Ҷоиза масъулиятамро дучанд кард
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 02 сентябр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 689
Ман миннатдории худро аввалан ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерасонам, ки барои мо - ҷавонон чунин ҷоизаҳои давлатиро таъсис додаанд. Баъдан миннатдории худро ба омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, махсусан ба устод Саттор Ғаффоров мерасонам, ки ба мо таълим додаанд. Онҳо дар тарбия кардани мо-ҷавонон бениҳоят нақши калон доранд ва махсусан чунин устодон буданд, ки мо нозукиҳои касби худро омӯхтем. Инчунин, аз маъмурият ва омӯзгорони мактаби президентӣ сипосгузорам, ки маро дастгирӣ карданд, то дар ин озмун иштирок кунам.
Ман ҳамчун омӯзгори ҷавон сазовори Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ гардидам.
Ҷавобан ба ин қадршиносии Роҳбари давлат ваъда медиҳам, ки он донише, ки омӯхтам ва меомӯзам, барои тарбия кардани насли наврас дар рӯҳияи хештаншиносӣ, худогоҳӣ ва дӯст доштани Ватан равона месозам.
Сулаймони Абдуқаҳҳор,
омӯзгори мактаби президентӣ
дар шаҳри Кӯлоб
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...