Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Хатлон. Иштироки беш аз 50 ҳазор нафар дар парадҳои ҳарбӣ


Хатлон. Иштироки беш аз 50 ҳазор нафар дар парадҳои ҳарбӣ


 
Субҳи имрӯз, 7 сентябр, чун дар пойтахти мамлакат ва вилоятҳои дигари Тоҷикистон, дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар низ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода паради ҳарбӣ доир гардид.

Дар майдони марказии шаҳр ҳайати шахсии сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, қисмҳои ҳарбии гарнизони Хатлон ва захираҳои сафарбарӣ саф ороста, таҳти оҳанги оркестри нафасӣ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба майдон ворид гардид.
Пас аз иҷрои Суруди миллӣ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҳамаи иштирокчиёни паради ҳарбиро ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ самимона шодбош гуфт. Раиси вилоят зимни суханронии худ қайд кард, ки маҳз бо талошу кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои муаззами миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон артиши миллӣ ба як неруи пуриқтидори давлатӣ ва сипари боэътимод табдил ёфта, шароити муносиб барои афсарону сарбозон таъмин гардидааст.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳайати шахсии сохторҳои низомӣ анъанаҳои хуби ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳро бо интизоми қавӣ, донишу малакаи муосир, истифодаи моҳиронаи техникаву технологияҳои муосири ҳарбӣ, рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба касби бошарафу муқаддаси худ - ҳимояи Ватани маҳбубамон, ҳифзу таъмини зиндагии осоишта ва заҳмати созандаи халқи хешро сарбаландона идома мебахшанд.

- Вазъи мураккаби минтақа моро ҳушдор медиҳад, ки баҳри ҳимояи Истиқлолият, устувории иқтисодиёт, суботи сиёсӣ, низоми қонунияту давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ ва амнияти давлат ҳамаҷониба омода бошем, - идома дод раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода. - Ҳимояи амнияти давлат ва ҳифзи оромии ҷомеа барои мо вазифаи муқаддастарин, муҳимтарин ва афзалиятноктарин буда, тавре ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид медоранд, мо ин корро бо кадом қимате, ки бошад, анҷом медиҳем!

Сипас, бо амри фармондеҳи парад гузашти гузашти низомии беш аз 10 ҳазор нафар ҳайати шахсии сохторҳои қудратӣ, ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо ва захираҳои сафарбарии шаҳру ноҳияҳои вилоят доир шуд. 

Имрӯз ҳамчунин дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо ҷалби қисму воҳидҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳ, ҷузъу томҳои сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳайати захираҳои сафарбарӣ парадҳои ҳарбӣ доир шуд, ки маҷмӯан шумораи онҳо зиёда аз 53 ҳазор нафарро ташкил дод.

Гузашти техникаҳои ҳарбии ҷузъу томҳои сохторҳои қудратӣ дар вилоят низ ҷузъи хотирмону дидании паради ҳарбии имрӯза буд.
Гузашти низомӣ дар фазои тантанавӣ сурат гирифта, бори дигар собит намуд, ки ҳар пораи хоки Тоҷикистони маҳбубамон барои афсарону сарбозон, мардуми шарафманди диёри арҷмандамон азизу муқаддас мебошад ва на танҳо низомиён, балки ҳар як фарди бонангу номус ҳифз кардани онро барои худ қарзи фарзандӣ ва шарафи бузург меҳисобад.

Носирҷон Маъмурзода,
"Хатлон"

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода