Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсолии “Пойафзоли Кангурт” дар ноҳияи Темурмалик
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Хабарҳо, Боздид 907
21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик Корхонаи истеҳсолии “Пойафзоли Кангурт”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Корхонаи мазкур дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Чарм” бунёд гардидааст.
Масоҳати иншоот, ки аз 3 ошёна иборат аст, 786 метри мураббаъ мебошад.
Лозим ба зикр аст, ки Корхонаи истеҳсолии “Пойафзоли Кангурт” дар асоси супоришҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ташкили корхонаҳои ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, махсусан дар деҳоти кишвар сохта шудааст.
Дар ошёнаи 1-уми бино коргоҳи дӯзандагӣ фаъолият мекунад, ки бо 30 мошинаи дарздӯзӣ ва дигар дастгоҳу таҷҳизот барои дӯхти сару либоси занонаву мардона ва либосҳои ҳарбӣ пешбинӣ гардидааст.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани коргоҳи дӯзандагӣ 40 нафар занону ҷавондухтарони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.
Барои такмили ҳунари дӯзандагии онҳо масъулин мутахассисонро аз пойтахти кишвар ҷалб намуданд. Қисме аз кормандони ин коргоҳи дӯзандагӣ, ки сокинони деҳаи Кангурт ва деҳаҳои гирду атрофи он мебошанд, то ин вақт фаъолиятро дар хонаҳояшон идома медоданд. Акнун бо бунёди Корхонаи истеҳсолии “Пойафзоли Кангурт”, чеварони маҳаллӣ корро дар шароити беҳтару хубтар идома медиҳанд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар коргоҳи дӯзандагӣ давоми 1 сол то 27 ҳазор либоси занонаву мардона ва сару либоси низомӣ дӯхта мешавад.
Дар ошёнаи 2-юми иншоот истеҳсоли пойафзол ба роҳ монда шудааст. Дар коргоҳ асосан пойафзоли чармӣ, ки дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ талабот ба он зиёд аст, истеҳсол мегардад. Вобаста ба талабот, кормандони коргоҳ пойафзолро барои наврасону калонсолон ва низомиён низ пешниҳод мекунанд.
Иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як рӯз аз 300 то 500 адад пойафзол мебошад. Роҳбарияти корхона нақша доранд, ки дар оянда истеҳсолотро дар ин самт афзун намоянд.
Дар иншооти навбунёд дар деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик дар маҷмӯъ наздики 100 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид.
Қабати сеюми бино меҳмонхонаи замонавиро дар бар мегирад. Дар он ҳуҷраҳои муосир бо катҳои хоб, иншооти ёрирасон ва ғайра ҷойгир карда шудааст.
Дар ҳудуди иншоот ҳамчунин толори намоиши маҳсулоти Корхонаи истеҳсолии “Пойафзоли Кангурт” бунёд гардида, дар он намунаи маҳсулоти корхона ба маъраз гузошта мешаванд.
Дар қисми дигари корхона мағоза низ сохта шуда, маҳсулоти Корхонаи “Пойафзоли Кангурт” ба фурӯш бароварда мешавад.
Маҳсулоти корхона дорои сифати хуб ва рақобатпазир буда, қисме аз он барои содирот пешбинӣ мешавад.
Зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхона Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҳсулоти коргоҳҳои он таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, бобати афзун намудани ҳаҷми истеҳсолот ва ба ин восита саҳмгузорӣ дар амалӣ гардидани ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.http://president.tj/