Муҳокимаи лоиҳаи Кодекси иттилоот
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 19 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 1 037
Дар шаҳри Бохтар бо мақсади баррасии Кодекси иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикиcтон мизи мудаввар доир гардид.
Дар ҷаласаи мизи мудаввар муовини раиси кумита оид ба робитаҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода, коршиносони миллӣ, аъзои гурӯҳи корӣ оид ба коркарди лоиҳаи Кодекси иттилоот Нуриддин Қаршибоев, Умрилло Меликов, Ранжет Ятимов, намояндаи МИҲД-и вилояти Хатлон Баҳром Миров, сармуҳаррирони нашрияҳои вилоятӣ, шаҳрию ноҳиявӣ иштирок карданд. Лоиҳаи Кодекси иттилоот аз 15 боб ва 247 модда иборат буда, асосҳои ҳуқуқии фаъолияти иттилоотӣ, таъмини амнияти иттилоотӣ ва принсипҳои соҳаи иттилоотро муқаррар ва муносибатҳои иттилоотиро ба танзим медарорад.
http://khatlon-ruznoma.tj/