Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » 200 хориҷӣ соҳиби иҷозатномаи кор шуд


200 хориҷӣ соҳиби иҷозатномаи кор шуд



Дар соли 2021 ба 200 нафар шаҳрвандони хориҷии ҳудуди вилояти Хатлон иҷозатнома барои кор аз тарафи Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилоят дода шудааст.

Ба иттилои Самад Саидзода, сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилоят, аз ҷумла ба 170 шаҳрванди Ҷумҳурии Халқии Хитой, 2 шаҳрванди Швейтсария, 12 шаҳрванди Испания, 8 шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Эрон, 3 шаҳрванди Ҷумҳурии Ҷопон, 4 шаҳрванди Филиппин ва як шаҳрванди Афғонистон иҷозатнома дода шудааст. Дар ҳудуди вилояти Хатлон 39 субъекти хоҷагидори дорои иҷозатномаи ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар онҳо 636 нафар шаҳрвандони хориҷӣ фаъолият менамоянд. Ҳамзамон, дар ин ширкатҳо 4365 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла 225 нафар муҳоҷирони меҳнатие, ки вурудашон ба хориҷи кишвар мамнӯъ мебошад, низ бо кор таъмин гардида, фаъолият карда истодаанд, ки таносуби бокортаъминкунии шаҳрвандони ватанӣ дар ширкатҳои хориҷӣ (85,5% ба 14,5%) ташкил медиҳад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода