Рӯҳбаландӣ аз мукофоти давлатӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 02 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 991
Сазовори ҷоизаи давлатӣ шудан, ба фикри ман, ба ҳар кас муяссар намешавад. Барои ин меҳнати софдилонаву содиқона ва аз самими қалб кор кардан лозим аст. Дар тамоми сохторҳои давлатӣ рӯзе мерасад, хизматҳои шоиста подоши худро меёбад.
Гирифтани ҷоиза моро дар рӯҳи яи баланди эҷ одк орӣ, боззи ёдтар кор кардан, кӯшишу ғайрат намудан ва там оми қуввату донишр о бар ои пешравии соҳаи маориф равона сохтан, аз ҷумла дар тарбияи дурусти насли наврас тайёр кардани кадрҳои дараҷаи илмидошта водор менамояд.
Аз дасти Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гирифтани ҷоизаи давлатӣ фахри бениҳоят баланд аст.
Баъди гирифтани ин ҷоиза дар назди мо вазифаҳои нав ба нав, масъулияти бештар гузошта мешавад. Аз як тараф агар мо рӯҳбаланд шуда бошем, аз тарафи дигар моро ин ҷоизаҳо вазифадор мекунанд, ки софдилона меҳнат кунем, дар тарбияи насли наврас саҳми худро гузорем. Миннатдории худро ба маъмурияти донишгоҳу факултет баён мекунам, чунки барои мо шароити корӣ муҳайё карданд. Мо дар шароити хуб кор кардем, ба дастовардҳо ноил гаштем.
Аз фурсат истифода бурда, ҷавононро даъват мекунам, ки бештар ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ рӯ оранд, чунки ҷаҳонбинии шахс васеъ мешавад.
Ман фикр мекунам, ки онҳо ба ҷамъият ва табиат ба таври воқеӣ бештар аҳамият медиҳанд ва сазовори кашф кардани қонуну ихтирооти нав ба нав мегарданд.
Саттор Ғаффоров,
номзади илмҳои физика ва
математикаи ДДК ба номи
Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...