Мирсаид Миршакар: «Ҳаётамро бе водии Вахш тасаввур карда наметавонам»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 04 декабр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо / Мусоҳибаи мо, Боздид 1 794
Соли 1982 дар ҳаёти рӯзноманигории ман лаҳзаҳои хушу хотирмон дошт. Ба муносибати 50-солагии азхудкунии заминҳои зарнисори Вахш бо супориши рӯзнома бо яке аз нахустфотеҳони ин диёр, сармуҳаррири рӯзномаи “Зарбдори сохтмони Вахш”, Шоири халқии Тоҷикистон Мирсаид Миршакар вохӯрдам.
Корам омад кард. Шоири маҳбуб Миршакарро дар хонааш дарёфта, мақсадамро ба ӯ фаҳмондам. Ӯ бо камоли мамнуният ба суҳбат розӣ шуд. - Ман ҳаётамро бе водии зарнисори Вахш тасаввур карда наметавонам,- изҳор дошт бо қаноатмандӣ шоир. - Ман борҳо дар баромад ва баъзе навиштаҷотам изҳор доштам, ки беҳтарин лаҳзаҳои ҳаёти ҷҷавониам дар водии тиллоӣ, дар сохтмони зарбдори обёрикунии “Вахшстрой” гузаштааст.
Дар арсаи меҳнат обутоб ёфтам. Бо супориши комитети комсомолии кишвар ба сохтмони “Вахшстрой” ба сифати котиби комсомолии сохтмон ва муҳаррири рӯзномаи “Зарбдори сохтмони Вахш” ба ҷойи Нусратулло Абдуллоев ба кор омадам. Набзи рӯзнома баробари набзи ҳаёт тапида, ҳамқадами замони корнамоиҳои бузурги аср буд. Рӯзнома ба ду забон - тоҷикӣ ва русӣ нашр мешуд. Баробари хабару мақолаҳо беҳтарин шеърҳои шоирони тоҷику рус, ба монанди Платон Воронко, Пайрав Сулаймонӣ ва дигарон дар он чоп мешуд. Пешқадамон ситоишу қафомондагон зери тозиёнаи танқид қарор мегирифтанд.
Дар кори сохтмони умумииттифоқии “Вахшстрой” намояндагони миллату халқиятҳои гуногун фаъолона иштирок мекарданд. Мирсаид Миршакар якбора ду вазифа - муҳаррири рӯзномаи “Зарбдори сохтмони Вахш” ва котиби комитети комсомолии “Вахшстрой”-ро боварибахшона ба ҷо меовард. Мирсаид Миршакар, бо вуҷуди серкорӣ, вақт ёфта ба рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ дар бораи фаъолияти сохтмончиён мақолаҳо навишта, шеърҳо эҷод менамуд, ки ин ба коргарон рӯҳу илҳом мебахшид.
- Қувваи асосӣ дар сохтмон,- ҳикояташро идома дод М. Миршакар,- ҷавонон буданд. Корнамоӣ дар участкаҳои гуногун қариб ҳар рӯз такрор меёфт, нақшаи пешбинишударо аз меъёр зиёд ба ҷо меоварданд. Комсомолон дар сафи пеш қадам мезаданд. Василий Коночкин, Валя Ткачева, Сергей Мирошниченко, Дмитрий Гойфман барин комсомолони фаъолу ташаббускор ба дигарон намунаи ибрат буданд.
Сохтмон бо суръат давом карда, баъзан ба коргарон маводи сохтмонӣ, аз қабили семент, чӯбу тахта ва ғайра намерасид. Дар як сол дар сохтмон беш аз 10 ҳазор тонна семент, 25 ҳазор кубометр чӯбу тахта лозим мешуд. Масъалаи сохтмони роҳи оҳани камбари Панҷи Поён ва Сарбанд ба миён омад, то маводҳои сохтмонӣ сари вақт ба сохтмончиён ҷиҳати роҳи оҳан таъмин гардад. Дар муҳлати кӯтоҳ роҳи оҳан сохта ба истифода дода шуда, кори сохтмончиён осон шуд. Коргарону мутахассисон дар пешрафти сохтмон худро масъул дониста, зарбдорона меҳнат мекарданд.
Муҳандиси кордони америкоӣ ба шароити сохтмон шинос шуда, изҳор дошт, ки иҷрои кори сохтмон дар муҳлати кутоҳ дар чунин шароит ва норасоии техника имкон надорад. Ӯ аз азму иродаи устувори мардуми мо чандон огаҳӣ надошт ва ҳақиқатро надониста, моро хаёлпараст мехонд.
Ҳаёт исбот кард, ки мардуми мо дар ваҳдату сарҷамъӣ аз уҳдаи иҷрои мушкилтарин корҳо баромада метавонанд. Съезди 11-уми комсомол моҳи августи соли 1932 “Вахшстрой”-ро ба сарпарастӣ гирифта, 500 нафар комсомолонро ба ин сохтмони муҳими аср ба кор фиристод. Аз шаҳру ноҳияҳои Ашт, Исфара, Конибодом, Истаравшан, Хуҷанд ва дигар шаҳру ноҳияҳо бо даъвати кумитаи комсомолӣ ба сохтмони зарбдори “Вахшстрой” ҷавонон ба кор омада, бо неруи ҷавонӣ дар рушду нумӯи кор саҳм гузоштанд.
Ҷавонони солҳои сиюм ба маънои ҳақиқиаш ташаббускор, ғайратманду диловар буда, рӯҳи бешикаст доштанд. Муҳимтарин масъалаҳо ва корҳо саривақт ҳалли худро меёфт. Соли 1932 барои сохтмон 25 экскаваторро то Панҷи Поён оварданд. Масъалаи чӣ гуна ба Сарбанд ва участкаи якум овардани экскаваторҳо ба миён омад. С.К. Калижнюк пешниҳод намуд, ки экскаваторҳо бо ҳаракати худ ба Сарбанд барои истифода оварданд. Ин таклифи арзишманд ҷонибдорӣ ёфта, ба пешрафти кор мусоидат намуд. “Вахшстрой” ба маблағи 123 миллион рубл сохта шуда, дар корҳои сохтмонӣ 450 автомобил, 28 экскаватор ва дигар механизмҳо истифода шуданд. Соли 1929 дар водии Вахш ҳамагӣ 7 ҳазор гектар замин истифода мешуд. Дар навбати аввали азхудкунии заминҳои водии Вахш беш аз 55 ҳазор гектар замин истифода гашт.
-Ман ҳар гоҳ ки ба водии Вахш сафар кунам, - гуфт дар давоми суҳбат Шоири халқии Тоҷикистон Мирсаид Миршакар, - вуҷудам аз шодию фараҳ лабрез мегардад. Охир, ман дар ин сарзамин лаҳзаҳои беҳтарини умри азизи ҷавониамро гузаронида, аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт гузаштам. Кор дар “Вахшстрой” барои ман мактаби бузурги ҳаёт буд. Паҳлу ба паҳлу бо фидокорон, ташаббускорони панҷсолаи нахустин кор карда, аз наздик бо ҳаёт, тарзи кору зиндагӣ, характери одамон шинос шудам. Корнамоиҳои оммавии сохтмончиёнро дида, илҳом гирифта, асарҳо эҷод мекардам.
Ҷавонӣ айёми беҳтарин ва зеботарини ҳаёти инсон буда, барои ҳама азизу муқаддас аст. Ман дар даврони ҷавонӣ дар водии Вахш дӯстони наву меҳрубон пайдо карда, бо намояндагони миллату халқиятҳои гуногун шинос шудам.
Сохтмонҳои азим анҷом ёбанд ҳам, самараи дӯстии одамон абадӣ мемонад. Водии Вахш водии дӯстию бародарӣ, макони одамони бонангу номуси зиндагиофар, ободгар, сарбаланду зафарёр мебошад, ки дар шукуфоии он намояндагони ҳамаи табақаҳои ҷомеа, аз ҷумла шоирону нависандагон, ба мисли Шоири халқии Тоҷикистон Мирсаид Миршакар низ саҳми босазо гузоштаанд.
Суханони хотимавии Шоири халқии Тоҷикистон, яке аз нахустфотеҳони водии Вахш Мирсаид Миршакар ҳеҷ гоҳ аз лавҳи хотирам фаромӯш намешавад: «Насли мо-ҷавонони саодатшиору меҳнатёри солҳои сиюм дар бунёди ҳаёти нав, сохтмонҳои муҳими панҷсолаи аввалин, садҳо иншооти обёрикунӣ, роҳу кӯпрукҳо, аввалин нуқтаҳои аҳолинишин, боғу роғҳо саҳми сазовор гузошта, ҳазорҳо гектар заминҳои бекорхобидаро ба заминҳои зархез табдил доданд.
Водӣ симои худро тағйир дода, ба ҷойи қамишзор, туқайзор киштзорҳои нопайдоканори пахта, меваю сабзавот пайдо шуда, дар дили водӣ деҳаҳои сабзу хуррам қомат рост карда, аз кӯҳистони диёр бо нияти ободонӣ ва пахтакорӣ одамон ба таҳдашт фаромаданд. Кор осон набуд. Дар шароити тоқатфарсо фотеҳон ботлоқзорҳоро хушконида, қамишу туғайзорҳоро оташ зада, бо ранҷу заҳмати зиёд заминҳои бекорхобидаро ба заминҳои ҳосилхез табдил медоданд. Кадрҳои ҷавон баробари ҷумҳурии ҷавон камол меёфт».
Ҳар гоҳ ки шоир ба водии Вахш сафар мекард, шаҳру деҳоти обод, боғоту киштзорҳои сабзу хуррам, аз ҳама муҳимаш, одамони зафарёру саодатмандро дида, пораҳои ҳаёти рангини хешро ба ёд оварда, шоду сарфароз мегашт. Водии Вахш сарзамини ғолибон аст. Мардуми мушкилнописанд ба ҷангалистон, ботлоқзору қамишзор, биёбони сӯзон об бароварда, чӯлистонро бӯстони ҳақиқӣ, ба макони пахтаю меваҳои шаҳдбор табдил доданд. Имрӯз аз тамошои водии нозанину шукуфон кас шоду мамнун гашта, ба бунёдгарони он офарин мегӯянд. Имрӯз водии Вахши биҳиштосо зеби Тоҷикистон, зеби дунё шудааст. Ва дар ободӣ, сарсабзӣ, шукуфоии водии Вахши зарнисор саҳми яке аз нахустфотеҳон, Шоири халқии Тоҷикистон Мирсаид Миршакар арзанда аст.
Б. САЙДАЛИЕВ
7 майи соли 2018, №17 (3154)