Вусъати ободкориҳо дар Қубодиён
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 11 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 1 052
Соли 2021 дар ноҳияи Қубодиён дар доираи корҳои ободонию созандагӣ бо ҷалби соҳибкорон ва аҳолӣ 9,5 км роҳ асфалтпӯш, 13 км шағалпӯш, 3 адад пулу 7 адад қубур дар роҳҳои аҳамияти байналмилалидошта таъмир гардид.
Дар баробари ин, ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба дарозии 9,9 км хати уфуқӣ кашида шуда, 32 адад аломати роҳ насб гардид, сохтмону таъмири деворҳои кӯчагӣ 26 км, сохтмони ҷӯйборҳои обгузар 3 км, насби 6 ҳазор фурӯзонак, тоза кардани 47 км ҷӯйборҳои обгузар, сохтмони 30 адад пули пиёдагарду автомобилгард дар деҳот, тоза кардани 60 км заҳбуру заҳкашҳо, шинонидани 109 ҳазор гулу гулбутта, шинонидани 16 ҳазор бех ниҳол, дар маҷмӯъ, ба маблағи умумии 24,7 миллион сомонӣ корҳо иҷро гардиданд. Дар доираи нақшаи чорабиниҳои бахшида ба ин санаи муҳими таърихӣ дар ноҳияи Қубодиён 163 адад иншооти ҷашнии таъйиноти гуногун сохта ба истифода дода шуданд, ки фаъолияти онҳо дар рушду пешрафт ва тараққиёти маҳал таъсири мусбат мерасонанд.