо, Ҳабибулло ва Баҳриддин Бековҳо, Абдумаҷид Боймуродов, Шодмон Одинаев, Мӯнис Иброҳимӣ, Рӯзибеки Файзалӣ, Ибодат Раҷабова, Толеъ Саидов, Фаррух Назиров, Фирӯзҷон Сафарзод, муғаннӣ Маҳмасаид Тӯраев, режиссёр Раҷабалӣ Пиров, ҳаҷвнигор Файзи Сулаймон (Астонаев) ва даҳҳо дигар фарзандони фарзонаи ноҳияи Темурмалик дар рушди фарҳанги тоҷик хизмати шоиста доранд.
Маҷмӯаи фарҳангии “Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ...” барои фарҳангшиносон, таърихнигорон, таҳлилгарон, дӯстдорони соҳаи фарҳанг ва доираи васеи хонандагон, ки ба масъалаҳои фарҳангӣ ароқ зоҳир менамоянд, пешбинӣ шудааст.
Китоб зери назару таҳрири узви иттифоқи нависандагон ва журналистони Тоҷикистон, барандаи ҷоизаҳои ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва Носири Хусрав, Аълочии фарҳанг ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон Айниддин Гадозода омодаи чоп гардидааст.
Бояд қайд намуд, ки ин чорумин китоби таълифнамудаи Ҷалолиддин Сафарзод буда, пеш аз ин асарҳои ӯ бо номҳои “Аз таърихи муассисаҳои фарҳангии ноҳияи Темурмалик” (с.2018), ”Ҷавонмарди асил” (с.2020) ва “Аз таърихи хонадони мо” (с.2020) ба нашр расида буданд.
Б. Шокирзод,
Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
22-01-2022, 07:52
Чунин ном дорад китоби ба тозагӣ таълифнамудаи журналист, муаррих ва фарҳангшинос Ҷалолиддин...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00