Далелҳои ҷолиб
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 919
Эйнштейн низ ба монанди дигар нобиғагони олам баъзе хислатҳои аҷиб дошт. Масалан, ӯ ҳеҷ гоҳ ҷӯроб намепӯшид ва онро бефоида меҳисобид.
Тибқи оинҳои мардуми Кения домод пас аз оиладор шудан як моҳ либосҳои занона пӯшида, тамоми корҳои занонаро иҷро мекунад. Ин ба он хотир аст, ки зан будану корҳои занонаро анҷом додан кори саҳлу осон нест.
Ҳар дақиқа дар ҷаҳон ду маротиба заминларза ба қайд гирифта мешавад.
Шер ягона ҷонваре мебошад, ки дилаш дар тарафи чап нею дар тарафи рост ҷойгир аст.
Донишгоҳи қадимтарини то ҳол амалкунанда дар шаҳри Болини Италия мебошад, ки соли 1088 сохта шудааст.
Моҳиҳо чеҳраи одами дидаашонро фаромӯш намекунанд.
Одам қариб нисфи умри худро дар кор мегузаронад.
Ягона ҳайвоне, ки метавонад хандад, ин каламӯш мебошад.
Дар ҷаҳон танҳо 3% одамон кори худро дар ҳақиқат дӯст медоранд.
Дар як рӯз мардҳо наздики 7 ҳазор калима истифода мебаранд, занҳо бошанд, наздики 20 ҳазор калима.
Маълумотҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки одам дар тӯли умраш наздики 100 ҳазор километр роҳ мегардад.
Занҳо нисбат ба мардон таъмро хубтар ҳис мекунанд.
Пойафзоли пошнабаланд асосан барои мардҳо таҳия шуда буд.
Ба ҳисоби миёна бо оҳане, ки дар таркиби бадани одам аст, метавон се мех сохт.
Кетчуп солҳои 1830 ҳамчун доруфурӯхта мешуд.
2520 рақами хурдтарине аст, ки ба 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9 бебақия тақсим мешавад.
Таҳияи ҶАСУР