Кишти ғалла барзиёд иҷро шуд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 11 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 1 363
Дар вилояти Хатлон нақшаи кишти ғалладонагиҳо барзиёд иҷро гардида, тибқи маълумоти раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, ба ҷойи 97500 гектар дар майдони умумии 107 ҳазору 947 гектар ғалладонагӣ кишт карда шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ба ҳолати 31 декабри соли 2021, дар вилоят дар майдони 10968 гектар сабзавот кишт шудааст. Тибқи нақша, боз дар масоҳати 1172 гектар анвои мухталифи сабзавот корида мешавад. Дар Вазорати кишоварзӣ ҳамчунин хабар доданд, ки то санаи 31 декабри соли 2021 дар кишвар дар майдони 76,7 гектар гармхонаҳо кӯчати сабзавот гузаронида шудааст, ки аз он помидор 36,2 га, бодиринг 19,4 га ва дигар намуди сабзавот 21,2 гектарро ташкил медиҳад. Ҳаҷми истеҳсол ба ҳамин сана аз гармхонаҳо ҳамагӣ 2013 тоннаро дар бар мегирад, ки аз он помидор 915,5 тонна, бодиринг 610,7 тонна ва дигар навъи сабзавот 486,9 тонна мебошад.