Панҷгоникҳо яксола шуданд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 30 декабр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 1 659
Модари тифлакони панҷгоник орзу дорад, ки як писараш журналист ва дигараш духтур шавад.
Дар арафаи Соли нави милодӣ гурӯҳи эҷодии рӯзномаи «Хатлон» барои дидорбинии тифлони панҷгоник ба ноҳияи Қубодиён рафтанд. Бояд қайд намуд, ки Соли нави милодии 2022 бо аввалин солгарди панҷгоникҳои ҷаҳоншумул рост меояд, яъне онҳо 30 декабри соли 2020 ба дунё омада, ҳамакнун яксола шуданд. Ба ҳамин хотир, аз номи рӯзномаи «Хатлон» ба тифлони панҷгоник туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуд.
Тамоми сол мавзӯи сарнавишти тифлони панҷгоник, вазъи саломатӣ, нигоҳубини онҳо зери таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа қарор дошт. Ин аҷиб нест, зеро тавлиди баякборагии панҷ тифл на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ, рӯйдоди бесобиқа ба ҳисоб меравад.
Бояд қайд намуд, ки дар давраи ҳомиладорӣ ва пас аз ба дунё омадани панҷгоникҳо, модар ва тифлони навзод зери назорати табибони баландихтисос қарор доштанд.
Баробари ворид шудан ба хонаи пур аз гаҳвора моро ҳиссиёти аҷибе фаро гирифт. Ҳасану Ҳусейн дар рӯйи дастони падару модар, Фотима, Зуҳро ва Бибиоиша дар гаҳвора бо забони ширини кӯдакона ҳарф мезаданд. Боварии кас намеояд, ки ин панҷ тифл имрӯз яксола шуданд.
Албатта, шабҳои бедорхобӣ, заҳмати парасторию тарбияи тифлон мушкил аст, аммо баякборагӣ панҷ тифли ҳамсинну солро нигоҳубин кардан барои волидон Дилноза Мамадова ва Раҳмон Нормуродов мушкилтар мебошад. Хушбахтона, ба қавли модари тифлакон, саломатии онҳо то имрӯз хуб аст. Вазн, фаҳмиш ва ҳаракати онҳо аз рӯйи меъёр аст. Панҷгоникҳо аллакай барои роҳ рафтан ҳаракат мекунанд ва бо кӯмаки модар роҳ мегарданд. Аммо, фарзанди калонӣ Ҳасан нисбат ба дигарҳо ҳушёртару зирактар аст. Бибиоиша бошад, дар миёни акаву хоҳарон охирин ба ҳисоб меравад, аммо, аввалин шуда дандон баровардааст.
Волидон мегӯянд, ки агар яке аз панҷгоникҳо бигиряд, бедор шавад ё ба хоб равад, дигарон ҳам қариб ба якборагӣ хоб мераванд, бедор мешаванд ва ё мегирянд. Барои ҳамин, нигоҳубину ғамхории онҳо ва навозиш карданашон аз волидайн неру ва масъулияти бештар мехоҳад.
Ёдовар мешавем, ки тифлони панҷгоник 30 декабри соли 2020 ба дунё омада буданд. Волидайни панҷгоникҳо Ҳасан, Ҳусейн, Фотима, Зуҳро ва Хатича аз ҳадяи қисмат розӣ ва шукргузоранд. Дилноза, гарчанде модари ҷавон аст, вале бахубӣ аз уҳдаи нигоҳубини тифлакони хеш мебарояд. Ба ӯ ҳамсар, хушдоман ва ҳамсояҳо низ кӯмак мерасонанд.
Рӯзи 1 июни соли 2021 раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба аёдати ин тифлакон ба ноҳияи Қубодиён омада, ба волидонашон калиди дари хонаи чорҳуҷрагиро, ки дар он тамоми шароити мусоид барои нигоҳубини фарзандон фароҳам оварда шудааст, дар вазъияти тантанавӣ тақдим намуд. Аз номи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Озода Раҳмон низ ба ин хонавода кумакҳои моддию молиявӣ расонида шуд. Дилноза ва Раҳмон, ки қабл аз панҷгоникхо боз ду фарзанди дигар доштанд, ҳоло дар манзили нави истиқоматиашон ҳафт фарзандро тарбия мекунанд. Онҳо аз дастгириву ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумат изҳори сипосу хушнудӣ менамоянд.
Қобили зикр аст, ки бо тавлиди тифлони панҷгоники Дилноза Мамадова ва Раҳмон Нормуродов, дар авлоди онҳо шумораи дугоникҳо ва панҷгоникҳо ба 13 нафар расидааст. Яъне, то ин вақт хешони наздики Раҳмон соҳиби 4 дугоники дигар будаанд.
Мо дар арафаи Соли нави милодӣ ба ин панҷ ахтар, панҷ тифлаки дӯстрӯ саломатӣ ва умри дароз таманно дорем. Орзумандем, ки онҳо солиму солеҳ ба воя бирасанд ва фарзандони сазовори давр гарданд. Ба волидайн, бахусус, модари тифлакон тансиҳатии бардавом ва нерумандӣ мехоҳем.
Ҳангомаи ИСМАТ,
Набиҷони САИД АБРОР,
“Хатлон”