Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » БОХТАР НИГИНЕСТ ДАР АНГУШТАРИНИ ХАТЛОН

Матлабҳои охирин

БОХТАР НИГИНЕСТ ДАР АНГУШТАРИНИ ХАТЛОН

«Имрӯз хуб мушоҳида мекунем, ки шаҳри Бохтар дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат, заҳмати содиқонаи сокинон, соҳибкорону шахсони саховатпешаи он ва фаъолияти самараноки роҳбарияти вилоят хеле ободу зебо шудааст».

Эмомалӣ  РАҲМОН


Мардуми шарифи шаҳри Бохтар ба ҷашни Рӯзи Парчами давлатӣ, ки ҳамасола дар фазои сулҳу ваҳдат, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, ифтихор аз соҳибистиқлолӣ таҷлил мегардад, омодагии ҳаматарафа мебинанд. Парчами давлатӣ ҳамқадами соҳибистиқлолиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ифодагари сулҳу амонӣ, ваҳдати миллӣ, бахту саодат, ватандӯстиву ватанпарварии мардуми шарифи Тоҷикистони азиз мебошад. Боиси ифтихор аст, ки Парчами давлатии Тоҷикистон дар қатори парчами дигар кишварҳо дар созмонҳои ҷаҳонӣ парафшонӣ мекунад. Ҳамзамон, он меҳри ватанро дар қалби ҳар як сокини ватани азизамон ҷо намуда, онҳоро ба ҳам муттаҳид месозад ва ба пирӯзиву меҳнати созанда баҳри ободии  ватан  роҳнамоӣ менамояд. Имрӯз Парчами миллӣ дар  раставу хиёбонҳо, кӯчаву канори роҳҳо, пештоқи корхонаву муассисаҳои шаҳр парафшонӣ дорад.


Парчамбардорони миллат

Ҷавонон неруи созанда ва бунёдкори ҷомеа маҳсуб ёфта, ояндаи дурахшони Тоҷикистон аз насли донишманду соҳибкасб ва солим вобастагӣ дорад.

Дар шаҳр ба рушд ва оммавигардонии варзиш диққати махсус дода мешавад. 3 варзишгоҳ,  мактаби варзишӣ, 32 толори варзишӣ, 93 майдончаи варзишӣ, аз ҷумла 16 майдончаи футболи хурд ва 2 майдончаи теннис дар истифодаи умум мебошанд.

Дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ дар байни муассисаҳои шаҳрӣ 19 мусобиқаи варзишӣ бо ширкати 13200 наврасону ҷавонон гузаронида шудааст. Инчунин, варзишгарон дар 10 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва як мусобиқаи байналхалқӣ иштирок карда, 80 медал ба даст оварданд, ки аз онҳо 24 медали тилло, 32 медали нуқра ва 24 медали биринҷӣ мебошад. Ба ин муносибат варзишгарони ғолиб Парчами давлатиро барафрохтанд.

Дар ин давра барои дастгирӣ ва ҳавасманд гардонидани варзишгарони лаёқатманд, аз ҷумла 5 нафар гирандагони идрорпулии президентӣ, 10 нафар барои гирифтани идрорпулии раиси шаҳр дар соли хониши 2019-2020 пешбарӣ карда шудаанд, ки 8 нафари онҳо беҳтарин варзишгарони ҷавон мебошанд.

 

Дар чанд сатр

МАОРИФ

Дар шаҳр 21 муассисаи таълимии мактабӣ ва томактабӣ фаъолият дорад. Дар онҳо 1328 омӯзгор ва мураббияҳо ба таълиму тарбияи насли наврас ва кӯдакон машғуланд, 1003 нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд. Дар соли хониши 2019-2020-ум 26 хонандаи болаёқат дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ иштирок карда, сазовори 1 медали тилло, 5 медали нуқра ва 3 медали биринҷӣ гардиданд.

Бо мақсади тақвият бахшидани донишу малакаи  хонанадагон дар шуъбаи маорифи шаҳр “Маркази  дарёфт ва рушди истеъдодҳо” таъсис ёфтааст. Дар 7 маҳфили фаннӣ хонандагони болаёқат ба дарсҳои иловагӣ ва такмили маҳорати зеҳнӣ фаро гирифта шудаанд.

ЗАНОН

Шумораи умумии аҳолии шаҳр 112 ҳазор нафар, аз ҷумла 55 ҳазору 552 нафарро занон ташкил медиҳанд. 2,8 фоизи занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда кору фаъолият доранд. Инчунин, як нафар вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олиии ҷумҳурӣ, як нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва 14 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар интихоб гардиданд, ки дар самти идоракунии давлатӣ ва қабули санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ саҳми арзанда мегузоранд.


Аҷаб шаҳри дилороӣ, Бохтар!

Шаҳри Бохтар аз иқдомҳои созанда ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, файзу баракати Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу амонии ҷумҳурӣ, саъю кӯшиши раиси шаҳр ва сокинони ободгараш ба як шаҳри хурраму зебои замонавӣ табдил ёфтааст. Дар ин ҷо барои истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ ва сабзкорӣ амалӣ шуда истодаанд. Ҳукумати кишвар, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушду ободии шаҳри Бохтар ва баланд бардоштани шароити зиндагии мардум пайваста таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. 

Маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтарро барҳақ “Нигине дар ангуштарини Хатлон” унвон кардаанд. Кас аз тамошои манзараҳои дилфиребу кӯчаю хиёбонҳои гулрезу сабзу хуррам, биноҳои бисёрқабатаи истиқомативу маъмурии замонавии он чашм канда наметавонад. Махсусан баҳори шаҳр зебост. Дар ин айёми сабзиданҳо Бохтар ҳам симояшро тағйир медиҳад, пероҳани сабз ба бар мекунад. Ва гулҳои ранги ба ранги дар байни сабзаҳо рӯйида, чаканро мемонанд. Аз шохаҳои  дарахтони сарсабзу гулбасар овози хуши парандаҳо ба гӯш мерасад.

Сокинони шаҳр ҳамроҳи кӯдакони кунҷкови худ дар домани ин зебоиҳо сайругашт карда, хушнуд мешаванд. Чеҳраҳояшон кушодаю лабҳошон лабрези ханда мегардад. Махсусан хурсандии кӯдакон аз тамошои фаввораҳо ҳадду канор надорад. Меҳмонон низ аз тамошои шаҳри озодаи Бохтар, аз ҷумла майдони «Ваҳдати миллӣ», қалъаи таърихии Қӯрғон, рӯди Хонум, гулгашти Рӯдакӣ, Ҷ. Балхӣ, осорхонаи миллӣ, китобхонаи вилоятӣ, Кохи Лоҳутӣ, Кохи Ватан ва театри мусиқӣ-мазҳакавии вилоятӣ ба номи Ато Муҳаммадҷонов дар шаҳри Бохтар як ҷаҳон таассурот мебардоранд.

Шоми шаҳр боз дилкашу назарработар аст. Кӯчаҳо чароғонанд, фароғатгоҳҳо бо рангҳои гуногун чароғон шуда, аҷаб манзараи рӯҳафзоро доранд. Дар ин вақт дар ҳар гӯшаи шаҳр нуқтаҳои яхмосфурӯшиву кабобпазӣ хизмат мерасонанд. Дар боғҳои фароғатӣ чархофалаку дигар бозиҳо дар ихтиёри кӯдаконанд. Ҷавонону наврасон бошанд, сӯйи иншоотҳои варзишӣ мешитобанд.

Майдони Парчами давлатӣ ва гулгашти 70-солагии азхудкунии водии Вахш ва Нишони давлатӣ ҷойи дӯстдошта ва сайругашту истироҳати сокинон аст. Ду мӯйсафеди нуронӣ дар курсии назди фаввора нишаста, гарм суҳбат доранд. Гоҳ-гоҳ чашмашон ба кӯдакони шӯху хушбахт афтода, чеҳраашон кушода мешавад. Яке ҷониби кӯдакон ишора карда, ба ҳампаҳлӯяш чизе мегӯяд. Ҳисси кунҷковии касбӣ маро назди онҳо бурд. Бо иҷозати онҳо дар паҳлӯяшон нишастам. Онҳо аз ин ҳама ободиву сулҳу амонӣ шукрона карда, ёди рӯзҳои сангини ҷанги шаҳрвандиро карданд.

-Хуб шуд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар давраи нооромии кишвар шуҷоату мардонагӣ нишон дода, масъулияти роҳбарӣ, тақдири ватану амнияти кишвар ва ҳифзи мардумро ба уҳда гирифт, - ёдовар шуд яке. - Алангаи ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ доман паҳн кард. Шаҳру навоҳии вилояти Хатлон, аз ҷумла шаҳри Бохтар дар муҳосираи иқтисодӣ қарор дошт, мардум азоби гуруснагиро мекашиданд.

