Мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Темурмалик
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 1 161
21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик баъди ифтитоҳи як қатор иншооти муҳими таъиноти иқтисодию иҷтимоӣ бо роҳбарону фаъолони ноҳия мулоқоти судманд доир карданд.
Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи сокинони ватандӯст ва меҳмоннавози ноҳияи Темурмаликро бо ҷашни умумимиллӣ - 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба мардуми ноҳия барои истиқболи самимӣ ва ба соҳибкорони ватандӯст ҷиҳати дастгирии сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.
Таъкид гардид, ки диёри бостонии Кангурт аз баракати истиқлол аз нав ҷавон, зебо ва басо дилкашу ҷолиб шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарзамини бостонӣ ва қадима будани ин мавзеъи дилнишин ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки мувофиқи маълумоти таърихиву бостоншиносӣ Кангурт дар маданияти поёнии Кангуртут 5500 - сола ва маданияти болоии он, ки дар аҳди биринҷӣ ташаккул ёфтааст, 4700 - сола мебошад. Номи Кангурт аз вожаҳои қадимаи бохтариву суғдӣ таркиб ёфта, маънои “диёри паҳлавонон”-ро дорад. Мувофиқи маълумоти маъхазҳои таърихӣ ва асарҳои муҳаққиқон Кангурт аз калимаҳои “кант”, яъне шаҳр ва “гурт”, яъне “паҳлавон” ё “бузург” таркиб ёфтааст.
Тибқи гуфтаҳои олимону донишмандон ва маълумоти сарчашмаҳои муътабар Кангурт ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим зодгоҳи шахсиятҳои маъруфи илму ирфон ва донишмандони соҳибмактаб будааст ва дар ҳудуди он ҳунармандону паҳлавонони зиёд умр ба сар бурдаанд.
Номи Кангурт бори аввал соли 1221 дар солномаи таърихнигор Атомалики Ҷувайнӣ “Таърихи ҷаҳонкушой” зикр гардида, муаллифи ин сарчашма аз далериву қаҳрамонии мардуми ин куҳандиёр, ки ба муқобили аҷнабиён, яъне Чингизхон то вопасин нафас барои хоки Ватани худ истодагарӣ ва ҷоннисорӣ кардаанд, маълумот додааст.
Ин воқеаи таърихӣ далели қаҳрамонии сокинони як гӯшаи сарзамини тоҷикон бар зидди истилогарон буда, номи ин диёри бостонӣ ва қаҳрамонии мардуми онро дар таърихи миллат сабт намудааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ба ин санаи таърихӣ дар соли ҷашни 30 - солагии истиқлоли давлатии тоҷикон расо 800 сол пур мешавад.
Тибқи маълумоти сарчашмаҳои дигари таърихӣ аз ибтидои асри 16 то охири асри 17 шумораи зиёди тоҷикони ҳамворинишин ба Кангурт ва Балҷувону Муъминобод омада, дар ин мавзеъҳо муқимӣ шудаанд. Ҳамин кӯчиши қавмҳои ниёгони мо ба рушди дубораи кӯҳистони Хатлону Рашт заминаи мусоиде фароҳам овардааст.
Дар маъхазҳо зикр шудааст, ки илму маориф дар ин диёри бостонӣ дар нимаи дуюми асри 19 ва ибтидои асри 20-ум дар ҳоли бисёр пешрафта қарор доштаст. Дар он солҳо дар мадрасаҳои Кангурт ғайр аз улуми расмии динӣ, ҳамчунин, илмҳои ҳандаса, риёзиёт, кандакорӣ, хаттотӣ, муҳрканӣ ва дигар ҳунарҳо низ таълим дода мешудаанд. Илова бар ин, гуфтаҳое низ маъруфанд, ки дар тӯли давраҳои дароз беҳтарин мударрисону толибилмони мадрасаҳои асосии шаҳрҳои бузурги минтақа аз ҷумлаи намояндагони Кангурт будаанд ва шогирдони кангуртӣ ба он мадорис бидуни озмун қабул мешудаанд.
Муборизаи озодихоҳонаи мардуми Кангурт, аз ҷумла шӯришҳои Холи Кангуртӣ, Мири Надир ва Назир - паҳлавон дар даврони тираву тори амирони манғит аввалин талошҳои озодиву истиқлолхоҳии мардуми мо буданд.
Зимни суханронӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи сокинони номбардори ин диёр, аз ҷумла олимону орифон, андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки фарзандони маъруфи Кангурт, аз қабили шоир ва орифи бузург Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ, шоири халқӣ Бобоюнус Худойдодзода дар адабиёти охири асри 19 ва ибтидои садаи 20, Карими Шуш, Фаттоҳ Одина ва даҳҳо нафари дигар дар рушду пешрафти адабиёт ва мусиқиву овозхонии халқиву касбӣ ва дигар бахшҳои ҳаёти фарҳангии халқамон саҳми арзишманд гузоштаанд.
Таъкид шуд, ки дар асри 20-ум дар ҳаёти Кангурт мисли дигар ноҳияву мавзеъҳо дигаргуниҳои куллӣ ба амал омадаанд. Дар ин раванд, 23-юми ноябри соли 1930 Кангурт ба ноҳия табдил шуда, аллакай, дар солҳои 40-ум аҳолии он беш аз 38 000 нафарро ташкил медод. Солҳои 1948 - 1956 бо мақсади рушди соҳаи пахтакорӣ аксари мардуми кӯҳистони Тоҷикистон, аз ҷумла Кангурт ба водиҳои Кӯлоб, Данғара ва Вахш кӯчонида шуданд. Дар натиҷаи муҳоҷиркунӣ аҳолии ноҳия ниҳоят кам гардид ва 15-уми сентябри соли 1953 ноҳияи Кангурт барҳам дода шуд. Рушди дубораи иқтисодиву иҷтимоии Кангурт ба шарофати соҳибистиқлолӣ оғоз гардида, ҳоло қариб 19 000 нафар аҳолии Кангурт иборат аз 2354 хоҷагӣ дар ҳайати ду деҳот - Кангурт ва Ҳусайнобод зиндагӣ дорад.
Қобили зикр аст, ки муассисаҳои таълимии Кангурт бо шогирдони худ шуҳрати зиёд доранд ва дар ин минтақаи дурдасти кишварамон, бахусус, дар мактаб - интернати номдори он даҳҳо нафар шахсиятҳои шинохта таълиму тарбия гирифта, имрӯз низ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти мамлакат содиқона хизмат менамоянд ва соҳиби эҳтирому обрӯ мебошанд. Ҳоло дар мактаб - интернати Кангурт тамоми шароити зарурӣ барои таълиму тарбия, будубоши шабонарӯзӣ ва истироҳату фароғати хонандагон муҳайё карда шудааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки бо шарофати даврони соҳибистиқлолии кишвар имрӯз Кангурт дорои роҳҳои замонавӣ, биноҳои баландошёна, иншооти зиёди хизматрасонӣ, бозори муосир, беморхонаи ноҳиявӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумурданд, ки бояд аз имкониятҳои табиӣ, аз ҷумла тавассути бунёди инфрасохтори муосири сайёҳӣ ва ба роҳ мондани муаррифии ин водии зебоманзари кишвар васеъ истифода карда шавад.
Моҳи апрели соли 2015 бо дархости занону духтарони Кангурт Сарвари давлат ба роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дастур дода буданд, ки дар ин ҷо коллеҷи тиббӣ бунёд карда, ба истифода дода шавад. Хушбахтона имрӯз бинои навбунёди коллеҷ барои 250 нафар ифтитоҳ гардид. Ҳамзамон бо ин, корҳои таъмиру азнавсозии бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи рақами 30 ва боғчаи кӯдаконаи рақами 2 ба маблағи 4 миллион сомонӣ пурра ба анҷом расонида шуд.
Дар маҷмӯъ, дар деҳоти Кангурт аз 48 иншооти бо дарназардошти иншооту биноҳои иловатан банақшагирифташуда то имрӯз 43 иншоот ба маблағи умумии зиёда аз 52 миллион сомонӣ ба истифода дода шуда, дар иншооти боқимонда корҳои сохтмон дар ҳолати анҷомёбӣ қарор доранд.
Дар охири суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки раванди неки ободии Кангурти бостонӣ минбаъд низ идома меёбад ва соҳибкорону сармоягузорон бо ташкили коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ барои пешрафти диёри худ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ боз ҳам бештар саъю талош мекунанд.
Баъди суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндагони касбу кори гуногун баромад карда, Сарвари давлатро ба ноҳияи Темурмалик хайрамақдам гуфтанд. Баромадкунандагон ба роҳбари хирадпеша ҷиҳати таъмини сулҳу суботи пойдор ва фароҳам сохтани зиндагии шоиста изҳори сипос намуданд.
http://president.tj/