Ифтитоҳи Муассисаи таълимии рақами 42-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 01 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 956
1 октябр дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 42-и ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.
Мактаби нави деҳаи Навободи деҳоти Меҳнатободи ноҳия бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Бонки исломии рушд бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи 3 миллиону 500 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.
Иншооти мазкур аз 2 ошёна, 13 синфхона, 2 ҳуҷраи корӣ ва китобхона иборат буда дар он 528 нафар хонанда дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.
Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 42 аз шароити синфхонаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, омӯзиши технологияи компютерӣ, китобхона ва кабинетҳои фаннӣ дидан намуданд.
Синфхонаи омӯзиши технологияи компютерии ин муассисаи таълимӣ бо 24 адад компютери муосиру тахтаи электронӣ, кабинетҳои фанни химия, биология, физика ва китобхонаи мактаб пурра бо лавозимоти зарурӣ ва аёниятҳои хониш ҷиҳозонида шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ дар бинои нави муассисаи таълимӣ ва таъмини он бо шароити замонавии донишандӯзӣ баҳои баланд дода, хонандагонро ба омӯзиши ҳарчи бештари барномаи таълимӣ, аз ҷумла фанҳои дақиқ, ширкат дар озмунҳои фаннӣ, мутолиаи китобу асарҳои бадеӣ иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ - китоб аст” ва “Илм - фурӯғи маърифат” ҳидоят намуданд.
Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 42-и деҳаи Навободи деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ айни замон 485 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Барои беҳтар намудани шароити таълиму тарбия дар асоси татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Президенти мамлакат дар баробари бунёди муассисаи нави таълимӣ бинои пештараи мактаби рақами 42, иборат аз 11 синфхона пурра аз таъмири асосӣ бароварда шудааст.
Бинои нави муассисаи таълимӣ бо шабакаи мустақили гармидиҳӣ пайваст буда, дар шафати он майдончаи хурди варзишӣ барои ташкили машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифоъи ҳарбӣ бунёд гардидааст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ барои рушди соҳаи маориф ва беҳдошти сатҳи таълим, таъмини ҷойҳои нишасти хонандагон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 20 муассисаи нави таълимӣ сохта мавриди истифода қарор дода шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзгорон ва аҳли маорифи ноҳияро вазифадор намуданд, ки ба кори таълиму тарбия таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда, хонандагонро дар руҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ ба камол расонанд.
http://president.tj/