Дар хазон омаду баҳор овард
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 06 декабр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо / Чеҳранигорӣ, Боздид 957
Шоҳмузаффар Ёдгорӣ моҳи январи соли 1940 дар деҳаи Бузкушаки ноҳияи Ховалинг ба дунё омад. Баъди хатми мактаби миёнаи деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ, соли 1962 факултаи таъриху филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба итмом расонд. Ш. Ёдгорӣ охири солҳои 50-ум ва аввали солҳои 60- уми қарни гузашта ба майдони адабиёт ворид гардид. Чун ба адабиёт ва рӯзноманигорӣ шавқ дошту шеъру мақолаҳояш пайваста дар матбуот чоп мешуданд, ӯро барои кор ба рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (имрӯза «Ҷумҳурият») даъват карданд. Шоҳмузаффар Ёдгорӣ дар ин даргоҳ солҳои зиёд ба ҳайси ходими адабӣ ва мудири шуъба фаъолият намуд. Пасон, дар вазифаҳои корманди масъули Идораи тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, сармуҳаррири рӯзномаи собиқ вилояти Кӯлоб «Роҳи ленинӣ», котиби масъули шуъбаи Иттифоқи нависандагон дар минтақаи Кӯлоб, сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва мудири шуъбаи назми нашрияи адабии «Садои Шарқ» кор карда, дар рушду инкишофи адабиёт, матбуот ва фарҳангу маънавияти тоҷик саҳми арзанда гузошт.
Соли 2009 бар асари беморӣ реҳлат кардааст.
Ӯ сармуҳаррири «Ҷумҳурият» таъйин шуд, сармуҳаррири рӯзномае, ки панҷ моҳ ё бештар аз он нашр намегардид.
Ӯ сармуҳаррир таъин шуд ва ҳайати эҷодии парешонгаштаро асосан ҷамъ овард. Ҷамъ омадему гуфтем: «Ногузир боз пароканда мешавем».
Охир, идора пул надорад, чӣ гуна метавон рӯзнома баровард? Соле ё камтар аз он бе музд, бе пул кор кардем. Ва ҳам аз нав ташкил намудани кор, ба ҷараён даровардани он бо чунин як ҳайати дилмондаву пароканда ғайриимкон ба назар мерасид. Дар он рӯзгор ба он маоши рамзӣ ба рӯзнома ҷалб кардани мутахассисон ба нохун роҳ дар хоро буриданро мемонд.
Дар чунин як вазъият танҳо ӯ - Шоҳмузаффар Ёдгорӣ метавонист бори вазнину сангини масъулияти роҳбариву эҳёи рӯзномаро бар дӯш бигирад. Бо он шуҳрате, ки ӯ дар кишвар ва зиндагии орому осудае, ки дар шаҳри Кӯлоб дошт, касе дигар ҳеҷ ба пойтахт намеомад ва бо доштани чунин масъулияти бузургу вазифаи баланд барои чор сол иҷоранишин намешуд.
Мо гоҳҳо ба ҷойи ӯ бо нигаронӣ меандешидем ва изҳор медоштем, ки оҳ, агар ӯ, ба он шуҳрате ки дорад, дар эҳёи рӯзнома муваффақ нагардад...
Ва ҳам мегуфтем, ки оҳ, агар ӯ ба вазнинии рӯзгор, ранҷи кӯчидан аз як хонаи иҷора ба хонаи иҷораи дигар бо аҳли байту маоши андак тоб наёрад...
Дигаронро намедонам, аммо ман то ҳанӯз чун ӯ роҳбар, сармуҳаррири идеалиро вонахӯрдаам. Мепиндоштам, ки ӯро мешиносам, аммо дар он рӯзгор, яъне замони ҳамкорӣ ва ҳам баъд, дарёфтам, ки на ҳар кӣ дар канори баҳр нишасту бар мавҷу дуриҳои он назар намуд, ба асрор, хоса умқи он, роҳ меёбад.
Бо ҳар нафар дар сатҳи бисёр баланди инсонӣ ва дар айни замон бисёр одӣ муносибат мекард. Эҳсос намешуд, ки бо шумо сармуҳаррир суҳбат дорад. Чун падар, чун бародар, чун дӯсти содиқ ба дунёи кас ворид мешуд. Ва ин вуруд файз дошт, чун насими баҳорӣ муждаи сарсабзӣ ва шукуфоӣ меовард.
Дар ёд надорем, ки касеро дар муддати панҷ соли сарварияш ранҷонда бошад. Дар ислоҳу рафъи норасоиву камбудӣ ба кас ёрӣ медод ва онро зуд фаромӯш менамуд.
Ӯ мегуфт, дар ин нашрия доштани истеъдод кофӣ нест, бояд рӯзноманигор ба давлат, миллат, садоқат дошта бошад, дар мактаби он нахуст худро тарбият бидиҳад ва баъд дигаронро ба роҳи росту созандагӣ, эҳтироми муқаддасоти он ҳидоят созад. Ӯ мегуфт: «Оинаи ҳамдигар бошед ва ин оинаҳоро покизаву пурҷило нигоҳ бидоред».
Ва ҳам изҳор менамуд: «Дар куҷову дар кӣ камбудӣ нест? Дар шароити имрӯзи кишвар бештар аз хусуси дастовардҳо, ободкориҳо, пешравиҳо, меҳру муҳаббат нависед».
На, на, ӯ ҳаргиз муқобили нашри матлабҳои танқидӣ набуд. Баръакс, чунин мавзӯъҳоро худ пешниҳод менамуд. Ба рӯзноманигор дар шинохту ҳалли дурусти он мадад мерасонд. Рӯҳи муаллифро мебардошт, ба ӯ ҷасорат мебахшид. Мегуфт, пас аз танқид ҳеҷ неруе пайдо намешавад, ки ба зидду рағми рӯзноманигор бибарояду фаъолият намояд.
Агар дуруст баррасӣ шаваду таҳқиқ гардад, дар он рӯзгори вазнини сиёсиву иқтисодӣ ҳеҷ воситаи ахбори оммае мисли «Ҷумҳурият» дар ошкору рафъи камбудиҳо бо ҷасорату мардонагӣ саҳм нагирифтааст. Аммо ӯ ҳеҷ намехост танқид ба хотири танқид бошад. Ва ҳам намехост аз он танқид бӯи ғарази сиёсиву манфиатҷӯии дигар кишварҳову созмонҳои хориҷӣ биёяд.
Мегуфт: «Танқид бояд ба хотири созандагӣ сурат бигирад. Танқид бояд беғаразона бошад. Аз нохун чирк кофтан аз ҷавонмардӣ нест. Аз норасоиву камбудиҳои ҷузъӣ набояд ҳангома бисозем. Ҳаргиз фурӯхта нашавем, ки дигар харидор намеёбем ва обрӯи рехтаро наметавонем бибардорем».
Ӯ тухми муҳаббату садоқат ба Ватанро дар замини дилҳо мекишту мепарварид. Ӯ ба ояндаи дурахшони давлату миллат ба туфайли мову дигар муаллифон хонандагонро умедвор месохт.
Ҳар он чӣ мо имрӯз мебинему ба он ифтихор мекунем, ӯ ҳанӯз он рӯзгор медиду бо меҳру самимият аз он ҳикоят мекард. Аз ҳар дастоварди давлату миллат шод мешуд ва ин шодиро ба дигарон тақсим менамуд.
Хуб дар хотир дорам, ки чигуна аз ислоҳоти маориф мегуфт. Бо суҳбати гарму ҷолиби ӯ пеши назар меовардем, ки чӣ гуна вагонҳо ё худ синфхонаҳо аз миён бардошта мешаванд, садҳо мактабҳои замонавиро дар ҷойи онҳо месозанд, китобҳои дарсӣ аз нав таълиф мешаванд, хонандагон дар озмунҳои байналмилалӣ ғолиб меоянд, обрӯи кишвар дар сатҳи байналмилалӣ боло меравад, мутахассисони моро эътироф ва ба бузургтарин корҳои ҷаҳонӣ ҷалб мекунанд. Пас аз чанд рӯз як маҷаллаи олмониро овард. Хоҳиш кард, ки онро ба пуррагӣ бихонем. Хондем ва мақсадашро дарёфтем. Мехост мактаби мо дар сатҳи мактаби Олмон ва дигар кишварҳои Аврупо ҷой дошта бошад. Мехост шуъба дар ин маврид нақшаи корие тартиб бидиҳад ва матлабҳои ҷиддиву проблемавӣ таълиф намояд. Оре, ба ин васила ба маорифи кишвар ёрӣ расонад.
Мегуфт: «Агар ояндаи дурахшони кишварамонро мехоҳем, бояд ба маориф рӯ биёрем, бо ҷиддият, эҳсоси масъулият». Ва баъд аз дастовардҳои кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, ки туфайли пешрафти ин соҳа ба он ноил гардидаанд, мисолҳо меовард ва таҳлил мекард.
Як сарвар, як роҳбар, як сармуҳаррире буд, ки тамоми соҳаҳоро беҳтар аз ҳама кормандонаш медонист ва бо навтарин маълумотҳо ошноӣ дошт.
Ба ҳуҷраи кориамон меомад. Гӯиё як сари қадам даромадаасту аз аҳволамон мехоҳад бохабар шавад. Баъд, дар рафти суҳбат супоришашро, ки дар сурати хоҳиш буд, медод. Гуфтугӯ боз идома меёфт. Аз рӯзгорамон, аз мушкилотамон мепурсид ва пас аз он маслиҳат медоду ёрӣ мекард.
Қудрату тавоноӣ ва ҳунари ҳар коргарро хуб медонист. Вобаста ба он супориш медод. Супоришҳо зина ба зина мураккабтар мегардиданд, аммо ин мушкил, мураккабӣ ҳеҷ эҳсос намешуд. Бо ин усул ҳар нафарро поя-поя ба болотар мебурд.
Ҳама барои беҳтар намудани сифати рӯзнома ва чопи он мекӯшид. Ҳама дар ин кор ба якдигар ёрӣ мерасонд. Чунин як муҳити солимро ӯ дар андак замон тавонист, ки ба вуҷуд биёрад. Рашк, бухл, кина ва дигар сифатҳои бад на танҳо барояш бегона буд, балки онҳоро аз ҳар ҳамкору ҳамсуҳбаташ метавонист бисёр ноаён дур созад.
Соли 1980 ӯ сармуҳаррири рӯзномаи вилоятӣ дар Кӯлоб таъин гардид. Аз пойтахт, аз идораи рӯзномаи «Ҷумҳурият» рафт. Он замон ин рӯзномаи вилоятӣ ҳам фалаҷ ва кормандонаш пароканда шуда буданд. Дар андак муддат рӯзноманигорони варзидаро ҷамъ овард ва ба рӯзнома умри дубора бахшид. Он аз беҳтарин рӯзномаҳои вилоятӣ маҳсуб меёфт, дар озмунҳо ғолиб меомад.
Ва шояд ӯро ба ин хотир ба пойтахт оварданд ва вазифаи сарварӣ, сармуҳарририи «Ҷумҳурият»-ро бар уҳдааш вогузоштанд. Рӯзнома пас аз эҳё дигар пайваста мебаро- мад. Дар оғоз ҳафтае - як бор, баъд - ду бор, баъдтар - се бор. «Ҷумҳурият» дубора нашрияи Ҳукумати кишвар шуд, баъдтар муассиси он Президенти мамлакат гашт ва мақоми «Ҷумҳурият» нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста шуд. Шумораи кормандону хонандагонашро батадриҷ бештару бештар кард.
Мегуфтанду мегуфтем, ки устод Шоҳмузаффар Ёдгорӣ дар хазон омаду баҳор овард. Соли 2000-ум ба нафақа баромад, агарчи ҳеҷ яке аз мо инро намехост. Баромад ва шеърҳои зиёду ду роман навишту онҳоро ба табъ расонд. Барои романи «Васваса» барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ шуд.
Соли 1990, дар ҷашни 50 - солагиаш, ки дар шаҳри Кӯлоб бошукӯҳ таҷлил гардида буд, яке аз шоирони бузурги кишвар изҳор намуд: «Шоҳмузаффар Ёдгорӣ кори рӯзномаро аз адабиёт муқаддам донисту боло гузошт, варна бо он донишу истеъдод, ҷӯшу хурӯше, ки омада буд, аз беҳтарин шоирони даврони мо мегардид ва ба шуҳрати бештар аз ин ноил мешуд». Ва нависандае баъдтар афзуд: «Ӯ кори рӯзномаро ҳатто аз ҳастӣ, зиндагии хушу хуррам муқаддам шумурд».
Оре, дуруст аст, аммо чун ӯ марде огоҳу асил магар намедонад, ки ба кадом роҳе биравад ва чӣ кореро ба анҷом бирасонад?
Абдулқодири Раҳим