- Рост мегӯӣ, - ба гап ҳамроҳ шуд мӯйсафеди дуюм. - Тохту този силоҳ-бадастон дар кӯчаҳои шаҳр мардумро ба воҳима овардаю сокинон аз хонаҳои худ берун намешуданд. Танҳо кӯдакону мӯйсафедон ва занҳои солрафта барои харидани нон дар назди мағоза навбат меистоданд. Бадбахтии ҷанг он буд, ки хонаю манзили мардум вайрону валангор шуд, дороиашон ба яғмо рафт.

- Хайрият он рӯзҳои шум паси сар шуданд. Эмомалӣ Раҳмон гурезаҳои тоҷикро ба манзилашон баргардонд, вайронаҳоро обод кард, ба ҳар хонадон   сулҳ овард, зиндагии шаҳрвандонро ба низом даровард. Илоҳо, Худованд пушту паноҳаш бошад, омин!

- Ҷӯра! Ин ҳама ободониҳоро бин, бовари кас намеояд, симои шаҳр ончунон дигар шудааст, ки аз гузашта гӯё осоре намондааст, - ба гирду атроф бо даст ишора карда гуфт мӯйсафеди нисбатан калонсолтар.

- Шоҳ агар одилу ободгар бошад, мулк ҳам обод мешавад,-афзуд мӯйсафеди дуюм.

... Аз ин баҳсу шукргузориҳои мӯйса-федон хушнуд шуда, бо табъи болида аз паи мушоҳидаҳои дигар шудам...

... Шаҳри Бохтар дар доираи чора-биниҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушду тараққӣ мекунад. Дар ҳамаи ин дастовардҳо, албатта, нақши созанда, сиёсати хирадмандонаю дурандешона ва заҳмату талошҳои шабонарӯзии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо   арзанда аст.

Мардуми ҳимматбаланд ва бонангу номуси шаҳри Бохтар дар оянда низ, беш аз ҳар вақти дигар, меҳнат намуда, барои боз ҳам ободу зебо гардонидани шаҳри азизи худ ва Тоҷикистони маҳбуб саҳми ватандӯстона хоҳанд гузошт.

 

Садоқат ба касб

Соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ соҳа бомаром рушд карда, то имрӯз ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст.

Дар шаҳри Бохтар ҷиҳати беҳдошти саломатии сокинон сохтори госпиталӣ, маркази ёрии таъҷилӣ, муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ (бо 5 бунгоҳи тиббӣ), 4 муассисаи хусусӣ, 22 муассисаи тиббии вилоятӣ, 17 ҳуҷраи давлативу хусусии даҳонпизишкӣ, 10 ҳуҷраи ташхиси ултрасадо ва 117 дорухона ба аҳолии шаҳр ва берун аз он хизмати тиббӣ мерасонанд.

Дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳр (КАТС) 461 мутахассис дар хизмати мардум мебошанд. Аз онҳо 103 духтурон, 262 корманди миёнаи тиббӣ ва 58 нафарро корманди хурди тиббӣ ташкил медиҳанд. Дар давраи ҳисоботӣ кормандони муассиса 85028 нафар беморонро қабул намуда, 213000 нафар шаҳрвандонро дар манзили зисташон муоинаи тиббӣ намуданд.

Мавҷи дуюми COVID-19 мардуми сайёраро ба таҳлука овард. Махсусан, сироятёбӣ аз бемории коронавирус дар давлатҳои Аврупо афзуд, ки ҳамарӯза садҳо нафарро ба марг мерасонад.

Дар ҷумҳурии мо, хушбахтона, аз таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар ва азму талоши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шиддати беморӣ коҳиш ёфтааст.

COVID-19 бемориест, ки аз кас намепурсад, ту чандсола ҳастиву чикора, дороӣ ё нодор, албатта, аз беэътиноии худ вирусашро гузаронида, оқибат бо азоб ба марг мерасонад. Аз ин рӯ, коронавирусро бояд ҷиддӣ гирифт. Барои қавигардонии имунитет бештар хӯроки серғизо, аз ҷумла сабзавоту мевагӣ истеъмол кардан лозим аст. Ҳамзамон, онҳоеро, ки бори дуюм сироят ёфтаанд, аз истеъмоли хӯроки хунук, яхмос, нӯшидани обҳои  яхин, шустани бадан бо оби сард худдорӣ мебояд. Зеро сардӣ ин бемориро фаъол мегардонад.

