Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » 89 ҷарроҳии чашм ройгон анҷом ёфт


89 ҷарроҳии чашм ройгон анҷом ёфт



Бо мақсади дастрасии бештари аҳолии ҷумҳурӣ ба ташхису табобати бемориҳои чашм дар соли 2021 аз ҷониби мутахассисони бемориҳои чашм дар шаҳри Кӯлоб ба 89 нафар беморон амалиёти ҷарроҳӣ тариқи ройгон анҷом дода шуд.

Тавре ки аз дафтари матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар доданд, ҷиҳати фароҳам овардани дастрасии аҳолӣ ба ҷарроҳиҳои мураккаб ва гаронарзиш, дар соли 2021 дар муассисаҳои тиббии мамлакат 2381 амалиёти ҷарроҳӣ дар дилу рагҳо (дар соли 2020 - 2021 амалиёт), 1601 амалиёти ангиография (дар соли 2020 - 1 235) ва 782 амалиёти ангиопластика ва стентгузорӣ (дар соли 2020 - 677), ба 452 нафар беморон амалиёти ҷарроҳии иваз намудани буғум ба буғуми сунъӣ (дар соли 2020 - 155) ба 115 нафар бемор (дар соли 2020 - 97 нафар бемор) амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии гурда ва ба 14 нафар (дар соли 2020 - 15 нафар) ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар гузаронида шудааст. Бояд қайд намуд, ки аз ҷониби ҷарроҳон дар давоми соли 2021 ба аҳолии кишвар дар маҷмӯъ 134 усули нави табобат пешниҳод карда шуд.


http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода