Ифтитоҳи маҷмааи сайëҳӣ дар деҳаи Меҳнатободи деҳоти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии ноҳияи Восеъ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 05 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Дигар матолиб / Хабари рӯз / Президент / Хабарҳо, Боздид 1 173
4 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Меҳнатободи деҳоти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии ноҳияи Восеъ маҷмааи бузурги хизматрасонии сайëҳӣ ва меҳмонхонаи “Сайëҳон”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Маҷмаа дар масоҳати 1,8 гектар аз тарафи соҳибкори ватанӣ Авазхон Кабиров ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда шудааст, ки дорои имконоти васеъи сайру саëҳат мебошад. Даромадгоҳи маҷмааро бо усули меъмории миллӣ боҳашамат ва зебою диққатҷалбкунанда сохтаанд. Сутунпояҳои даромадгоҳ, ки 22 адад мебошад, мунаққаш оро ëфтааст.
Дар ҳудуди маҷмаа фаввора, ду ҳавзи шиноварӣ ва як шаршара бунёд намудаанд. Фаввора дар масоҳати 150 метри мураббаъ сохта шуда, баландиаш 7 метрро ташкил медиҳад ва бо санъати баланди ҳайкалатарошӣ оро ëфтааст. Дар ҳар қабати фаввора бо маҳорати нотакрори ҳунармандӣ ҳайкалчаи паррандаҳои нодир ва пайкараи одамон дар даст созҳои мусиқӣ, инчунин ашёи рӯзгор гузоштаанд, ки бозгӯи давраҳои гуногуни таърих мебошад. Ҳамин гуна пайкараи одамон бо сару либоси миллӣ, ҳайкалчаи ҳайвону паррандаҳои нодири куҳистони мамлакат ва хонагӣ дар дигар гӯшаҳои маҷмаа низ гузошта шудааст, ки шумораашон ба беш аз 20 адад мерад.
Баландии шаршара дар тарафи чапи маҷмаа 18 метр ва паҳноиаш 7 метрро ташкил медиҳад. Дар қисми болоии шаршара барои қабули меҳмонони воломақом суҳбаткада бо 15 ҷойи нишаст ташкил гардида, дар он имконияти хуби тамошои манзараҳои зебои мавзеъ фароҳам мебошад.
Силсилаи тасвироти фаввора, шаршара, дар маҷмуъ ҳудуди маҷмаа таърихи пурифтихори милати тоҷик ва табиати бою рангини сарзамини биҳиштосои Тоҷикистонро таҷассум мекунад.
Меҳмонхонаи “Сайëҳон” дар ин маҷмааи замонавии хизматрасонӣ аз 4 ошëна иборат мебошад. Намои берунаи иншоот бо санъати кандакорӣ ва наққошӣ оро дода шуда, дорои тарҳи ҷолиб аст. Сатҳи хизматрасонӣ дар меҳмонхона ба стандарти байналмилалӣ мутобиқат мекунад. Дар деворҳои дохили бино рӯзгору зиндагонии тоҷикон дар давраҳои гуногун тасвир ëфтааст.
Меҳмонхонаи “Сайëҳон” иборат аз 42 ҳуҷра буда, ҳар кадоми он дорои шароити мусоиди зисту зиндагонӣ мебошад ва имкон аст дар як вақт ба 150 нафар хизмат расонида шавад. Ҳамаи ҳуҷраҳои меҳмонхона бо ҷиҳози зарурӣ, аз қабили рахти хоб, ҷевон, телевизорҳои замонавӣ ва ғайра таъмин мебошад.
Меҳмонхона дорои 2 тарабхона-тобистона бо 350 ва зимистона бо 200 ҷойи нишаст, қаҳвахона барои 60 нафар, ду ҳаммоми замонавӣ-занона ва мардона барои 40 нафар, ҳавзи шиноварӣ ва дигар ҳуҷраҳои ëрирасон аст. Дар ҳар як ҳуҷра низ ҳаммом ва ошхонаи алоҳида, инчунин ҷой барои фароғати меҳмонон ташкил гардидааст. Дар иншоот толори маҷлис бо 80 ҷойи нишаст низ вуҷуд дорад, ки дар он имкон аст, вохуриву чорабиниҳои гуногун доир гардад.
Дар наздикии меҳмонхона ҳавзи моҳӣ бо дарозии 170 ва паҳноии 20 метр ва гармхонаи намоишӣ дар масоҳати 22 садяк бунëд намудаанд. Ҳоло дар ҳавз 10 тонна моҳӣ парвариш меёбад.
Дар атрофи ҳавз 5 суҳбаткада сохта шуда, барои сайёҳон шароити мусоиди гирифтан ва пухтани моҳӣ ташкил гардидааст. Дар маҷмуъ шумораи суҳбаткадаҳои ҳудуди маҷмааи замонавии хизматрасонӣ 25 адад мебошад. Дар гулгаштҳо ҳамчуни 30 нишасткурсӣ гузошта шудааст. Дар шафати ҳавзи моҳӣ гӯшаи паррандаҳои нодири куҳистони Тоҷикистон ва хонагӣ, инчунин заргуш бо 14 қафас сохта шудааст. Дарозии гӯшаи мазкур 170 метр ва паҳноиаш 25 метрро ташкил медиҳад. Ҳоло дар ин гӯша 14 намуд парранда ба миқдори умумии 500 сар ва ду намуд заргуш ба миқдори 60 сар парвариш меёбад.
Дар гармхонаи махсусгардонидашуда ҳам имконияти хуби гашту гузор барои сайёҳони дохилию хориҷӣ мавҷуд мебошад. Дар дохили гармхона дарахтони субтропикӣ, аз қабили лимон, афлесун, мандарин, кивӣ, меваҳои грекӣ ва ҳамчунин ангур шинонида шудааст. Ҳавзи моҳӣ, гармхона, инчунин гӯшаи паррандаҳо ва заргушро дар дохили маҷмаа махсус барои фароғати сайёҳон бунёд намудаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки бунёд гардидани чунин иншооти муосир ва дар он ҷорӣ намудани сатҳи баланди хизматрасонӣ рушди соҳаи сайёҳиро таъмин менамояд ва дар заминаи таъсис ёфтани ҷойҳои нави корӣ сатҳи зиндагии аҳолӣ боло меравад.
Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани чунин як маҷмааи калони хизматрасонӣ дар ноҳияи Восеъ 150 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуд. Дар вақти сохтмон, ки 3 сол идома ëфт, аз 100 то 200 нафар ба корҳои муваққатӣ ҷалб шудаанд.
Дар ҳудуди маҷмаа беш аз 1500 бех ниҳоли дарахтони ороишӣ, 300 бех мевадиҳанда, зиëда аз 1000 бутагул ва ба миқдори зиëд гулҳои ҳаррангаи мавсимӣ шинонида шудааст. Деворҳои иҳотавии маҷмааро, ки 1000 метри мураббаъро ташкил медиҳад, бо тасвири манзараҳои табиати зебои Ватан оро додаанд. Дар атрофи маҷмаа 20 гектар боғи мевадиҳанда мавҷуд мебошад, ки 6 километр роҳҳои дохили он асфалтпӯш карда шудааст. Барои тамошои сайёҳон аз маҷмаа ва боғҳои мевадиҳандаи атроф 10 мошини электромобилӣ вуҷуд дорад.
Беруни ҳудуди маҷмааро низ соҳибкорон дигаргун сохта бо шинонидани 500 бех ниҳоли дарахтони гуногуни ороишӣ, 1000 бех бутагул ва 3000 дона гулҳои мавсимии рангоранг зебову диққатҷалбкунанда намудааст.
Соҳибкори ватанӣ дар пайравӣ ба сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат ба масофаи 2 километр роҳи деҳаро то маркази деҳот мумфарш ва пурра чароғон намудааст. Ҳудуди маҷмаа низ дар шаб пурра чароғон мебошад, ки таваҷҷуҳи ҳар як бинанда ба он ҷалб мегардад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми созандаи соҳибкорро ба хотири истиқболи сазовор аз ҷашни муқаддаси миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва саҳм гузоштан дар татбиқи ҳадафи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” шоистаи таҳсин ва намунаи ибрат ҳисобида, масъулини ноҳияро ба истифодаи самараноки имконоти мавҷуда ҳидоят намуданд.
president.tj