Риояи қоидаҳои беҳдоштӣ роҳи асосии пешгирии коронавирус мебошад. Ба ҳамин хотир дар ҷойҳои ҷамъиятӣ-бозору дохили нақлиёти мусофирбар ҳатман фосиларо (1,5-2 метр) нигоҳ дошта, ниқоб пӯшидан лозим аст. Мунтазам дастҳои худро бо маҳлулҳои антисептикии спиртдор тамиз кунед ё бо собун ва об шустушӯ намоед.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хуруҷ, паҳншавӣ ва оқибатҳои фоҷиабори бемории сироятии нави коронавирус COVID-19 дар давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон борҳо таъкид карда, хизматҳои арзанда, шуҷоати табибон ва ҳамшираҳои тиббии ҷумҳуриро махсус зикр намуданд. Аз ҷумла, иброз доштанд, ки дар чунин рӯзҳои вазнин табибону ҳамшираҳои шафқат матонату ҷасорат, намунаи  баланди ватандӯстӣ нишон доданду садоқати худро ба касби интихобкардаашон исбот карданд.

Бо мақсади пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии пайдоиши сирояти нави коронавирус гурӯҳҳои махсус дар ҳайати духтурону ҳамшираҳои тиббии муассисаҳои КАТС таъсис дода шуд. Онҳо дар байни мардуми маҳалла ва деҳоти шаҳр бо мақсади пешгирии COVID -19 корҳои безараргардонӣ ва фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондаанд. Табибон аз уҳдаи вазифаи худ дар мубориза бар зидди COVID-19 баромада истодаанд.

Мо-кормандони тиб минбаъд низ бо дасту дилу нияти пок ба мардум хизмат намуда, вазифаи худро бо масъулияти баланд иҷро мекунем.

Фарҳод Исозода,

роҳбари КАТС-и 

шаҳри Бохтар

Шаҳрсозӣ бо истифода

аз санъати баланди меъморӣ

Шаҳри ман-хонаи ман. Ин ибора ба он маънӣ гуфта шудааст, ки бошандагонаш шаҳри худро мисли хонаи худ дӯст дошта, тозаву озод нигоҳ медоранд, аз сокини ин макон будан ифтихор мекунанд. Ҳамзамон, мехоҳанд, ки кӯчаву роҳравҳо, раставу хиёбонҳояш ҳамеша тозаву озода, сабзу хурраму гулрез бошад, биноҳои баландошёнаи хуштарҳи истиқоматӣ ва маъмурӣ сохта шаванд.

Вобаста ба ин, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари худ ба шаҳри Бохтар таъкид доштанд, ки ҳангоми таҳияи лоиҳа ва бунёди иншоот аз усулҳои меъмории муосир ва миллӣ истифода намуда, ба сифати иҷрои корҳои сохтмон ва истифодаи санъати баланди меъморӣ эътибори ҷиддӣ бояд дод, то ки иншооту биноҳои бунёдшаванда ба мардум садсолаҳо хизмат кунанд.

Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқ-лолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилотҳои сохт-монии шаҳр низ корҳоро дар иншооти ҷашнӣ суръат бахшида истодаанд, ки дар натиҷа шароити зиндагии мардум боз ҳам беҳтар шуда, ҷойҳои нави корӣ таъсис меёбанд. Аз ҷумла, мувофиқи нақшаи корҳои ободониву созандагӣ бунёди 307 биною иншоот пешбинӣ шудааст. То ба имрӯз иҷрои нақша 66 фоизро ташкил медиҳад. 96 иншооти он ба соли 2020 рост омада, 76 иншоот бо таъсиси 733 ҷойи корӣ ба истифода дода шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 9 майи соли ҷорӣ дар сафари корӣ дар шаҳри Бохтар  бинои наву замонавии Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотӣ, маркази ташхиси тиббии “Дурахш”, бинои иловагии таълимии муассисаи ғайридавлатии «Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии Бохтар»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. 23 сентябри соли 2020 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сафари навбатии корӣ дар маҳаллаи Борбади шаҳри Бохтар бинои тарабхонаи “Эҳсон”, бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар, дар кӯчаи ба номи Садриддин Айнии шаҳр бинои истиқоматии 12-ошёнаи истиқоматӣ, дар маркази шаҳри Бохтар гулгашти 70-солагии азхудкунии водии Вахш ва Нишони давлатӣ, дар кӯчаи Ҷалилов муассисаи ғайридавлатии таълимии коллеҷи тиббиро ифтитоҳ карданд. Корҳои сохтмонии иншоотҳои зикргардида бо сатҳу сифати баланд ва ба меъёрҳои замони муосир ҷавобгӯ ба анҷом расонида шудаанд.

Дар давраи сипаригашта ба беҳдошти симои меъмориву зоҳирии шаҳр таваҷҷуҳ зоҳир гардида, як зумра корҳои сохтмонӣ ба анҷом расиданд. Маблағгузориҳои асосӣ аз ҳисоби ҳамаи сармоягузорон 88,9 млн сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2019-ум 7,4 млн сомонӣ зиёд мебошад. Дар баробари ин 57,2 млн сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шуд. Ҳаҷми корҳои пудратӣ 32,6 млн сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли сипаришуда 628 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Дар ин давра 24600 метри мураббаъ манзилҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудааст, ки ин нисбати соли 2019 ба масоҳати 115 метри мураббаъ зиёд мебошад.

Зикр бояд кард, ки ошёнаи аввали баъзе биноҳои бисёрқабатаи истиқоматӣ дорои таваққуфгоҳи нақлиётӣ, нуқтаҳои хизматрасонӣ ва фурӯшгоҳҳо мебошанд. Дар маҳаллаю назди биноҳои шаҳр бошад, аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ майдончаҳои варзишӣ сохта ба истифодабарӣ дода шудааст. Дар онҳо сокинони шаҳр, бахусус ҷавонон, ба машқу тамрин, мусобиқаҳои варзишӣ машғул шуда, саломатии хешро қавӣ мегардонанд. Аз ҷониби дигар наврасону ҷавонон ба ҷойи шуғли беҳуда, яъне кӯчагардиву ба дигар корҳои номатлуб даст задан, рӯ ба варзиш меоранд. Ин тадбирҳо дар навбати худ ба оммавӣ гаштани варзиш мусоидат менамояд.

Шуъбаи меъморӣ ва шаҳр-созии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар дар оянда низ фаъолияти худро бештар аз ҳарвақта ҷоннок намуда, сифати корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмониро ба роҳ мемонад. Баҳри дар доираи қонунҳои амалкунанда сохта ба истифода додани иншоотҳои давлативу хусусӣ назоратро пурзӯр менамояд.

Ҳомидҷон Мадалиев, 

сармутахассиси шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии

шаҳри Бохтар

 

Шукри даврони соҳибистиқлолӣ мекунем

Мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла шаҳри Бохтар аз таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Иҷлосияи XVI таърихиву тақдирсози Маҷлиси Олии кишвар дар Қасри Арбоб ва истиқболи Рӯзи Парчами давлатӣ болидарӯҳ гардида, баҳри ояндаи нек боварибахш гом мегузоранд. 

Бо заҳмату азму талоши шабонарӯзии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу амонӣ ва ваҳдати миллӣ тантана кард, вазъи кишвар ба низом даромад, зиндагии мардум ба маҷрои нав ҷорӣ ва ҳаёт рангин шуд. Акнун Тоҷикистони маҳбуб ба ҷаннати рӯйи замин табдил ёфтааст.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ ва иқдомҳои меъмори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ иншоотҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва инфрасохторӣ қомат афрохта, ба симои шаҳр  ҷилои тоза бахшиданд. 

Барои суръат бахшидан ба ин амалҳои созанда  Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №АП-1059 аз 22 майи соли 2018 “Оид ба корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расид. Ҷиҳати иҷрои Амри Сарвари давлат қарори раиси шаҳри Бохтар аз 21 ноябри соли 2018 таҳти №198 қабул гардид. Пас аз қабули он бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ сохтмони хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ, иншоотҳои фароғатӣ ва марказҳои хизматрасонӣ корҳои бунёдкорӣ оғоз ёфт.   Фарзандони ҳимматбаланду баору номус ба сиёсати созандаи Пешвои миллат пайравӣ намуда, ба ин иқдомҳои нек рӯ оварданд. Ин иқдомҳои онҳо аз ҷониби Сарвари давлат низ хуш пазируфта шуда, сифати корҳои иҷронамудаашон дар сохтмони иншоотҳо баҳои баланд гирифт.

Дар шаҳри Бохтар ободониву созандагиҳоро дида, шукронаи Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу осоиш, ватани биҳиштосо, Пешвои оқилу доно ва созандаву ободгар Эмомалӣ Раҳмон мекунем. Маҳз нақши бузургу созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки шаҳри мо дар даврони соҳибистиқлолӣ ба як гӯшаи зебову дилрабои ватани азизамон табдил ёфт.

 

Алишер КОМИЛЗОДА,

раиси Кумитаи идораи замини шаҳри Бохтар
Тегҳо

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Асалмо Сафарзода