Бозёфтҳои нодири “Тахти Сангин”
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 06 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 677
Вилояти Хатлон аз аҳди бостон буда, баъзе ёдгориҳои шаҳру навоҳии он аз ҳазор то як миллион сол таърих доранд. Ёдгории 2500-солаи аз ҷониби ташкилоти мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО пазируфташудаи “Тахти Сангин”-и ноҳияи Қубодиён аз ҳамин қабил аст.
“Тахти Сангин” – бозмондаи шаҳре дар соҳили рости Амударё, поёнтар аз маҳалли ҳамроҳшавии дарёҳои Панҷ ва Вахш, дар ноҳияи Қабодиён воқеъ мебошад. Ҳафриёти маъбади Юнону Бохтар дар “Тахти Сангин” нишон дод, ки ин ёдгории динӣ дар ҷаҳони Эрон аст. Меъмории он ба анъанаҳои шарқӣ тааллуқ дорад, ки ба туфайли рушди худ дар давраи эллинӣ машҳур шудааст. Анъанаҳои нави меъмории динӣ дар охири мавҷудияти ҳахоманишиҳо ва ё дар ибтидои давраи эллинӣ пайдо шуданд.
Соли 1877 дар соҳили рости Ому, ки дарё шуста буд (дар замонҳои қадим маҷрои мобайни ин дарё бо шохобҳояш Оксус ном дошт) сокинони маҳаллӣ дар минтақаи Тахти Қубод ганҷеро, ки зиёда аз 2000 тангаи тилло ва нуқра, ашёи тиллои давраи ҳахоманишиҳову Юнону Бохтарро далолат мекарданд, ёфтанд. Ин ганҷинаҳо ба се тоҷири бухороӣ фурӯхта шуданд, ки онҳоро тоҷирон ба Ҳиндустони Шимолӣ (Покистони муосир) мебурданд. Дар роҳ тоҷиронро бодиянишинони қабилаи Гилзаи афғон ғорат карданд.
Аммо баъдтар ба шарофати дахолати як англис, ки нуфузи муайяне дошт, як қисми ганҷ ба дасти тоҷирон баргардонида шуд ва як қисми он дар ихтиёри яке аз пешвоёни бодиянишин боқӣ монд. Тоҷирон, ки ба шаҳри Равалпиндӣ расиданд, ганҷҳоро ба намояндагони маъмурияти Англия фурӯхтанд. Англисҳо он ганҷинаҳоро ба Осорхонаи Бритониёи шаҳри Лондон интиқол доданд. Дар маҷмӯъ, дар осорхона 521 тангаи тиллову нуқра ва 176 ашёи тиллоӣ ва нуқра (ҷавоҳирот барои либос, дастбандҳо, табақҳо, ҳайкалҳои ҳайвонот, табақҳои нақшдор ва дигар ашё) мавҷуд буд, ки тақрибан сеяки он чизест, ки дар ибтидо ёфт шуда буд дар соҳили Амударё. Ин ганҷҳо, ки то ҳол дар Осорхонаи Бритониё маҳфузанд, ганҷи Амударё ё “Ганҷи Оксус” номида мешуданд.
“Истеъдоди санъаткории бохтариёни қадим, ҳунари заргарии ҳайратафзои онҳо дар бисёр ашёи “Дафинаи Амударё” ба таври барҷаста муҷассам гардидааст. Чунончи, аробаи дучархаи ҷангии тиллоӣ, ҳайкалчаи нуқрагии одам, сафҳаи тиллоие, ки дар рӯи он сурати барҷастаи одам кашида шуда, либос ва аслиҳаҷоти ӯ бо тамоми ҷузъиёташ тасвир ёфтааст, бозубанди тилло, ки нӯгҳои он ба шакли сари буз зиннат дода шудааст, муҷассамаи тиллоии гавазн ва бисёр чизҳои дигари моҳирона сохташуда далолати ҳунармандии ин мардум будааст» (Ғафуров Б. Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим, асри миёна ва давраи нав. Душанбе: “нашриёти муосир”, 2020. – саҳ.103)”.
Мавқеи ҷойгиршавии “Тахти Сангин” дар ҷойи муносибу мувофиқ аз ҷониби тарроҳон хуб бино ёфтааст, ки намунаи осори боқимондааш ин шаҳристон аст. Ин ёдгорӣ дар гузашта аз самти ғарб бо кӯҳҳои баланд ва аз самти шарқ тавассути рӯди бузург ҳимоя мешуд. Яъне душман наметавонист ба осонӣ вориди шаҳр гардад. Аз самтҳои ҷануб ва шимол меъморони даврон ду қатор деворҳои азиму устувор сохта буданд.
Мавзеи “Тахти Сангин” ҳудуди 75 гектарро ишғол намуда, 2 километр тӯл мекашад. Дар рӯ ба рӯи қалъаи “Тахти Сангин”, дар соҳили Афғонистон, қалъаи Тахти Қубод воқеъ аст. Ин иншоотҳо дар як макони мувофиқ дар наздикии гузаргоҳи Мелӣ ҷойгир буданд, ки аз замонҳои қадим то асрҳои миёна дар Амударё фаъолият мекарданд. Дар шаҳр ду дарвоза -даромадгоҳу баромадгоҳ буд. Дар паҳлу ва қад-қади деворҳо бошишгоҳҳои посбонон ва муҳофизон, дар самти шимол ва ҷануб корвонсаройҳо ва касабаи ҳунармандону косибон қapop дошт. Тарҳи иморатҳо аз завқи баланди устокоронаи меъморон гувоҳӣ медиҳанд.
Соли 1976 бостоншиносони Шӯравӣ ба ҳафриёт дар яке аз ду шаҳраки гузари Тахти Қубод (ба номи қаҳрамони «Шоҳнома») шурӯъ ба ҳафриёти бостоншиносӣ карданд. Ин шаҳраки сангин, ки онро бостоншиносон “Тахти Сангин” номидаанд, дар ҳақиқат нотакрор гардид. Дар худи маркази шаҳрак маъбади қадима кофта шуд, ки онро «Маъбади Окс» меномиданд. Он ба худои дарё бахшида шуда буд, ки парастиши он аз замонҳои қадим дар ин ҷо вуҷуд дошт. “Маъбади Оксус” аз ҷиҳати меъморӣ хеле хуб нигоҳ дошта шудааст. Бозёфтҳои аз “Тахти Сангин” пайдошуда ҳоло дар Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе маҳфузанд.
Самандар Раҷабалиев,
омӯзгор аз ноҳияи Кӯшониён
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00