Мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Муъминобод
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 05 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 1 039
4 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Муъминобод бо роҳбарону фаъолони ноҳия мулоқоти самимӣ анҷом дода, натиҷаҳои фаъолияти бахшҳои ноҳияро давоми си соли соҳибистиқлолӣ таҳлил намуданд.
Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи сокинони ватандӯсти ноҳияи Муъминободро бо ҷашни бузурги миллӣ ва санаи таърихӣ - 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба онҳо хушиҳои зиндагӣ ва комёбиҳои навро орзу намуданд.
Таъкид гардид, ки ҷашни муқаддаси 30 – солагии истиқлоли давлатӣ дар сартосари мамлакат, аз ҷумла дар ноҳияи Муъминобод бо шукӯҳу шаҳомати хос, бо шукргузорӣ аз сулҳу оромӣ ва суботи комили сиёсӣ таҷлил гардид. Мардуми бонангу номус ва заҳматқарини ноҳияи Муъминобод, ки таърихи қадима доранд, дар қатори сокинони дигар шаҳру ноҳияҳои Ватани маҳбубамон дар соли барои кишварамон воқеан таърихӣ корҳои ободониву созандагиро вусъат бахшидаанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мавҷудияти ёдгориҳои бузурги таърихӣ, ҳифзу гиромидошти онҳо аз ҷониби сокинони маърифатпарвару фарҳангдӯсти ноҳия ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки бо шарофати дастгирии Ҳукумати кишвар дар даврони истиқлоли давлатӣ ин диёри куҳан хеле ободу зебо гардид ва соли 1992 номи таърихии он аз нав барқарор карда шуд.
Ҳукумати мамлакат тайи сӣ соли охир барои пешрафти ин диёри баландкӯҳ, ки дорои захираҳои бузурги табиӣ мебошад, тадбирҳои зиёдеро амалӣ намуд.
Дар доираи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Муъминобод барои солҳои 2016 - 2020 барои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 33 лоиҳа ба маблағи 114 миллион сомонӣ ва дар асоси Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Муъминобод барои солҳои 2021 – 2025 123 лоиҳа ба маблағи умумии беш аз 275 миллион сомонӣ, равона гардид.
Ин диёри зебоманзар имрӯз макони сайру саёҳати на танҳо сокинони Тоҷикистон балки меҳмонону сайёҳон аз кишварҳои дуру наздики хориҷӣ гардидааст. Дар ҳудуди ноҳия инфрасохтори сайёҳӣ ва хизматрасонӣ сол ба сол рушд карда, аз ояндаи неки ин диёри биҳиштосо дарак медиҳад.
Дар муддати ҳамагӣ чанд соли охир 5 меҳмонхонаи замонавӣ бо тамоми шароити зарурии фароғату истироҳат дар мавзеи Чилдухтарон ба фаъолият оғоз кард ва имрӯз дар доираи сафари кории Сарвари давлат дар деҳаи Паҳндара боз як меҳмонхонаи панҷошёна барои 50 нафар ифтитоҳ гардид.
Бо мақсади таъмини ҳаракати мунтазами нақлиёт дар тамоми фаслҳо соли 2015 аз деҳаи Саркорон то Паҳндара ба масофаи 17 километр ва соли 2020 то ноҳияи Ховалинг роҳи ҳамвор кушода шуд.
Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат соли 2019 дар ноҳия маркази ҷумҳуриявии табобати бемориҳои дил, ки бо таҷҳизоти беҳтарини тиббӣ таъмин мебошад, ба истифода дода шуд.
Барои оммавигардонии варзиш бисёр корҳои назаррас амалӣ гардид. Айни ҳол дар ноҳияи Муъминобод 2 ҳавзи шиноварӣ, 14 толори варзиш, мактаби варзиш, ки дар он 383 нафар варзишгарон бо 20 нафар мураббиён, аз ҷумла 13 нафар номзад ба устоди варзиш машқу тамрин мекунанд, варзишгоҳ бо зиёда аз 7000 ҷойи нишаст ва 123 майдон барои намудҳои гуногуни варзиш фаъолият дорад.
Дар ҳудуди ноҳия то имрӯз ба муносибати ҷашни муқаддаси 30 - солагии истиқлоли давлатӣ дар 340 иншооти ба нақша гирифташуда корҳои ободониву бунёдкорӣ ба анҷом расонида шудаанд.
Кишоварзони ноҳияи Муъминобод анъанаи неки гузаштагонро дар самти истифодаи оқилонаи замин, аз ҷумла боғу токзор идома дода, дар ин бахш ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳбикорону сокинони ватандӯсти ноҳия ҷиҳати ободии як гушаи диёр баҳои баланд доданд.
Таъкид гардид, ки имрӯз дар доираи сафар муассисаи навбунёди таълимӣ барои 480 нафар хонанда, корхонаи истеҳсолӣ, майдони Парчами давлатӣ ва осорхонаи мардумӣ, роҳи ҳашткилометра ва роҳи дорои аҳаммияти ҷумҳуриявии Кӯлоб - Муъминобод ба масофаи 45 километр, истироҳатгоҳи замонавӣ, ҳавзи моҳипарварӣ, боғи интенсивӣ, корхонаи парандапарварӣ ва фермаи чорводорӣ, ифтитоҳ ёфт, ки ба таъсиси садҳо ҷойи нави корӣ, боз ҳам беҳтар шудани рӯзгори мардум ва ободу зебо гардидани ин диёри афсонавӣ мусоидат мекунад.
Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми заҳматпешаву хирадсолори ноҳияи Муъминобод бо фаъолияти пурсамари хеш барои боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани маҳбубамон, таҳкими дастовардҳои истиқлол, ҳифзи сулҳу суботи кишварамон ва таҳкими ваҳдати миллӣ дар оянда низ ҳиссаи ватандӯстонаи худро мегузоранд.
Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид, ки он таҷассумгари дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар буд.
http://president.tj/