Нархи иҷозатнома боло меравад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 20 декабр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Хабарҳо, Боздид 1 090
Бинобар боло рафтани нишондиҳанда барои ҳисобҳо аз аввали соли 2022 нархи иҷозатномаи яксола барои сиёҳ кардани шишаи мошинҳо дар Тоҷикистон афзоиш меёбад.
Нархи сиёҳ кардани шишаи мошинҳои бароришашон баъди 1 январи соли 2005 аз оғози соли оянда 5 ҳазору 504 сомонӣ хоҳад шуд. Феълан ин нишондиҳанда 5 ҳазору 160 сомонист. Ин болоравӣ ба далели афзоиши нишондиҳанда барои ҳисобҳо мебошад, ки аз 1 январи соли 2022 аз 60 сомонии феълӣ ба 64 сомонӣ баробар хоҳад шуд.
Бар асоси муқаррароти ҷорӣ, дар Тоҷикистон арзиши сиёҳ кардани шишаҳои мошинҳои бароришашон то 31 декабри соли 2004 ба 65 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар аст, ки аз 1 январи соли 2022 он муодили 4 ҳазору 160 сомонӣ хоҳад буд.
Ин нишондиҳанда барои мошинҳои соли бароришашон аз 1 январи соли 2005 то ҳол 86 нишондиҳанда барои ҳисобҳост, ки аз оғози соли оянда 5 ҳазору 504 сомониро ташкил хоҳад дод.
Соҳиби мошини истеҳсолаш то соли 2005 метавонад ба ивази 35 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки аз 1 январи соли оянда 2 ҳазору 240 сомониро ташкил хоҳад дод, танҳо шишаҳои дарҳои паҳлуии қафо ва шишаи қафоро сиёҳ кунанд. Танҳо барои шишаи қафо арзиши яксолаи сиёҳкунӣ 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо – 448 сомонӣ хоҳад буд.
Барои мошинҳои истеҳсолашон баъди 1 январи соли 2005 нархи сиёҳ кардани шишаҳои дарҳои паҳлуии қафо ва шишаи қафо аз аввали соли оянда ба 2 ҳазору 880 сомонӣ хоҳад расид. Танҳо шишаи қафо 12 нишондиҳанда – 768 сомонӣ хоҳад буд.