Ифтитоҳи бинои Маркази хизматрасонию истеҳсолӣ ва супоридани туҳфа ба ятимони кулл
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 02 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 1 414
2 октябр дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Фархори вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ориёни деҳоти Фархор Коргоҳи истеҳсолиро ба истифода доданд.
Зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамовардашуда дар иншооти нав, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ин Коргоҳи истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ дар доираи нақша-чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст.
Дар ошёнаи якуми бино ошхона, мағозаи фурӯши либос ва дар ду ошёнаи болоӣ коргоҳи дӯзандагӣ бунёд шуда, бо беш аз 80 мошинаи дарздӯзӣ муҷаҳҳаз мебошад. Дар ин коргоҳ асосан сару либоси низомӣ, рахти хоби сарбозон ва либоси ягонаи мактабӣ дӯхта мешавад.
То анҷоми сохтмони коргоҳи истеҳсолӣ занону ҷавондухтарони маҳаллӣ ба курсҳои кӯтоҳмуддат ҷалб гардида, соҳиби шаҳодатнома шуда буданд, вале то ин дам дар хонаҳояшон фаъолият мекарданд. Акнун бо мавриди истифода қарор гирифтани коргоҳ дар шароити беҳтару хубтар корро идома хоҳанд дод.
Масъулин нақша доранд, ки дар оянда дар коргоҳ истеҳсоли кулоҳ барои сарбозон ва сару либоси табибонро низ ба роҳ монанд.
Иншоот аз ҷониби Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ шуда, пудратчии сохтмон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “КОР ВОҒ” мебошад.
Лоиҳаи бинои Коргоҳи истеҳсолӣ аз ҷониби ташкилоти лоиҳакашии Корхонаи фаръии давлатии “Лоиҳакаш”-и ноҳияи Фархор бо усули муосири меъморӣ иборат аз 3 ошёна бо таҳхона таҳия шудааст. Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2019 шурӯъ шуда буданд.
Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Коргоҳи истеҳсолӣ 150 нафар сокини маҳаллӣ, аз ҷумла, занону ҷавондухтарони хонанишин бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Дар таҳхонаи коргоҳи истеҳсолӣ сардхона бунёд гардидааст. Масоҳати сардхона беш аз 500 метри мураббаъро ташкил дода, дар он имкони нигоҳ доштани 300 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ва 50 тонна маҳсулоти гӯштӣ вуҷуд дорад. Тибқи иттилои масъулин, маҳсулоти сардхона барои таъминоти сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҳудуди ноҳияи Фархор нигоҳ дошта мешавад.
Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 43 нафар ятими кулл аз ноҳияҳои Фархор ва Шамсиддини Шоҳин мулоқот намуда, ба онҳо туҳфаҳо тақдим карданд.
Туҳфаҳои Сарвари давлат аз кумакпулӣ, сару либос ва ғайра иборат буд. Ҳамчунин дар ин рӯз ба хотири шодию нишоти ятимон хони пурнозу неъмати идона ороста шуд.
Дар оғози суҳбат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯдакону наврасони бо амри тақдир ятиммондаро ба муносибати ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба онҳо сиҳативу саодатмандӣ ва хониши хубу аъло таманно карданд.
Зикр шуд, ки роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, пайваста онҳоро дастгирӣ мекунанд. Махсусан барои таҳсил ва фаъолияти онҳо ба таври ҳамешагӣ тадбирандешиҳо сурат мегиранд. Маҳз дар натиҷаи таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат ин табақаи аҳолӣ аз имтиёзҳои зиёд бархӯрдор гашта, тибқи квотаҳои Президентӣ ва дигар имтиёзҳо дар муассисаҳои олии таълимии кишвар таҳсилро идома медиҳанд. Аз ҷумла, шумораи умумии ятимони то 18-сола дар ноҳияи Фархор 35 нафарро ташкил мекунанд.
Кӯдакону наврасон дар навбати худ иброз доштанд, ки дастгириҳои доимии Пешвои муаззами миллатро ҳамеша эҳсос мекунанд ва худро ҳеҷ гоҳ танҳову бекас намешуморанд. Дар ҷавоб ба ин ҳама ғамхориҳои давлату Ҳукумати кишвар, онҳо ваъда доданд, ки таҳсилро бо баҳои хубу аъло идома медиҳанд ва дар оянда дар рушду пешрафт ва шукуфоии бештари ватани маҳбуб нақшгузор хоҳанд буд.
http://president.tj/