Ташрифи Президенти Ҷумҳурии исломии Эрон ба шаҳри Кӯлоб
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 20 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Сиёсат / Хабарҳо, Боздид 1 232
Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Иброҳим Сайид Раисӣ пас аз ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай бо ҳайати ҳамроҳонаш нимаи дуюми рӯз ба шаҳри Кӯлоб ташриф овард.
Бино ба иттилои шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ӯро дар фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурӣ, раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон, раиси шаҳри Кӯлоб Вализода Абдуқодир ва дигар намояндагони ҳукумати маҳаллӣ ботантана пешвоз гирифтанд.
Сипас, гурӯҳи меҳмонон бо ҳайати ҳамроҳонаш оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд. Баъдан, аз осорхонаи назди оромгоҳ ва аз намоиши тетрикунонидашудаи кормандони Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Саидалӣ Вализода дидан намуданд.
Дар саҳни оромгоҳ вохӯрӣ бо устодону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ сурат гирифт. Раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон Президенти Ҷумҳурии Исломии Эронро хайрамақдам гуфта, риштаи суханро ба ӯ дод. Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар нутқи худ оид ба густариши ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Эронро бисёрҷабҳа хонда, қайд намуд, ки миллати эрону тоҷик ҳамзабону ҳамдину ҳамдиланд. Минбаъд равобити Тоҷикистону Эрон бештар густариш хоҳад ёфт.
Ф. ДАВЛАТ,
"ХАТЛОН"