Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд


Ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд



Даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Маданияти андозсупорӣ – баҳои бофарҳангии ҷомеа” бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ баргузор гардид.

Дар даври вилоятии озмун ғолибони даври шаҳриву ноҳиявӣ аз рӯйи номинатсияи “Расми беҳтарин” таҳти унвони “Андоз аз нигоҳи наврасон” иштирок намуда, маҳсули дастранҷашонро пешкаши ҳакамон карданд.

Фирӯза Шарифӣ изҳор дошт, ки бо мақсади тарғиби қонунгузории соҳаи андоз озмуни мазкур бо иқдоми Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардидааст.

Дар раванди озмун ҳар як хонанда дар бораи расмҳои тасвирнамудаашон маълумот дода, мафҳуми супоридани андоз, сарчашмаҳои андоз, андоз – пояи давлат, хароҷоти андозҳои ба буҷет воридшуда, мақсади хароҷот ва дигар мафҳумҳоро дар расмҳо инъикос ва маънидод намуданд.

Ҳайати ҳакамон расми тасвирнамудаи 75 нафар ғолибони даври шаҳриву ноҳиявиро аз назар гузаронида, тибқи натиҷаи холгузорӣ онҳоро баҳогузорӣ карданд. Ҳамзамон, дар озмун аз рӯйи номинатсияи “Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” миёни донишҷӯёни таҳсилоти ибтидоӣ, миёна, ва олии касбӣ, соҳибкорон ва шаҳрвандон гузаронида шуд, ки дар он тариқи саволу ҷавоб донишу маҳорати ғолибони даври аввал мавриди санҷиш ва баҳогузорӣ қарор гирифт.

Дар охир, 9 нафар аз рӯйи номинатсияи аввал ва 9 нафар аз рӯи номинатсияи дуюм ғолиби ҷойи якум, дуюм ва сеюм (се нафарӣ аз ҳар як ҷой) гардиданд, ки онҳо бо Ифтихорномаи Раёсати андози вилояти Хатлон, туҳфаҳои молӣ ва роҳхат қадрдонӣ гардида, ба даври ҷумҳуриявии озмуни «Маданияти андозсупорӣ – баҳои бофарҳангии ҷомеа» роҳхат гирифтанд.

С. АЗИЗЗОДА

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода