Чаро роҳҳои маҳаллӣ аз назари раис дур монданд?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 11 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 966
Дар шумораи №1-и рӯзномаи “Хатлон” матлаберо бо номи «Ваъдаҳои раисӣ -2022» хондам, ки баъзе раисони шаҳру навоҳии вилоят бо мақсади огоҳ намудани бошандагон чанд ҳадафи амалишавандаро пешниҳод кардаанд ва ваъда ҳам додаанд, ки дар соли 2022 онро амалӣ менамоянд. Воқеан, ин иқдом боиси дастгирист. Дар ин миён раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Гулзода Зафар Шамсуддин низ қарор дошт ва оид ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии сокинон, бунёди кӯдакистон ва литсей барои хонандагони болаёқат ва бунёду азнавсозии роҳҳо ваъда додааст. Ман, ҳамчун сокини ин ноҳия, мехоҳам мушкилоти дигареро ба самъи раиси ноҳия расонам, ки ба он ҳам бояд таваҷҷуҳ карда шавад. Роҳи Ҷамоати деҳоти «Чагам», ки ин ҷамоатро бо шаҳри Кӯлоб мепайвандад, солиёни зиёд ҳамчун осебпазир ҳисобида мешаваду дар пайи омадани селу ярч ба хоҷагии халқ хисорот овардааст.
Арзиши пул аз ҳаёти инсон боло аст?
Чагам, ҷамоате, ки дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин аст, роҳи асосияш бо шаҳри Кӯлоб ҳудуди 23 километрро ташкил медиҳад ва хатарҳо дар фасли тирамоҳу замистон ва баҳор ба сари мусофирону ронандагон бештар ба мушоҳида мерасад. Аз ин роҳи пурпечутоби ноҳамвор сокинони 9 деҳа гузар мекунанд, ки инҳо Чагам, Чагами боло ва Чагами поён, Бодомту, Назарбойӣ, Деҳдарозак, Раҳмонобод, Тошбулоқ мебошанд. Ҳоло дар бораи сарсонии ронандагон ва корношоям шудани нақлиёташон чизе намегӯем, ки ин мушкилии дигар асту онҳо ҳар сол ва шояд моҳ андози нақлиёташонро барои истифодаи роҳ диҳанд, пас, чаро роҳашон бояд таъмиру созгор набошад? Оё инҳо ин ҳақро надоранд?
Умедворӣ то ба кай?
Ин ҷо масъалаи асосӣ 18 гардиши мушкилгузари роҳ ва ғори тақрибан 10 метраи даромадгоҳи ҷамоати Чагам равона мекунем, ки дар айёми боронҳо бархе аз сокинон бо сабаби набудани пул чорво, нақлиёт ва ҳолатҳое шудаанд, ки наздиконашонро аз даст додаанд.
Пули интизори маблағ...
Соли равон бо тағйирёбии иқлим ва омадани сели бармаҳал ҷони се ҷавони узви як оиларо рабуд. Доғ дар дил монд ва то кунун касе барои бунёди пул чора наандешидааст ё шояд интизори соҳибкоре ҳастанд, ки аз ҷайби хеш онро созад, ё мардум ду молу захираи дар хонааш бударо, ки он ҳам барои рӯзҳои мабодоаш аст, сарф карда роҳ созад...
Се қурбонӣ аз як оила
Бармегардем сари се шахси аз як оила фавтида, ки ҳамагонро ҷигаркабобу ғуссадор кард. Баъди ин фоҷиа раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ва Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва собиқ раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз аҳволи ин оила бохабар шуданд ва кумакҳои молӣ низ расониданд. Ҳамин айём дилгармӣ дар ниҳоди сокинони Ҷамоати деҳоти «Чагам» пайдо шуд. Чаро? Ба он хотир, ки роҳбари вилоят ва Сарвазири кишвар аз роҳҳои ноҳамвор дидану гузар мекунад ва ба мушкилии чандасраи мардуми ранҷдида хотима мебахшанд.
Оё рост аст?
- Пулро роҳашро пайдо карда месозем, ин суханҳое буданд, ки сокинон бо такя аз суханҳои роҳбарони мақомоти болоӣ гуфтанд. Мо низ то ҳол умедро накандаем.
Хулоса
Ваъдаи раиси ноҳия, ки дар рӯзномаи вилоятии «Хатлон» нашр шуд, банди дуюмаш ба ҳамин масъала равона ҳаст, вале танҳо маркази ноҳия, чаро роҳҳои маҳаллӣ не? Ҳамон ҷавоби бештари раисон, нақшаи буҷет иҷро шавад! Аз раиси навини ноҳия умеди калон дорем ва боварӣ ҳаст, бо ҳар роҳе ин проблемаро ҳал мекунад ва номи некашро абадӣ миёни сокинони ранҷу осебдида боқӣ мегузорад.Манучеҳр Ҳасанов, сокини ноҳияи Ш. Шоҳин
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
4-12-2021, 12:59
Шоир ва публитсисти шинохтаи тоҷик Мирсаид Миршакар яке аз нахустин муҳаррирони нашрияи «Сохтмони...