Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ТАДБИҚИ ЛОИҲА МАНФИАТ ДОД

Матлабҳои охирин / Ҳаёти иҷтимоӣ

ТАДБИҚИ ЛОИҲА МАНФИАТ ДОД

Лоиҳаи пешгирии зӯроварии хонаводагӣ (PDV) пас аз бист

соли фаъолият дар  Тоҷикистон ба анҷом мерасад

Дар ин бора роҳбари нави саҳроии Дафтари Швейтсарӣ дар Тоҷикистон Саломе Штайб дар ҷараёни вохӯрии ҳарсолаи ҳамоҳангсозӣ миёни шарикони Лоиҳаи пешгирии зӯроварии хонаводагӣ (PDV) баён намуд. Лоиҳа аз ҷониби филиали ГОПА мбХ бо дастгирии молиявии ҳукумати Швейтсария амалӣ мегардад. Дар ин мулоқот натиҷаҳои фаъолияти яксолаи лоиҳа оид ба татбиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила“ ва Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023 муаррифӣ шуданд. Вохӯрӣ дар доираи маъракаи “16 рӯзи амалиёти фаъол бар зидди зӯроварии гендерӣ”, ки ҳамасола дар тамоми кишварҳои ҷаҳон аз 16 ноябр то 10 декабр мегузарад, баргузор гардид.

Ба қавли хонум Штайб, Ҳукумати Швейтсария дар давоми 20 сол ба Тоҷикистон бо амри пешгирӣ аз зӯроварӣ дар оила фаъолона мусоидат мекунад.

-Лоиҳа соли 2000-ум оғоз гардида, дар айни ҳол марҳилаи даҳум ва ниҳоии он амалӣ мешавад, ки он то моҳи сентябри соли 2021 идома хоҳад кард, - қайд кард Саломе Штайб. – Ин лоиҳа барои ташкилоти мо бисёр муҳим аст, зеро натиҷаҳои он, бешубҳа, барои беҳсозии ҳаёти одамони одӣ дар   Тоҷикистон мусоидат мекунад. Зимни муқоисаи ҳолати имрӯза ва бист соли қабл мо дарк мекунем, ки бо шарофати талошҳои муштарак Ҳукумати Тоҷикистон дар амри пешгирӣ аз зӯроварии хонаводагӣ ба як қатор дастовардҳои намоён ноил гардид. Коркарди санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, омодасозии дастурамалҳо, муҳимтар аз ҳама тақвият бахшидани зарфиятҳои кормандони ниҳодҳои давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ва кор бо аҳолӣ аз ҷумлаи корҳои анҷомдодашуда мебошад. Мо умед дорем, ки натиҷаҳои кори мо аз ҷониби мақомоти давлатии Тоҷикистон мавриди татбиқ ва такомул қарор   мегиранд. Бахусус, ҳифзи ҳамкории байниидоравӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ, инчунин, тақвияти кор бо аҳолӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои зарурии иҷтимоӣ, кумаки психологӣ ва таъмини бехатарии ҷабрдидагони зӯроварӣ ва фарзандони онҳо бисёр муҳим мебошад. Аз ин рӯ, дар оянда мақомоти давлатии Тоҷикистон вазифадоранд, ки корҳои дар ин самтро бештар дастгирӣ кунанд.

Бо таъкиди хонум Штайб сарфи назар аз он, ки Лоиҳаи пешгирии зӯроварӣ дар оила ба анҷом мерасад, масъалаҳои баробарии гендерӣ ва муқовимат ба зӯроварии гендерӣ, аз ҷумлаи афзалиятҳои фаъолияти Дафтари швейтсарӣ оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Дар ин чорабинӣ, ҳамчунин, шарикони лоиҳа- субъектҳои татбиқкунандаи қонун ва барномаи пешгирии зӯроварӣ дар оила: намояндагони даҳ ташкилоти давлатии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ иштирок намуда, натиҷаҳои нақшаи фаъолияти  муштарак барои соли 2020-ро  баррасӣ намудаанд. Онҳо, ҳамчунин, оид ба муаммоҳои татбиқи ин нақша ва барномаи ҳамкорӣ барои соли 2021 табодули назар карданд. Меҳриниссо Холмуродова, намояндаи Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи давлатии вилояти Хатлон, қайд кард, ки дар натиҷаи  ҳамкориҳо бо филиали ГОПА  дар доираи лоиҳа дар вилояти Хатлон якчанд марказ оид ба пешниҳоди кумаки равоншиносӣ ба ҷабрдидагони зӯроварӣ кушода шуд. Дар баробари  истифодабарандагони зӯроварӣ бо ҷалби равоншиносон, ҳуқуқшиносони соҳибтахассус ва намояндагони ҳифзи ҳуқуқ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

-Дар даҳ шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон гурӯҳҳои кории байниидоравӣ оид ба маниторинги татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон” Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” ва Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зуроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023 таъсис дода шудаанд, - қайд кард М. Холмуродова. – Аъзои гурӯҳҳои кории байниидоравӣ ба шаҳру ноҳияҳои Бохтару Левакант, Кӯшониён, Вахш, Ҳамадонӣ ва ғайра барои омӯзиши раванди пешгирии зӯроварӣ дар оила фиристода шуданд. Фикр мекунам, ки дар доираи татбиқи марҳилаи охирини лоиҳа, яъне аз соли 2019 то имрӯз мо ба як қатор натиҷаҳои мусбат ноил гардидем. 

Ҷавоҳир Акобирова, мудири шуъбаи рушди гендерӣ ва муносибатҳои байналмилалии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаи ҳамкасбашро тақвият дода, зикр кард, ки ба ҳолати имрӯза назар ба солҳои пешин шумораи шикоятҳо аз ҷониби ҷабрдидагони зӯроварӣ афзоиш ёфта истодааст. Ин аз он далолат медиҳад, ки сатҳи огоҳии ҷомеа ва маърифати ҳуқуқии занон, ки дар аксар маврид ҷабрдидаҳои асосии зӯроварӣ дар оила мебошанд, боло рафтааст. Мо ҷонибдори ҷомеаи солим ва миллати солим ҳастем. Ин ғояро мо дар фаъолиятҳои худ ва  якҷоя бо филиали ГОПА мбХ  дар Тоҷикистон ташвиқ менамоем.

Директори филиали ГОПА мбХ дар Тоҷикистон Елена Максименко изҳори эътимод кард, ки чунин мулоқотҳои ҳамоҳангсозӣ платформаи муассир барои татбиқи амалҳои муштарак миёни ҳамаи шарикон мебошад. Чунин вохӯриҳо барои муайянсозии марзҳои нави фаъолият ва татбиқи самараноки давлатӣ ва қонунгузорӣ дар соҳа муфид мебошанд.

Бо дарназардошти  вазъи эпидемикӣ барномаи вохӯрӣ, ҳамчунин, аз муаррифии натиҷаҳои тадқиқоти лоиҳаи  PDV дар бораи таъсири бемории COVID-19  ба вазъи ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила иборат буд.

Дар ин вохӯрӣ, ҳамчунин, нақшаҳои ҳамкориҳои муштарак барои соли оянда, роҳҳои таъмини дастрасии бевоситаи ҷабрдидагон ба хизматрасониҳо, кумак ва ҳимоя мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Ҳангомаи ИСМАТ

Тегҳо

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Асалмо Сафарзода