Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Қ. Ҳакимзода: “Кишоварзони вилоят дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми босазо доранд”


Қ. Ҳакимзода: “Кишоварзони вилоят дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми босазо доранд”



Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода, ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои рушди хоҷагии халқи вилоят дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини якум ва муовинони раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва дигар фаъолони шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд.

Нахуст, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҳамаи фаъолон, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи вилоят, ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, минтақавӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорон ва шахсони саховатманди вилоят, ки барои дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ доир гардидани чорабиниҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузорӣ намудаанд, миннатдории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро изҳор намуда, афзуд, ки ин рӯзи муборак дар саҳифаҳои таърихи навини Ватанамон бо хатти заррин сабт шуда, барои мардуми куҳанбунёду тамаддунсози мо санаи барқарор гардидани адолати таърихӣ, яъне соҳиби давлати мустақил гардидани миллати тоҷик ва дар арсаи байналмилалӣ парафшон шудани Парчами давлатии тоҷикон мебошад.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар идома оид ба нишондиҳандаҳои тараққиёти иқтисодию иҷтимоии вилоят дар ҳашт моҳи соли равон сухан карда, зикр намуд, ки дар натиҷаи амалӣ гардидани тадбирҳои зарурӣ дар доираи ҳадафу афзалиятҳо ва супоришҳои Ҳукумати кишвар, сарфи назар аз таъсири омилҳои беруна вобаста ба пандемияи коронавирус ва коҳишёбии суръати рушди соҳаҳои осебпазир, дар маҷмӯъ, устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар моҳҳои январ - августи соли ҷорӣ таъмин гардида, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ, гардиши савдои дохилӣ, хизматрасонии пулакӣ, боркашонӣ ва мусофиркашонӣ, инчунин гардиши савдои хориҷӣ ба назар расид. Қайд гардид, ки дар 8 моҳи соли 2021-ум барои таъмини нақша ва ғанигардонии қисми даромади буҷет тадбирҳои саривақтӣ андешида, нақшаи қисми даромади буҷети вилоят бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 105,6 фоиз таъмин карда шуд.

Дар идомаи ҷаласаи ҷамъбастӣ Салимзода Амонулло, муовини якуми раиси вилоят, оид ба самти кишоварзӣ ва ҷамъоварии пахта, Файзуллозода Заробиддин, муовини раиси вилоят, оид ба фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва омодагӣ ба давраи зимистони дарпешистода ҳисобот доданд.

- Соҳаи кишоварзӣ, дар иқтисодиёти вилоят яке аз самтҳои афзалиятноку калидӣ ба ҳисоб рафта, кишоварзони вилоят дар миқёси ҷумҳурӣ ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру ба содирот пешбинишуда ва таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми босазо доранд. Давоми ҳашт моҳи соли 2021 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 12,1 миллиард сомониро ташкил дода, дар муқоиса нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба 106,1 фоиз баробар гардид. Афзоиши маҷмӯи умумии маҳсулот дар соҳаи растанипарварӣ 106,2 % ва чорводорӣ 105,4 % таъмин карда шуд, - зикр намуд муовини якуми раиси вилоят.

Иттилоъ дода шуд, ки давоми ҳашт моҳи соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят 688,5 ҳазор тонна ғалладонагиҳо, 15,2 ҳазор тонна пахта, наздик ба 1,1 миллион тонна сабзавот, 208,6 ҳазор тонна картошка, 454,1 ҳазор тонна полезӣ, 155,7 ҳазор тонна меваҷот, 79,5 ҳазор тонна ангур, 491 ҳазор тонна хӯроки чорво, 72,5 ҳазор тонна гӯшт, 219 ҳазор миллион тонна шир, 59,9 миллион дона тухм, 3,7 ҳазор тонна пашм, 531 тонна асал ва 582 тонна моҳӣ истеҳсол гардидааст.

Дар ҷаласа, инчунин иттилоъ дода шуд, ки саноатчиёни вилоят дар давоми 8 моҳи соли равон ба маблағи 5,8 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда, ҳаҷми истеҳсолро дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 715 миллиону 155,4 ҳазор сомонӣ зиёд ва суръати афзоишро 14 фоиз таъмин карданд.

Зикр гардид, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои ободонию созандагӣ бомаром идома ёфта, моҳ ба моҳ теъдоди иншооти ҷашнӣ рӯ ба афзоиш дорад.

Дар вилоят аз 7667 бинову иншооти ба нақша гирифташуда ба ҳолати 1 сентябри соли 2021-ум 7987 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд, ки ин шумора 104,1 фоизро ташкил медиҳад.

Дар фароварди ҷаласаи ҷамъбастӣ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода оид ба беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта ва ворид намудани пахтаи чидашуда ба корхонаҳои пахтақабулкунӣ, эмин нигоҳ доштани пахта аз сӯхтор, захира намудани ангишт ба давраи зимистон, ҷамъоварии саривақтии андоз, захира намудани маҳсулот барои зимистони имсола дар сардхонаҳо, ворид ва захира намудани ваксина барои пешгирии бемории COVID-19 ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ф. Бобоев,
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода